Изҳороти якҷояи доктор Ханс Анри П. Клюге, Директори минтақавии СҶТ дар Аврупо ва Регина Де Доминичис, Директори минтақавии ЮНИСЕФ барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ.

Аз сурхча то кабудсулфа ва гулӯзиндонак, бемориҳое, ки мо замоне паси сар карда будем, ҳоло дар саросари кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ (53 кишвари шомили ин минтақа аст) паҳн мешаванд. Пешрафте, ки дар даҳсолаи охир ба мо бо душворӣ муяссар гардида буд, ҳоло дар хатар аст - на аз сабаби набудани маблағ, балки аз нагирифтани ваксинаҳои наҷотбахш аз ҷониби ҳама. Содда карда гӯем, беамалӣ хатарнок ва ҳатто марговар мебошад.

Дар пайванд ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) ва ЮНИСЕФ ҳукуматҳо ва аҳолиро барои амали фаврӣ даъват мекунанд: дастовардҳои қаблиро ҳифз карда, камбудиҳои иммунизатсия бартараф ва дастрасӣ ба ваксинаҳо барои ҳамагон дар ҳама ҷой таъмин карда шавад. Танҳо дар ин ҳолат кишварҳо метавонанд ба сӯи бехатарии бештари тандурустӣ, суботи иҷтимоӣ ва шукуфоии аҳолии худ қадам гузоранд.

Бо шарофати ваксинаҳо дар тӯли чанд даҳсолаи охир дар минтақа сарбории бисёр бемориҳо коҳиш ёфт. Имрӯз қобили қабул нест, ки кӯдаке аз кузоз ё гулӯзиндонак вафот кунад, ба бемории фалаҷи кӯдакон гирифтор шавад ё аз сурхча нобино шавад, вақте ки мо василаи ҳифзи онҳоро дорем.

Ваксинаҳои нави зидди бактерияҳои пневмокок, вируси давравии роҳҳои нафас (RSV), COVID-19 ва зуком ҳоло кӯдакон ва калонсолони осебпазирро аз бемориҳои роҳҳои нафас ҳифз мекунанд. Иммунизатсия бар зидди Гепатити Б ва папилломавируси инсон (HPV) хатари пайдоиши якчанд навъи саратонро коҳиш медиҳад. Дар давраи ҳомиладорӣ иммунизатсия аз кабудсулфа, зуком COVID-19 ва RSV ба занон ва фарзандони онҳо барои зиндамонӣ ва инкишоф кӯмак мекунанд.


Аммо, дар нишондиҳандаҳои иммунизатсияи нақшавии кӯдакон пешрафт дида намешавад. Дар баъзе аз кишварҳо онҳо коҳиш меёбанд. Ин тамоюлро бояд ҳамчун яке аз таҳдидҳои навзуҳур ба саломатии аҳолии тамоми минтақа баррасӣ кард. Ҳамасола зиёда аз ним миллион кӯдакон ба иммунизатсияи нақшавӣ ҳозир намешаванд, ки боиси афзоиши теъдоди кӯдакон ва калонсолони осебпазир ба бемориҳои тавассути ваксина пешгиришаванда мегардад.

 

Паёмадҳо

Дар соли 2024 теъдоди гирифторони бемории сурхча дар минтақаи Аврупо аз 127,000 нафар гузашт, ки ин шумораи баландтарин дар 27 соли охир мебошад. Шумораи гирифторони кабудсулфа дар соли 2023 ба 87,000 нафар расид, ки ин нишондиҳандаи баландтарин дар 29 соли охир аст. Теъдоди ҳолатҳои бақайдгирифташудаи гулӯзиндонак низ дар соли 2022 ба 578 нафар ва дар соли 2023 ба 264 нафар расид, дар ҳоле ки дар ҳар як 13 соли қаблӣ аз 100 нафар камтар буд.

Дар минтақаи Аврупо зиёда аз 20 сол инҷониб интиқоли эндемикии фалаҷи ваҳшӣ ба қайд гирифта нашудааст. Бо вуҷуди ин, воридшавии вирус, ки тавассути назорати мунтазами обҳои партов муайян карда мешавад, афзоиш меёбад ва барои аҳолӣ, дар минтақаҳои фарогирии пасти ваксина, хатари махсус дорад.

Агар ин тамоюлҳо идома ёбанд, бори гарони бемориҳои бо ваксина пешгиришаванда метавонад ба қобилияти системаҳои тандурустӣ дар мубориза бо беморӣ ва тобоварии он ба мушкилоти навзуҳури тандурустӣ таъсири манфӣ расонад.

Маҳз барои ҳамин, имрӯз СҶТ ва ЮНИСЕФ аз тамоми кишварҳо даъват мекунанд, ки фавран дастовардҳои қаблӣ ва гаронбаҳои тандурустии ҷамъиятиро тавассути се тадбири зерин ҳифз намоянд:

-Идома додани маблағгузории ваксинаҳо ва иммунизатсия ҳамчун яке аз авлавиятҳои асосии тандурустӣ, аз ҷумла тавассути дастгирии тадқиқот ва таҳияи ваксинаҳои нав.

-Содда кардани дастрасии иммунизатсияи саривақтӣ барои ҳамагон бо таваҷҷуҳи махсус ба фарогирии маҳалҳои дурдаст, деҳот ва дорои сатҳи пасти иммунизатсия.

-Тавассути маъракаҳои иттилоотӣ мустаҳкам кардани боварии аҳолӣ ба ваксинаҳо, баланд бардоштани донишу малакаи кормандони тиб, мубориза бо маълумоти бардурӯғ ва ҳамкорӣ дар маҳалҳо.

Руйкарди ягона вуҷуд надорад. Дар кишвар ва маҳалҳои гуногун роҳҳалҳои гуногун лозим мешаванд. Дар баъзе кишварҳо барои фарогирии аҳолии дарканормонда клиникаҳои сайёри иммунизатсия ва маъракаҳои аз хона ба хона метавонад лозим шавад. Дар дигар кишварҳо ёдраскунии оддӣ ё осон кардани номнависӣ барои қабули духтур дар доираи кӯмаки аввалияи тиббӣ ва санитарӣ метавонад ҳолатро тағйир диҳад. Дар тамоми кишварҳо бояд дастгирии кормандони тиббӣ ба инобат гирифта шавад, то ин ки онҳо тавонанд бо боварии комил ба саволҳои марбут ба иммунизатсия ҷавоб диҳанд. Инчунин барои хубтар фаҳмидани мушкилот ва муқовимат ба маълумоти бардурӯғ муколлама бо аҳолӣ бояд беҳтар карда шавад.

Мо медонем кадом тадбирҳо самарабахш мебошанд: фарогирии сатҳи баланд ва одилона бо иммунизатсия. Ин ба ҳар як кишвар дар пешгирӣ аз хуруҷи бемориҳо, паст кардани сарборӣ ба низоми тандурурстӣ ва коҳиш додани теъдоди азобу фавт кӯмак мерасонад. Якҷоя фаъолият намуда, мо метавонем ҳамагонро фаро гирифта, бартарии ваксинаҳоро барои ҳама, новобаста аз синну сол таъмин кунем. Иммунизатсияи барои ҳама бо шиори «Саломатӣ барои ҳамагон» комилан имконпазир аст.

Дар соли 2024 дар Тоҷикиистон нишондиҳандаҳои самараконии барномаи иммунизатсия баланд боқӣ монда, нишондиҳандаҳои арзёбиҳои СҶТ/ЮНИСЕФ доир ба фарогирии миллии иммунизатсия (WUENIC) аз рӯи антигенаҳои асосӣ баланд буданд. Фарогирӣ бо вояи якуми ваксинаи дорои DTP (аз гулӯзиндонак, кузоз ва кабудсулфа) дар сатҳи 98% ва сеюм воя ба 96% расидааст, ки коэфитсиенти коҳиш байни DTP1-DTP3 ба 2% баробар шуд. Ин аз сатҳи баланди идомаи иммунизатсия дар тӯли силсилаи ибтидоӣ гуворӣ медиҳад. Фарогирӣ бо вояи якуми ваксинаи MMR (аз сурхча, баногӯшак ва гулафшон) ба 98%, ва вояи дуюм ба 96% баробар шуда, коҳиш ба 2% баробар аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.