Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия ва президенти пешини Русия пешниҳод кардааст, ки қабули кӯдакони муҳоҷирон, ки забони русиро намедонанд, ба мактабҳои Русия қатъ карда шавад. Дар ин бора ӯ дар ҷаласаи шӯрои амният оид ба сиёсати давлатии муҳоҷират зикр кардааст.
Ба ақидаи ӯ сатҳи таълим дар мактабҳои Русия ба далели кӯдаконе, ки забони русиро намедонанд, поин меравад.
“...аз ин сатҳи умумии маориф осеб мебинад. Инро ҳама медонанд ва вақти он расидааст, ки ба ин ҳама хотима диҳем”, - гуфтааст Медведев.
Ӯ гуфтааст, лозим аст, ҳузури муҳоҷироне, ки барои амнияти кишвар таҳдид эҷод мекунанд, дар Русия пурра қатъ карда шавад.
“Муҳоҷирони дорои ихтисоси паст бояд танҳо барои давраи фаъолияти меҳнатӣ ба Русия ворид шаванд. Сиёсати муҳоҷирати Русия бояд ба манфиатҳои шаҳрвандони Русия ҷавобгӯ бошад, на манфиати давлатҳои хориҷӣ. Бояд “профили рақамии муҳоҷир" ба роҳ монда шавад, ки имкон медиҳад, шахсияти хориҷиён дар саросари кишвар муайян карда шавад”, - гуфтааст ӯ.
Русия сол аз сол на танҳо барои ҳузур ва фаъолияти худи муҳоҷирони корӣ, ҳамчунин, барои оилаҳои онҳо маҳдудият ҷорӣ мекунад. Аз ҷумла, қаблан комиссияи Думаи давлатӣ оид ба сиёсати муҳоҷират ба омодасозии як қатор ислоҳот ба қонунҳои кишвар шуруъ карда буд, ки дар онҳо санҷиши ҳатмии кӯдакони муҳоҷирон пеш аз қабул ба мактабҳои Русия пешбинӣ шудааст.
Вакилон дар шарҳи ин қонун гуфта буданд, ки надонистани забон на танҳо барои кӯдак, балки барои худи муассиса низ мушкил эҷод мекунад.
Рӯзи 22-юми октябр, ваколатдор оид ба ҳуқуқҳои кӯдакон дар вилояти Свердловск Игор Мороков пешниҳод кард, ки кӯдакони муҳоҷирон, ки ба забони русӣ суст ҳарф мезананд, бо кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд баробар карда шаванд. Ӯ инчунин таъкид кард, ки барои онҳо ва омӯзгорон бояд шароити мувофиқ фароҳам оварда шавад.
Дар моҳи сентябри соли 2024, нашрияи “Известия” хабар дод, ки Вазорати маориф ба мактабҳо ва кӯдакистонҳо тавсия додааст, ки дар синфҳо ва гурӯҳҳо на зиёда аз се кӯдаки муҳоҷиронро, ки забони русиро суст медонанд, қабул кунанд.
Қаблан, хабар дода шуда буд, ки дар Думаи давлатӣ тасмим доранд ба таълими ройгони кӯдакони муҳоҷирон дар мактабҳои Русия хотима бахшанд.
Садыр Жапаров: Спорные участки границы с Таджикистаном разделены "50 на 50"
КЧС Таджикистана предупреждает о снегопаде
Всемирная продовольственная программа ООН в Таджикистане приглашает на онлайн-аукцион
Избивал до полусмерти, насиловал при детях, домогался 6-летней дочери
Журнал Time назвал Дональда Трампа человеком года
«Экзотические» марки автомобилей: какие они и почему о них почти никто не знает?
В Казахстане засекретят сведения о жизни Назарбаева
США выделили третий с начала декабря пакет военной помощи Украине на 500 миллионов долларов
Как ситуация в Сирии отразится на Центральной Азии: угрозы и вызовы
Компания Huawei представила новый складной смартфон и другие флагманские устройства на презентации в Дубае
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста