Дар Русия ба баррасии қоидаҳои нави вуруд барои оилаҳои муҳоҷироне, ки бо кор таъмин нестанд, оғоз карданд.
Тавре ки шабакаи Telegram-и Baza хабар медиҳад, мувофиқи ин қонун, инчунин кӯдакони муҳоҷиронро ба мактабҳо пас аз имтиҳони заминавӣ аз забони русӣ қабул карданӣ ҳастанд ва барои қабул кардани хориҷиён ба кор низоми ягонаи «киро (ҷалб)-и идорашаванда»-ро истифода мебаранд.
Ба иттилои ин манбаъ, Шӯрои амнияти Русия ба Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти дахлдор супориш дод, ки ин масъаларо омӯхта, барои қонуни нави муҳоҷирон пешниҳодҳо манзур созанд.
Ёдрас мекунем, ки Лоиҳаи федералӣ дар бораи “ҷалби идорашаванда”-и муҳоҷирон ба фарзияи кории лоиҳаи миллии “Кадрҳо” дохил шуд.
Мувофиқи он, як қатор расмиёти муайян, аз қабили муоинаи тиббӣ, гирифтани изи ангуштон (дактилоскопия) ва санҷиши донистани забони русӣ метавонанд дар берун аз ҳудуди Русия гузаронида шаванд, то ки ба кишвар корманди алллакай санҷидашуда ворид шавад.
Ғайр аз ин, васеъ намудани рӯйхати кишварҳое, ки аз онҳо муҳоҷирони корӣ меоянд ва вобаста кардани онҳо ба корфармоён ба нақша гирифта шудааст. Муҳоҷиронро тариқи “оператори ягона” даъват мекунанд.
Ба иттилои нашрияи Baza, ҳамчунин лоиҳаи қонун дар бораи санҷиши дониши забони русии кӯдакони шаҳрвандони хориҷӣ пеш аз дохил шудан ба муассисаҳои таълимӣ аллакай ба Думаи давлатӣ пешниҳод шудааст. Дар шарҳи он зикр шудааст, ки барои таҳсил дар мактаб хонанда бояд забони русиро озодона дониста, бо он муошират карда тавонад ва барномаи таълимиро азхуд намояд.
Baza менависад, кор рӯйи лоиҳаи нави қонун дар бораи муҳоҷирон аз рӯи усул (принсип)-и «як нафар омад — як нафар рафт» анҷом дода мешавад.
«Ҳадаф дар он аст, ки агар муҳоҷир ба кишвар танҳо омада бошад, пас кишварро ҳам танҳо тарк мекунад. Принсипи «як нафар омад — як нафар рафт» бояд муқаррароти заминавии ин пешниҳод бошад», - зикр карда буд муовини раиси Думаи давлатӣ Пётр Толстой дар канали Telegram-и худ.
Мувофиқи пешгӯиҳо, бо назардошти сатҳи баланди таваллуд дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, теъдоди шаҳрвандони онҳо, ки ба Русия меоянд, дар солҳои наздик коҳиш намеёбад.
Инчунин бо назардошти аз кишварҳои ИДМ монеъаҳои маҳдудкунанда вуҷуд надоштан барои муҳоҷирати беруна, аллакай ҳозир бисёр муҳоҷирони меҳнатӣ як худашон танҳо не, балки бо оилаҳояшон меоянд.
Ин ҳолат аксари коршиносонро нигарон кардааст. Ба гуфтаи онҳо, агар муҳоҷирон ба омадан бо оилаҳояшон идома диҳанд, ин ба суботи ҷомеа таъсири манфӣ расонида, метавонад ба хатарҳои густариши низоъҳои зӯроварии маишӣ дар заминаи этникӣ ё аз он ҳам бадтар, ихтилофоти динӣ тақвият бахшад.
Қаблан коршиносони Мактаби олии иқтисод ҳисоб карданд, ки барои нигаҳдории теъдоди аҳолии Русия, дар як сол метавонад 1,1 млн нафар муҳоҷирон лозим шаванд.
Планы Нозии и Мухаммадрофеъ «петь на радость поклонникам и служить стране»
Tcell подписал меморандум с Ilmhona и Re-skill
«Мы никому не рассылали СМС»: «Почтаи точик» предупреждает о мошенниках
В Узбекистане разрешили передавать вокзалы и железнодорожные составы в частные руки
ЕБРР запускает программу «Молодежь в бизнесе» в Таджикистане
«Мама читала, я запоминала». Как Фарахбахш, несмотря на слепоту, победила в конкурсе «Книга – мудрости зари сиянье»
Как Малика Джуракулова меняет мир и борется за права таджикских женщин
На дорогах Душанбе всё чаще замечают LiXiang L9: что за автомобиль покоряет столицу?
Google Pay с Mastercard от Алифа уже доступен: оплачивайте покупки телефоном бесконтактно
«Барки точик»: Если бы не модернизация, мы могли вообще остаться без электроэнергии
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста