Қарор дар бораи ихроҷро натанҳо додгоҳ (суд), балки мақомоти пулис низ қабул карда метавонад. То замоне, ки муҳоҷири ғайриқонунӣ ҳузурдошта кишварро тарк накунад, нисбати ӯ тартиби (реҷаи) ихроҷ амал хоҳад кард, масалан, ӯ наметавонад мошин ронад ё зиёда аз 30 ҳазор рубл пули нақд гирад.
Думаи давлатии Русия бастаи иборат аз ду лоиҳаи қонунро қабул кард, ки ба ҷорисозии ихроҷи шаҳрвандони хориҷии дар қаламрави кишвар беасос ҳузурдошта равона шудааст. Дар як лоиҳаи қонун ворид намудани тағйирот ба якчанд қонунҳои федералӣ, аз ҷумла марбут ба мақоми ҳуқуқии хориҷиён ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Русия ва дар дигараш - тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пешбинӣ шудааст.
“Азия-Плюс” дар ин бора қаблан, замоне, ки қонунҳо дар марҳилаи баррасӣ қарор доштанд, мавод таҳия карда буд. Лекин акнун Думаи давлатӣ лоиҳаи қонунҳоро дар қироати дуюм ва сеюм маъқул донист.
Ин маънои онро дорад, ки қонунҳо аллакай амал мекунанд?
Ҳоло не. Онҳоро бояд Шӯрои Федератсия маъқул шуморад ва президент ба имзо расонад.
Лекин бо назардошти он, ки лоиҳаҳои қонун бо чӣ гуна тезӣ баррасӣ мешаванд, метавон ба хулоса расид, ки ин кор хеле зуд сурат мегирад.
Кӯтоҳ шарҳ додан мумкин аст, ки ин қонунҳо дар чӣ бораанд?
Муҳоҷироне, ки дигар барои дар кишвар ҳузур доштан асоси ҳуқуқӣ надоранд, бояд онро тарк кунанд. Қаблан агар муҳоҷир инро ихтиёрӣ намекард, ӯро хориҷ мекарданд, яъне пайдо мекаруданду маҷбурӣ ба ватан мефиристоданд.
Аммо ба баъзе муҳоҷирони ғайриқонунӣ муяссар мешуд, ки пинҳон шаванд ва боз солҳои зиёде дар кишвар боқӣ монанд.
Дар робита ба ин, дар Русия тасмим гирифта шуд, ки тартиби ихроҷ ҷорӣ карда шавад, яъне назорати қатъӣ мавриди амал қарор гирад, то ки муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар кишвар ҳузур надошта бошанд.
Ғайр аз ин, ин қонунҳо муҳлати будубоши муҳоҷирони ғайриқонуниро дар Русия кам мекунанд. Агар ҳозир онҳо на зиёдтар аз 90 шабонарӯз дар муддати ним сол ҳузур дошта тавонанд, акнун тибқи тағйирот муқаррар шуд, ки муҳоҷир дар муддати як сол 90 шабонарӯз ҳузур дошта метавонад.
Ман муҳоҷири қонуниям. Ин ба ман дахл дорад?
Қонун натанҳо ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ нигаронида шудааст. Ҳамчунин онҳое, ки муҳлати амали ҳуҷҷатҳояшон гузаштаву бекор мондаанд ва касоне, ки қонуншиканӣ содир кардаанд, аз кишвар ихроҷ мешаванд.
Номгӯи чунин қонуншиканиҳо нав нашуда, мисли пешин боқӣ монд. Ба он ҷиноятҳои вазнин ё махсусан вазнин, инчунин як қатор қонуншиканиҳои маъмурӣ дохил мешаванд.
Аммо дар Думаи давлатӣ аллакай пешниҳодҳои васеъ кардани рӯйхати ҷиноятҳое, ки барои он ихроҷ пешбинӣ шудааст, садо дода буданд. Алҳол танҳо дар назария.
“Назорати бештар қатъӣ”-и муҳоҷирон чӣ маъно дорад?
Фарз кардем, ки муҳлати амали ҳуҷҷатҳои шумо ба охир расидааст ё шумо як қатор қонуншиканиҳо содир кардаед. Пас аз маълумот дар бораи шумо ба Рӯйхат (феҳрист)-и шахсони зери назорат қарордошта шомил гардида, ба шумо огоҳинома ва санаи тарки кишварро месупоранд. Чунин Рӯйхат пештар вуҷуд надошт - онро дар доираи қонунгузории мазкур тартиб медиҳанд.
