Мақомоти Русия “рӯйхати шахсони таҳти назорат”-ро нашр кард. Дар он номи зиёда аз 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар вайрон кардани қонунгузории муҳоҷират гумонбар мешаванд, зикр шудааст.
Ин рӯйхат дар доираи низоми нави ихроҷ, ки аз 5-уми феврали соли 2025 татбиқ мегардад, таҳия шудааст.
Баъди нашри ин рӯйхат Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар тавсия дод, ки номи худро дар ин рӯйхат санҷанд, то аз мушкили эҳтимолӣ канорагирӣ кунанд.
Рӯйхати мазкур дар сомонаҳои Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти муҳоҷират ва Вазорати корҳои дохилӣ ҷойгир шудааст. Онҳое, ки мехоҳанд будан ё набудани номи худро дар феҳристи тартибдодаи ВКД-и Русия фаҳманд, метавонанд аз сомонаҳои мазкур ё аз Telegram-боти “Азия-Плюс” - @apnamecheck_bot истифода кунанд.
“Чӣ бояд кард, агар номи ман дар рӯйхат бошад?”
Ҳамчунин, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон барои шаҳрвандони дар рӯйхат қарордошта дастуралмал тартиб додааст.
Тибқи ин дастурамал, шаҳрвандоне, ки дар рӯйхат қарор доранд, бояд то 5-уми феврали соли 2025 ба мақомоти дахлдори муҳоҷирати Русия муроҷиат намуда, худро ба қайди қонунӣ гиранд ё қаламрави ин давлатро тарк намоянд. Дар сурати дар муҳлати муайяншуда ба қайди қонунӣ нагирифтан, шаҳрванд ба таври худкор ба рӯйхати шахсони ихроҷшаванда ворид гардида, ҳуқуқи рафтан ба ин давлатро аз даст медиҳад.
Агар шумо дар рӯйхати мазкур қарор дореду аллакай Русияро бо хоҳиши худ тарк кардаед, ихроҷ шудаед ё дар қаламрави Тоҷикистон ё дигар давлат қарор доред ва мехоҳед номатонро аз ин рӯйхат берун кунед, метавонед нусхаи шиносномаи хориҷии худро бо нишон додани муҳри убури сарҳад ба мақомоти муҳоҷирати ҷойи зисти худ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пешниҳод намоед.
Агар шумо шаҳрвандии ҳам Тоҷикистон ва ҳам Россияро дошта бошед ё дар ҳудуди Русия қонунӣ фаъолияти меҳнатӣ менамоед, вале бо вуҷуди ин дар рӯйхат қарор доред, ҳатман нусхаи шиносномаи худро ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия пешниҳод намоед.
Шаҳрвандоне, ки дар қаламрави Русия қарор доранд, метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия тавассути телефонҳои зерин муроҷиат намоянд:
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия:
Минтақаи марказӣ (вилояти Москва)
1. Азимӣ Дилрабо Амирқул + 7 (495) 967-98-44 [email protected]
2, Вализода Назаралӣ Нуралӣ +7 (967) 271-02-02 [email protected]
3. Холназаров Ромиш Имомназарович +7 (929) 540-88-88 [email protected]
4. Зарифов Бахтиёр Тугайевич +7 (495) 967-98-44 .[email protected]
5. Дӯстов Комрон Сайдаҳмадович+7 (988) 676-00-00 [email protected]
6. Амирхонзода Субҳон Баҳрон +7 (966) 031-22-22 [email protected]
7. Холов Довар Мирзоёрович +7 (936) 174-19-92 [email protected]
Минтақаи Урал, минтақаи Сибир
Юсуфалиев Баҳром Равшанхонович+7(929) 388-54-11 [email protected]
Минтақаи Приволжск
Қурбонализода Зафар Қурбоналӣ +7 (926) 311-52-53 [email protected]
Минтақаи шимолу ғарбӣ (Санкт-Петербург)
Ҷонмаҳмадов Фурӯзон Фархудинович
+7 (977) 963-25-69 [email protected]
Минтақаи ҷанубӣ (Краснодар)
Мирзозода Хуршед Насриддин +7 (996) 120-77-77 [email protected]





«Горы нужны людям, чтобы стать человеком». Таджикистанцы признаются в любви к горам
В Крыму нашли и опознали останки морского пехотинца из Таджикистана, пропавшего в 1941 году
Афиша от «Азия-Плюс»: Tarona Music Award, Новогодняя ярмарка и вечер живой музыки с Собиром Аминовым
В Эр-Рияде обсудили привлечение инвестиций для Рогунской ГЭС
Минздрав: в Таджикистане циркулирует «гонконгский» грипп, но поводов для тревоги нет
США за год выслали и вынудили покинуть страну 2,5 млн нелегальных мигрантов
Топ-25 самых дорогих футбольных лиг Азии: обновленный рейтинг 2025 года
Узбекистанку суд в Москве приговорил к 15 годам за финансирование терроризма
В Душанбе задержали организованную группу, причастную к 11 тяжким преступлениям, включая убийство
Угольная пыль вместо угля. Таджикский уголь – плохой, а кыргызский – дорогой
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста