Аз 19-ум то 21-уми декабр дар манотиқи ҷанубу марказии вилояти Хатлон, шаҳру навоҳии тобеи марказ ва шаҳри Душанбе вазъи ҳаво номусоид гардида, чангу ғубор мешавад, хабар медиҳанд обуҳавошиносони Тоҷикистон.
Ба иттилои Кумита ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон (КҲФ), чангбоде, ки аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ба мамлакат ворид мегардад, ба баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера аз моддаҳои муаллақ, заррачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10) ва 2,5мкр (Рм-2,5) оварда мерасонад.
Дар робита ба ин, КҲФ ба аҳолӣ тавсияҳо додааст, ки ин пеш аз ҳама ба шахсони гирифтори бемориҳои дилу раг, диабети қанд, диққи нафаси бронхиалӣ рабт дорад.
Тавсияҳои КҲФ
Ин ниҳод тавсия медиҳад, ки чунин шахсон зуд-зуд ҳавои хонаро тоза ва саломатии худро эмин нигоҳ доранд.
Ҳамзамон, КҲФ ба аҳолӣ тавсия медиҳад, ки дар чунин ҳаво пӯшидани ниқобҳои тиббиро фаромӯш насозанд.
“Шахсони гирифтори бемориҳои музмини роҳҳои нафаскашӣ ва намудҳои гуногуни аллергия берун аз биноҳои истиқоматӣ бояд камтар гарданд. Ҳамзамон дар чунин вазъи ҳаво ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки хонаи истиқоматӣ ва утоқҳои кории хешро тоза нигоҳ доранд”, - тавсия додааст КҲФ.
Ин ниҳод ҳамчунин, ба эҳтимоли рух додани ҳодисаҳои нохуш тавсияҳои иловагӣ додааст:
1. Бештар оби тоза бинӯшед. Дар як шабонарӯз на камтар аз 2-2,5 литр, аз он то 0,5 литр оби маъданӣ.
2. То ҳадди имкон тирезаҳоро пӯшед. Агар шумо аз ҳавотозакун истифода кунед, пас бояд ба назар гиред, ки вазъи бадтари ҳаво дар субҳи барвақт аст, вақте ки тамоми чангу ғубори хатарнок дар қабати замин ҷамъ шудааст. Наздики нисфирӯзӣ сатҳи замин гарм мешавад ва дар зери таъсири ҷараёни баландшавии ҳаво чангу ғубор ба боло мебарояд. Илова бар ин, шумо метавонед тирезаҳои кушодро бо тӯр ё дока пӯшонед.
3. Тавсия дода мешавад, ки дар хона тамизкории тар анҷом дода, кӯшиш кунед, ки ҳавои хонаро намнок кунед, то луобпардаи бинӣ хушк нашавад. Махсусан бинӣ ва даҳонро бештар шӯед.
4. Дар ин давра ба хотири ҷилавгирӣ аз мушкилоти чашм пизишкон пӯшидани линзаҳои контактиро тавсия намедиҳанд. Илова бар ин, агар чашмҳо аз ҷузъҳои чанг зарар бинанд, онҳоро бо доруҳо, аз қабили қатраҳои сунъӣ ё табиӣ шустан лозим аст.
КҲФ гуфтааст, дар сурати рух додани ҳолати фавқулодда бо рақами 112 ё маркази тамоси КҲФ бо телефонҳои 223-13-11, 93 880 28 19 тамос гиранд.
Ин дуввумин тӯфони зимистони имсола хоҳад буд.
Дар моҳи равон ин аввалин тӯфони чангу ғубор дар кишвар нест. Он рӯзи 8-уми декабр дар минтақаҳои ҷанубӣ ва марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва Душанберо фаро гирифта буд.
Дар се даҳаи ахир теъдоди тӯфонҳои қуму чанг дар Тоҷикистон беш аз 10 маротиба афзоиш ёфтааст, зикр мешавад дар як пажӯҳиши ахири гурӯҳҳои миллии коршиносон дар Осиёи Марказӣ.
Дар минтақа, аз ҷумла дар Тоҷикистон, афзоиши назарраси рӯзҳои тӯфони чангу ғубор мушоҳида шудааст. Агар дар ибтидои солҳои 90-ум ҳамагӣ 2-3 ҳолати тӯфони қуму чанг ба қайд гирифта шуда бошад, дар айни замон чунин падидаҳо дар як сол зиёда аз 35 маротиба ба қайд гирифта мешаванд.
Ба гуфтаи коршиносон, дар Тоҷикистон 4,1 дарсади тамоми қаламрави кишварро минтақаи хатарнок ташкил медиҳад, ки беш аз 560 ҳазор гектар заминро ташкил медиҳад.
Нацбанк предупредил таджикистанцев о фальшивых и «шуточных» сомони
Первые признаки подростковой анорексии. Как понять, что твой ребенок болен и к каким врачам идти?
Таджикистан присоединится к Международному союзу охраны природы
«Умная и жесткая». Кэролайн Ливитт станет самым молодым пресс-секретарем президента в истории США
Детей мигрантов, получающих гражданство России, обяжут приносить присягу с 14 лет
XVI сессия Верховного Совета: первые непростые шаги Таджикистана к независимости
Едят насекомых и с рождения владеют кунг-фу: топ-5 самых популярных стереотипов о жителях Китая
В Абхазии протестующие против соглашения с Россией потребовали отставки президента непризнанной республики
Высокая нагрузка в школе и мало поддержки в семье. В ВОЗ обратили внимание на трудности подростков в ЦА
«Мигрант Медиа»: В Душанбе задержали граждан Туркменистана с поддельными паспортами
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста