Ахиран ронандагони таксӣ ҳарчи бештар дар хабарҳои марбут ба ҳодисаҳои ногувор зикр мешаванд. Ва аксар вақт сабаби ин дар ҳолати мастӣ қарор доштани онҳо мебошад.
“Азия-Плюс” тасмим гирифт муайян кунад, ки тибқи қонун барои чунин ронандагон чӣ гуна тадбирҳо пешбинӣ шудааст ва барои пешгирӣ намудани ба ин монанд қонуншиканиҳо ширкатҳои таксӣ чӣ корҳо мекунанд.
Ҳодисаи ахир дар ин робита 23 сентябр рух дод. Ронандаи автомашинаи тамғаи “Равон” Субҳон Юсупов дар ҳолати мастӣ боздошт шуд.
Нисбати ронандаи ширкати “Як такси” мутобиқи моддаи 332-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати баррасӣ ба додгоҳ ирсол шуд.
Дар қонун барои ин кор чӣ гуна ҷазоҳо пешбинӣ шудааст?
Мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, идора намудани воситаҳои нақлиёт аз тарафи ронандагон дар ҳолати мастӣ, инчунин вогузоштани идораи воситаҳои нақлиёт ба шахсе, ки дар ҳолати мастӣ қарор дорад (моддаи 332) оқибатҳои ҷиддӣ ба бор меорад:
Аз ҷумла чунин ҷазоҳо пешбинӣ шудааст:
- ҷарима ба маблағи 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда ба 72 сомонӣ баробар аст);
- ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз;
- маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати 5 сол.
Милитсия чӣ мегӯяд?
Дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе изҳори нигаронӣ мекунанд: “чунин ҳодисаҳо ба бехатарии ҳаракат дар роҳ таъсири манфӣ мерасонанд”.
“Ахиран зиёдшавии қонуншиканиҳои ҳаракат дар роҳ, бахусус ҳодисаҳои дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаҳои нақлиёт аз ҷониби ронандагони нақлиёти мусофирбар ба мисли таксӣ ба мушоҳида мерасад”, - гуфтанд дар Раёсати ВКД.
Дар Раёсат зикр карданд, ки сохторҳои дахлдор барои ошкор намудани қонуншиканон, пешгирии садамаҳо ва ҳодисаҳои эҳтимолии нохуш мунтазам рейдҳо мегузаронанд.
Ба иттилои манбаъ, муҳим аст, ки худи ширктаҳои таксӣ ҳам назоратро аз болои ронандагони худ пурзӯр намоянд. “Ширкатҳо бояд ҳолати ҳушёрии кормандонро ҷиддитар санҷанд, инчунин дар мавриди бехатар рондани воситаҳои нақлиёт барномаву машғулиятҳои таълимӣ гузаронанд”, - таъкид доштанд дар Раёсати ВКД.
Дар нимсолаи аввали соли 2024 дар Тоҷикистон 539 ҳодисаи садамаи нақлиёт (соли 2023 - 492 ҳодиса) рух дода, бар асари онҳо 236 нафар ҳалок ва 570 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Сабабҳои зерин ба садамаҳо боис шудаанд: баланд кардани суръати ҳаракат - 58,6%, баромадан ба хатти муқобили ҳаракат дар роҳ - 25%, вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ - 10% ва дигар навъҳои қоидавайронкунӣ, аз ҷумла дар ҳолати мастӣ аз машрубот рондани мошин - 7%.
“Ҳарчанд ҳиссаи бо сабаби дар ҳолати мастии ронандагон рух додани садамаҳои нақлиёт нисбатан баланд набошад ҳам, ба ҳар ҳол, ба ин масъала таваҷуҳи ҷиддӣ лозим аст”, - гуфтанд дар Раёсат.
Дар ширкатҳо чӣ мегӯянд?
Дар ширкати «Олуча Таксӣ» ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар ҳодисаҳои зикршуда ягонтоаш бо иштироки ронандагони онҳо сабт нашудааст.