Чунин Рӯйхат аз ҷониби ВКД таҳия ва назорат мешавад. Дастрасӣ ба он кушода буда, аз рӯзи ҷойгир шудани маълумот дар Рӯйхат, шаҳрванди хориҷӣ огоҳшуда дар ин хусус дониста мешавад.
Ман ба ин рӯйхат дохил шудам. Минбаъд чӣ мешавад?
Агар муҳоҷир ба ин рӯйхат дохил шавад, ба ӯ лозим меояд, ки ба мақомоти пулис дар бораи макони ҷойгиршавӣ (геолокатсия)-и худ, сана, ҷой ва хатсайри мустақилона тарк кардани Русия хабар диҳад.
Ин барои он аст, ки мақомоти пулис бидонанд, ки ӯ дарвоқеъ ҳам кишварро тарк мекунад.
Аммо ин ҳам ҳоло охири кор нест. Агар шахс ба чунин Рӯйхат дохил шавад, то замони рафтанаш нисбати ӯ як қатор маҳдудиятҳо амал мекунанд. Ин маҳдудиятҳо аз манъи рондани мошин, гирифтани қарз, ақди никоҳ бастан ва равуои озодона кардан дар кишвар иборатанд.
Дар қироати дуюм ҳамчунин тағйирот дар бораи манъи “анҷом додани дигар амалиёти бонкӣ” ба ҷуз интиқоли маблағ барои ҳисоббаробарӣ намудани пардохтҳои ҳатмӣ илова шуд. Дар як моҳ ба гирифтани то 30 ҳазор руб пули нақд иҷоза дода мешавад.
Кадом мақомот дар бораи кӣ ва барои чӣ дохил шудан ба чунин Рӯйхат қарор қабул мекунад?
Агар пештар дар бораи ихроҷ танҳо додгоҳ (суд) метавонист қарор қабул кунад, акнун мақомоти пулис низ чун қарор содир карда метавонад.
Дар ҳамин ҳол, муҳоҷирони тоҷик дар Русия қаблан шикоят мекарданд, ки додгоҳҳо бидуни расидагӣ ба моҳияти ҳодиса, дар бораи ихроҷ хеле зиёд қарор қабул мекарданд.
Шояд содда кардани ин расмиёт ва гузаштани ваколат ба мақомоти пулис, боз ба мавҷи нави қарорҳои беадолатона (ғайримунсифона) боис гардад.
Мақомот боз чӣ кор карда метавонанд?
Шаҳрвандони хориҷиро ҳангоми ихроҷ метавонанд ба муддати 48 соат, яъне 2 шабонарӯз дар муассисаи махсус ҷойгир кунанд. Ин амал метавонад бар асоси қарори директори Хадамоти федералии амният (ФСБ), вазири корҳои дохилӣ, мақомоти минтақавӣ, роҳбарони мақомоти сарҳадбонӣ ва муовинони онҳо сурат гирад.
Бар асоси қарори додгоҳ ин муҳлат метавонад то 90 рӯз, яъне қариб то 3 моҳ дароз карда шавад.
Чунин тағйирот ба Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ворид карда шудааст.
Ман ба чунин рӯйхат дохил шудам, аммо бо ин қарор розӣ нестам. Аз болои он шикоят бурдан мумкин аст?
Чӣ гуна метавон аз тартиби зери ихроҷ баромад? Барои ин маълумот дар бораи шумо бояд аз рӯйхат хориҷ карда шавад. Ин дар якчанд ҳолатҳо сурат гирифта метавонад:
- пас аз рафтан аз Русия;
- пас аз ба танзим даровардани мақоми ҳуқуқӣ дар кишвар;
- пас аз бекор шудани қароре, ки барои дохил шудан ба реҷаи зери ихроҷ асос шудааст;
- ва баъди аз ҷониби додгоҳ ғайриқонунӣ эътироф шудани қароре, ки барои дохил шудан ба реҷаи зери ихроҷ асос шудааст.
Яъне, агар шумо бо қарор розӣ набошед, метавонед бо шикоят ба мақомоти болоӣ ё додгоҳ муроҷиат кунед. Албатта, агар ба баррасии шикоят то вақти ихроҷатон интизор шуда тавонед.
Ман ба чунин Рӯйхат дохил шудам, акнун аз Русия рафтанам лозим аст. Чӣ мешавад, агар ман бо ҳуҷҷатҳоям мушкил дошта бошам?
Шаҳрванди хориҷӣ Русияро аз ҷумла бо шиносномаи муҳлати амалаш гузашта ё шиносномаи дорои “нуқсонҳои техникӣ”, ки ба муайян кардани шахсияти одам имкон медиҳад, тарк карда метавонад.