Вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфтааст, ки истифодаи телефон ва планшет дар мактабҳо иҷозат дода намешавад, зеро барои таъмини макотиби кишвар бо китоби зарурӣ маблағи кофӣ пайдо кардаанд. Муаллимону волидон чӣ назар доранд?
Қаблан, рӯзи 1-уми августи соли 2023 дар нишасти матбуотии вазорати маориф ва илм Раҳим Саидзода иттилоъ дода буд, ки ниҳоди зери тобеъаш лоиҳаи наверо омода мекунанд, ки баъди қабули он истифодаи планшетҳо ва дигар воситаҳои техникӣ барои хонандагон иҷоза дода мешавад.
“Дар чорчӯби татбиқи лоиҳаи мазкур ба Қонуни ҶТ “Дар бораи маориф” тағйирот ворид мешавад. Мутобиқи тағйирот ба қонун, хонандагон метавонанд ҳангоми дар муассисаи таълимӣ будан аз воситаҳои техникӣ васеъ истифода баранд”, - гуфта буд вазири маориф.
Ҳамакнун, пас аз шаш моҳ, Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми кишвар дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Омӯзгор” зикр кардааст, ки “истифодаи планшету телефони мобилӣ бо ҳадафҳои таълимӣ буд, на бештар аз ин”.
“...бо фароҳам омадани имконоти мусоид ва дарёфти сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ Вазорати маориф ва илм тавонист бо чопи муназзами китобҳо муассисаҳои таълимиро қариб пурра бо китоби дарсӣ таъмин намояд. Бинобар ин, лоиҳаи мазкур вобаста ба истифодаи телефону планшетҳои таълимӣ дар раванди дарс татбиқ намегардад”, - шарҳ додааст Раҳим Саидзода.
Назарҳои духӯраи омӯзгорону волидон
Суханони вазир дар нишасти матбуотӣ оид ба иҷозаи истифодаи телефону планшет дар мактаб, миёни ҷомеа назарҳои зиддунақизро ба миён овард. Иддае таъкид карданд, ки иҷозаи истифодаи телефону планшет хонандагонро рӯ ба телефонбозӣ меорад ва кори омӯзгорон боз ҳам душвортар мешавад. Гурӯҳе ин иқдомро ҷонибдорӣ карданд.
Фарҳод Калимуллоев, як омӯзгори тоҷик бар ин назар аст, ки “то ба ҳол хонандагони мо истифодаи дурусту самараноки телефонҳои мобилиро намефаҳманд ва агар ин лоиҳа татбиқ мешуд, кори омӯзгоронро боз ҳам сангинтар мекард”.
Аммо Лола Ҷалол, як ҳамсуҳбати мо, ки фарзандаш дар синфи 5-ум таҳсил мекунад, мегӯяд, “вазорати маориф ва илм ҳадди аққал истифодаи телефони мобилиро берун аз соати дарсӣ ба хонандагон иҷоза медод, беҳтар мешуд”.
“Фарзанди ман хурд аст, мактаб аз хона хеле дуртар аст, то замоне ӯ аз мактаб ба хона мерасад, ман хавотир мешавам. Аз ин рӯ, омӯзгорон метавонанд телефонҳои мобилии хонандагонро баъди ворид шудан ба муассисаи таълимӣ бигаранд ва баъди тамом шудани соати дарсӣ ба онҳо диҳанд”, - мегӯяд Лола Ҷалол.
Бояд гуфт, ки сар аз соли 2007 бо фармони вазири маориф ва илми кишвар бо телефони мобилӣ ба мактаб омадани хонандагон ва истифодаи он дар дохили мактабҳо манъ карда шуд.
Аммо ин фармони вазир ба таври бояду шояд амалӣ нагардид ва моҳи марти соли 2009 вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон лоиҳаи ворид намудани тағйироту илова ба Қонунҳои ҶТ “Дар бораи маориф”-ро тасдиқ карданд, ки тибқи муқаррароти он, истифодаи телефонҳои мобилӣ дар муассисаҳои таълимӣ қонунан мамнӯъ эълон шуд.
Афиша от «Азия-Плюс»: «Анор-Крафт-Маркет», акустический вечер и концерт французского пианиста
Лучший вуз Таджикистана занимает лишь 561-е место в Азии
Иногда это «крик о помощи». Как понять, что ваш ребенок попал в «группу смерти»?
Число лиц без гражданства в Центральной Азии сократилось в 7 раз
В Бохтаре открыли Центр профессионального обучения и спичечный завод
В Казахстане спасли пассажиров автобуса, который направлялся в Таджикистан
Путин заявил о приоритете интересов россиян в вопросе привлечения мигрантов
Байден пообещал мирно передать власть Трампу
В Таджикистане функционирует передвижная милиция. Узнали, как она работает
Таджикистан теряет позиции в рейтинге АФК и места в Лиге чемпионов Азии-2
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста