Фаъолияти дарвозаҳои электронӣ (e-gates) дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе дигарбора ба таъхир афтодааст. Ҳарчанд гуфта мешуд, ки ин дарвозаҳо моҳи марти соли 2025 ба кор медароянд, вале то ҳол онҳо фаъол нестанд.
Аз маркази матбуоти фурудгоҳ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки “дарвозаҳои электронӣ рӯзҳои наздик пурра ба кор медароянд”, вале муҳлатҳои мушаххасро нагуфтанд. Дар ҳамин ҳол, сабаби то ба ҳол фаъол нашудани дарвозаҳоро ҳам шарҳ надоданд.
“Системаи дарвозаҳои электронӣ маълумоти пурраи интернетии ҳамаи ширкатҳои ҳавопаймоиро дар бар мегирад. Дар ҳоли ҳозир бо иштироки ҳамаи сохторҳо низом мавриди навсозӣ қарор дошта, рӯҳои наздик пурра ба кор медарояд”, - гуфтанд аз фурудгоҳ.
Қаблан, зимни нишасти матбуотии ҷамъбасти соли 2024 Ҳабибулло Назарзода, роҳбари Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандӣ гуфта буд, ки ба кор даровардани дарвозаҳои электронӣ рӯзи 15 марти соли 2025 ба нақша гирифта шудааст. Он замон ӯ хабар дода буд, ки ҳамгироии система ба андозаи 90% ба охир расида, ҳозир бандубаст ва васлу насби он идома дорад.
“Дар дарвозаҳои электронӣ мустақилона гузаштани мусофирон аз санҷиши шиноснома пешбинӣ шудааст, ки бояд ба ҷараёни убури сарҳад суръат бахшад, яъне мутаносибан вақти ҳам марзбонону ҳам мусофирон сарфа мешавад. Ҳатто як дарвоза ҳам ба бартараф намудан навбатпойиҳо мусоидат мекунад”, - зикр карда буд Ҳабибулло Назарзода.
Мавқуф гузоштан бори аввал нест
Лоиҳаи ҷорисозии низоми худкор (автоматӣ)-и санҷиши шиноснома зиёда аз 1 сол пеш муаррифӣ шуда буд. Нахуст, ба истифода додани он 1-уми декабри соли 2024 пешбинӣ гардида буд, вале маросим чандин бор ба вақти дигар гузаронида шуд.
Қарори ҷорисозии низом аз ҷониби Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандӣ дар ҳамдастӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ қабул шуда буд.
Моҳи июни соли 2024 палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ ба қонун “Дар бораи сарҳади давлатии ҶТ” тағийрот ворид намуд, ки имкони истифода аз системаҳои биометриро дар сарҳад қонунӣ кард.
Дарвозаҳои электронӣ чӣ гуна кор мекунад?
Система ҷиҳати аз санҷиши шиносномоа бе иштироки сарҳадбон гузаштан имкон медиҳад. Барои ин доштани шиносномаи биометрӣ зарур аст. Низоми автоматии санҷиши шиноснома дар сарҳад шахсияти шаҳрвандро бар асоси маълумоти биометрӣ муайян мекунад. Барои убури сарҳад мусофир шиносномаро ба дастгоҳ мегузорад. Дар шиносномаи биометрӣ микрочипе ҳаст, ки маълумоти он бо ёрии дастгоҳи шинохти автоматӣ санҷида мешавад. Вақти гузаштан аз санҷиши шиноснома тариқи “дарвозаи электронӣ” аз 30 то 45 сонияро барои корбари огоҳ аз ин низом ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи таҳиягарони ин барнома, ҳадафи аслии ҷорисозии кори дарвозаҳои электронӣ - сарфаи вақти гузаштан аз санҷиш ва кам кардани сарборӣ барои кормандони хадамоти амният, бахусус дар соатҳои хеле зиёд сермусофир будани фурудгоҳ, яъне дар як фосилаи кӯтоҳ ба нуқтаи таъинот расидани якчанд ҳавопаймоҳо аз кишварҳои гуногун аст.