«Мо ҳолати ҳушёрии ронандагонро ҳангоми муоинаҳои тиббии пеш аз сафар, ки тибқи қонун ҳатмӣ мебошанд, назорат мекунем ва дар санҷишҳои нақшавии Хадамоти бехатарии ҳаракат дар роҳ иштирок мекунем. Ҳамчунин ширкат барои ронандагон оид ба масъалаҳои бехатар рондани мошин ва масъулиятшиносӣ тренингҳои 20-соата баргузор мекунад. Дар ҳолати ошкор шудани ҳолати мастӣ, ронандагон фавран аз кор озод шуда, дар сурати боздошт низ аз кор сабукдӯш ва барои санҷиши минбаъда ба ихтиёри БДА супурда мешаванд», - зикр карданд дар ин ҷо.
Дар ширкати «Як таксӣ» изҳор намуданд, ки ҳар як ронанда пеш аз ба кор шурӯъ кардан аз омӯзиш мегузарад. Мутахассисон қоидаҳои муносибат бо мусофирон, меъёрҳо ва стандартҳоро шарҳ медиҳанд.
Баъди бомуваффақият анҷом додани омӯзиш, бо ронанда шартнома баста мешавад.
Ҳар ҳафта ба ронандагон тавассути паёмак (SMS) тавсияҳо фиристода шуда, дар ҳамдастӣ бо кормандони давлатӣ тренингҳо гузаронида мешаванд.
Дар ҳолати ошкор шудани рондани мошин дар ҳолати мастӣ, ширкат шартномаро бо чунин ронанда қатъ карда, тафтишоти дохилӣ мегузаронад.
Директори ширкати таксии «Атлас таксӣ» Тахмина Баҳронова дар суҳбат бо «Азия-Плюс» дар бораи чораҳои ширкат барои таъмини бехатарӣ изҳори назар кард. «Ҳар рӯз дар ширкати мо корманди тиббӣ кор мекунад, ки ронандагонро пеш аз баромадан ба басти корӣ месанҷад. Ӯ ҳарорати бадан ва сатҳи фишорро чен карда, бо алкотестерҳо дар ҷисми ронандагон мавуҷуд будани машрубот (алкогол)-ро месанҷад. Танҳо пас аз ин ронандагон ба кор иҷоза дода мешаванд», - шарҳ дод ӯ.
Бахронова инчунин иброз дошт, ки ҳар моҳ бо иштироки мутахассисони Вазорати нақлиёт тренингҳо баргузор мешаванд, ки дар он ронандагон қоидаҳои ҳаракат дар роҳро такрор мекунанд. «Мо инчунин бо равоншиносон ҳамкорӣ мекунем, ки ба ронандагони мо дар беҳтар фаҳмидани аҳамияти риояи ахлоқу одоб ёрӣ медиҳанд», - илова кард ӯ.
«Дар давоми панҷ соли кори мо ягон ҳолати рондани автомашина дар ҳолати мастӣ ба қайд гирифта нашудааст ва мо умедворем, ки минбаъд низ ҳамин тавр боқӣ мемонад», - таъкид кард директори «Атлас таксӣ».
Худи таксиронҳо дар ин бора чӣ фикр доранд?
Ронандагони таксӣ низ барои ҳар кадоме аз чунин ҳодисаҳо изҳори нигаронӣ мекунанд.
«Ин ҳодисаҳо ба кори ман ва ба обрӯву нуфузи тамоми соҳа таъсири манфӣ мерасонанд. Моро бе ин ҳам тез-тез месанҷанд ва ин ҳолатҳо нороҳатиҳои иловагӣ ва фишори равониро зиёд мекунанд», - мегӯяд таксироне бо номи Саид.
Ронандаи дигар Фотеҳ зикр мекунад, ки чунин ҳодисаҳо касбияти онҳоро зери шубҳа мегузоранд: «бо айби чанд нафари бемасъулият, обрӯи ҳамаи мо паст мешавад».
Қобили зикр аст, ки айни замон дар шаҳри Душанбе 12 ширкати таксӣ ба қайд гирифта шудааст.