Муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон нигаронӣ кардааст, ки бархе ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо маблағҳои пешбинишуда барои хонандагон ва сарфу харҷи мактабро ҷудо намекунанд.
Бадриддин Музаффарзода, муовини вазири маориф дар як мусоҳиба бо “Омӯзгор”, нашрияи ин вазорат гуфтааст, ки на ҳамаи маблағҳои аз ҳисоби буҷет ҷудошуда дар соҳаи маориф дар ихтиёри Вазорати маориф ва илм аст.
Ӯ афзудааст, ки барои мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои як хонанда дар як сол 2 ҳазору 156 сомонӣ, барои нигоҳдории муассиса 400 ҳазору 321 сомонӣ, барои мактабҳои таҳсилоти асосӣ барои як хонанда дар як сол 2 ҳазору 688 сомонӣ, барои нигоҳдории муассиса 161 ҳазору 183 сомонӣ ҷудо мешавад.
“...барои муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ барои як хонанда дар як сол 3 ҳазору 363 сомонӣ ва барои нигоҳдории муассиса 58 ҳазору 26 сомониро муайян намудааст”,-гуфтааст муовини вазири маориф.

Ба гуфтаи вай, ин маблағҳо бояд аз сӯи ҳукуматҳои шаҳру навоҳӣ ҷудо шавад, ки бархе онро ҷудо намекунанд ва меъёри қонунгузорӣ дар ин самтро вайрон мекунанд.
“Аммо баъзан ба мушоҳида мерасад, ки на барои ҳамаи муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо маблағҳои пешбинишуда ҷудо мегарданд ва агар ҷудо ҳам шаванд, на ҳар як роҳбари муассисаи таълимӣ метавонад маблағҳои дар ихтиёраш бударо мақсаднок истифода намояд”, - нигаронӣ кардааст муовини вазир.
Вале ӯ мушаххас нагуфтааст, ки ҳукуматҳои кадом шаҳр ё ноҳия ба мактабҳо маблағи пешбинишударо ҷудо накардаанд.
Бадриддин Музаффарзода дар такя ба қонунгузорӣ таъкид кардааст, ки таъмиру сохтмони мактабҳо вазифаи ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо аст.
Ин дар ҳолест, ки ҳамасола дар моварои анҷоми соли хониш масъалаи талаби пул барои таъмири мактаб доғ мешавад.
Қаблан Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон аз масъулини мактабҳо хоста буд, ки барои таъмири мактабҳо аз волидони хонандагон маблағ ҷамъ накунанд.
Вале бо ин вуҷуд падару модарон ба хотири тарсу ҳарос ва ихроҷ накардани фарзандонашон аз мактабҳо ба хилофи қонунгузорӣ ҷамъ кардани маблағ хомӯширо ихтиёр карда, маблағро пардохт мекунанд.
Бояд гуфт, ки масъалаи нокифоягии мактабҳо, мизу курсӣ, синфхонаҳои таълимӣ, таъмирталаб будани онҳо ва ҷамъи иҷбории маблағ аз хонандагон дар Тоҷикистон ташвишовар арзёбӣ мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар дар яке аз суханрониҳояш гуфта буд, ки 314 бинои мактаб дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, 378 бинои муассисаи таълимӣ таъмирталаб мебошад.





США ввели требование об уплате визового залога для граждан Таджикистана и еще 37 стран
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 8 января 2026 года
Спортивные итоги года: как Таджикистан прошел сезон-2025 на международной арене
В Душанбе выбрали лучшие маркетинговые кейсы 2025 года
У родителей в Душанбе забрали ребенка, занимавшегося бродяжничеством
«Говорить о транзите власти рано». Президент Казахстана рассказал о своем самочувствии и здоровье своих коллег по СНГ
«Мы хотим сделать джиу-джитсу национальным видом спорта». Легенда BJJ Рафаэль Хуберт посетил Душанбе
«Там, в помещении, дети…» Сегодня 20 лет со дня трагедии в доме-интернате для детей с инвалидностью «Чорбог»
Реформатор, лидер, наставник. Заслуженный деятель Таджикистана Алишер Ярбабаев отмечает 75-летний юбилей
Число таджикских студентов в Узбекистане увеличилось более чем в два раза в 2025 году
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста