Давоми чор соли охир (октябри соли 2020 то сентябри соли 2024) дар Иёлоти Мутаҳидаи Амрико (ИМА) 825 шаҳрванди Тоҷикистон боздошт гардида, 88 нафар ихроҷ шудаанд.
Омори мазкур дар як гузориши Хадамоти муҳоҷират ва гумруки ИМА, ки рӯзи 20-уми декабр нашр шуд, зикр мегардад. Гузориш чор соли охир, аз октябри соли 2020 то 30-юми сентябри соли 2024-ро фаро гирифта, омори ҳамаи хориҷиёнеро, ки дар ИМА ҳабс, боздошт ва ихроҷ шудаанд дарбар мегирад.
Мувофиқи ин гузориш, дар ин муддат 825 шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шудаанд ва аз онҳо 103 нафар ҳабс ва 88 нафар ихроҷ шудаанд. Тафсилоти қонуншиканиҳои онҳо нашр нашудааст ва танҳо гуфта мешавад, ки сабаби ихроҷу ҳабси шаҳрвандони хориҷӣ нақзи қонун ва меъёрҳои амалкунандаи ин кишвар будааст.
Давоми 12 моҳи охир, ИМА 271 ҳазору 484 нафарро ба 192 кишвар ихроҷ кардааст, ки ин баландтарин нишондод дар даҳсолаи охир будааст.
Қаблан дар моҳи июни соли ҷорӣ Хадамоти муҳоҷират ва гумруки Амрико 8 зодаи Тоҷикистонро бо гумони иртибот бо ДОИШ* дар шаҳрҳои Ню-Йорк, Лос-Анҷелес ва Филаделфия боздошт карда буд. Баъдан аз ҷониби мақомоти Амрико се нафари онҳо ба Тоҷикистон ва Русия ихроҷ карда шуданд.
Солҳои охир қаламрави Мексика ба як роҳи маъруфи убури дастаҷамъонаи муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, табдил ёфтааст.
“Азия-Плюс” қаблан қиссаи як ҷавони тоҷике, ки тавассути Мексика ба ИМА рафтааст навишт. Қиссаи ин ҷавони тоҷикро дар матлаби мазкур “Аз Душанбе то Ню-Йорк: Чӣ гуна як шаҳрванди Тоҷикистон тавассути Мексика ҳамчун гуреза ба ИМА ворид шуд”, метавонед мутолиа кунед.
Навруз на Памире: здесь точно знают, как изгнать духов и исполнить мечту
Еще один футболист из Таджикистана переехал в Беларусь
Что делать, если больше не хватает сил держать рузу?
США отменили вознаграждение в 10 миллионов долларов за поимку Сироджиддина Хаккани
В Душанбе создадут «налоговый рай» для производителей промпродукции
Как аденоиды могут вызвать ночное недержание у детей
В Узбекистане построят заводы по переработке мусора в электроэнергию
Дональд Трамп допустил, что Россия затягивает подписание соглашения о прекращении огня
В Таджикистане создают «Фонд распределения выгод» от продажи электричества Рогунской ГЭС
В Турции продолжаются протесты после ареста Экрема Имамоглу. ВВС рассказывает, как мэр Стамбула стал лидером оппозиции
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста