Шиддати муҳоҷират ба Русия кам шудааст ва роҳҳои нави муҳоҷирати меҳнатӣ ба сӯи Аврупову Амрико ва Шарқи наздик боз мешаванд. Бо ин вуҷуд, мушкилоти муҳоҷирон ҳам кам нест ва рӯз то рӯз саддҳои нав пайдо шуда истодааст. Бо назардошти ин, шохаҳои муҳоҷират афзоиш ёфтаву кор дар ин самт зиёд мешавад, вале дар Тоҷикистон ба таври ҷудогона Вазорати муҳоҷират таъсис дода намешавад.
Ин масъала дирӯз, 31-уми июл, дар нишасти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон зиёд баррасӣ шуд.
Хайриддин Усмонзода, директори ин ниҳод гуфт, ки муҳоҷирати меҳнатӣ танҳо хоси давлати Тоҷикистон нест ва дар ҳама мамолики дунё муҳоҷират вуҷуд дорад.
Ба гуфтаи ӯ, самти муҳоҷират ба сӯи Русия кам шудаву ба сӯи Аврупову Амрико ва Шарқи наздик бештар шуда истодааст.
“Русия ягона кишвари қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик нест ва ҳоло шаҳрвандони мо дар бозорҳои меҳнати Аврупои Шарқӣ ва Аврупои Ғарбӣ, инчунин ИМА кору фаъолият мекунанд. Дар минбаъд ба Кореяи Ҷанубӣ ва баъзе аз кишварҳои Шарқи наздик низ муҳоҷирон равон хоҳанд шуд”, - мегӯяд Хайриддин Усмонзода.
Бояд гуфт, ки муҳоҷират яке аз соҳаҳои фоидаовар дар иқтисоди Тоҷикистон аст ва ҳамасола садҳо ҳазор сомониро маҳз муҳоҷирон ба кишвар ворид мекунанд.

Бо ин вуҷуд, ба назар мерсад, ки шохаҳои муҳоҷират рӯз аз рӯз паҳнтар ва васеътар мешавад ва муҳоҷирони тоҷик бо роҳҳои наву мушкилоти ҷадид мувоҷеҳ ҳастанд.
Дар ин робита, рӯзноманигори “Азия-Плюс” ба директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон бори дигар суол дод, ки ниҳоди зери роҳбарияш пешниҳод мекунад, ки бахши муҳоҷиратро аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷудо кунанд ва дар кишвар Вазорати муҳоҷират таъсис дода шавад.
“Ин масъала пеш аз ҳама ба салоҳияти ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ҳукумати кишвар дар кадом мавриде, ки зарур донист, ин ё он муассисаву мақомотро бо ҳамдигар муттаҳид ё аз ҳамдигар ҷудо менамояд. Барои ҳамин мо дар ин маврид ягон чӣ гуфта наметавонем”, - гуфт Хайриддин Усмонзода.
Ёдрас мешавем, ки чанд сол инҷониб шаҳрвандони Тоҷикистон роҳи муҳоҷират ба сӯи Британияи Кабир, Италия, Корея ва чанд дишвари дигарро боз кардаанд ва асосан ба корҳои мавсимӣ дар саҳроҳои кушод ва гармхонаҳо машғул шуда, ҳосили буттамевагиҳо (қулфинай ва ғайра) ва дигар сабзавоту меваҳоро ҷамъоварӣ мекунанд.
Муҳоҷироне, ки ба ин кишварҳо рафтаву баргаштаанд, аз маоши хуб, шароити корӣ ва муносибати мақомоти мизбон изҳори қаноатмандӣ карда, мегӯянд, ки “аз Русия беҳтар аст”.
Как понять, правильные ли подгузники ты выбираешь для своего ребенка?
Как Ленинградский театр комедии в годы ВОВ работал в Душанбе
Задолженность по зарплате в Таджикистане за год выросла на 20%
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 27 апреля 2025 года
Более 200 тысяч человек собрались в Ватикане на похоронах Папы римского
Куда обратиться с зубной болью в Душанбе ночью?
Четыре бронзы и одно серебро. Дзюдоисты Таджикистана завоевали первые медали на чемпионате Азии
ЭСКАТО ООН приняла резолюцию Таджикистана о сотрудничестве по воде и климату
Высохли или выглядят высохшими? В центре Худжанда пожелтели листья у посаженных недавно магнолий
Таджикский шахматист выиграл серебро на домашнем турнире
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста