Дар арафаи ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон бо иштироки варзишгарон аз кишварҳои Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Русия чанд мусобиқаи байналмилалии варзишӣ баргузор мешавад. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.

Дар ин ниҳод гуфтанд, ки мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара ва Панҷакент баргузор мешаванд. То охири моҳ дар кишвар чунин чорабиниҳои варзишии байналмилалӣ баргузор мешавад:

- рӯзи 15-уми март дар шаҳри Хуҷанд дави дӯстии наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ дар масофаи то 5 километр бо иштироки 40 варзишгар аз Ӯзбекистон ва Қирғизистон;

- аз 10 то 12-уми март дар “Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварӣ”-и вилояти Суғд мусобиқаи байналмилалии камонварӣ бо ҳузури 40 варзишгар;

- аз 10 то 14-уми март дар  Хуҷанд мусобиқаи шиноварӣ ҷараён дорад, ки 80 варзишгар, аз ҷумла аз Ӯзбекистон ва Қирғизистон миёни ҳам рақобат мекунанд;

Акси марбут
АМИТ "Ховар"

- рӯзҳои 11-13-уми март дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мусобиқаи байналмилалии аспдавонӣ бо ширкати 124 варзишгар аз Ӯзбекистон ва Қирғизистон;

- аз 12 то 14 -уми март дар  Исфара мусобиқаи байналмилалии волейбол миёни духтарон баргузор мегардад, ки дар он 4 даста бо ҳам рақобат мекунанд;

- рӯзҳои 14-16 -уми март дар  Хуҷанд мусобиқаи байналмилалии мини-футбол баргузор мешавад, ки 16 даста бозӣ мекунанд;

- рӯзҳои 15-19-уми март дар Хуҷанд мусобиқаи байналмилалии теннис бо иштироки 26 варзишгар аз дохил ва хориҷи кишвар баргузор мегардад;

- рӯзҳои 16-17-уми март дар Варзишгоҳи марказиии Панҷакент мусобиқаи байналмилалии куштингирӣ баргузор мегардад, ки дар он 67 варзишгар аз Ӯзбекистон, Қирғизистон, Эрон ва Русия бо ҳамдигар рақобат мекунанд;

- аз 25 то 27-уми март дар  Истаравшан мусобиқаи байналмилалии куштингирӣ баргузор мегардад, ки дар он 67 варзишгар аз кишварҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Эрон ва Русия вориди майдон рақобат мешаванд.

Бояд гуфт, ки имсол ҷашни асосии Наврӯз дар сатҳи ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Хуҷанд бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷкистон, Содир Жапаров, президенти Қирғизистон ва Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон баргузор мешавад.

Наврӯзро дар Душанбе чӣ гуна ҷашн мегиранд дар матлаби мазкур мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.