Натиҷаҳои ниҳоии даврҳои якум ва дуюми имтиҳонҳои дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар рӯзи 25-уми июл эълон мешаванд. Дар ин бора аз Маркази миллии тестӣ (ММТ) ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода, гуфтанд, дар ин рӯз ба кадом макотиби олӣ қабул шудани довталаб мушаххас мегардад.
Ба гуфтаи манбаъ, натиҷаҳои аввалияи имтиҳонҳо рӯзи 21-уми июл маълум мешавад ва ин рӯз танҳо бали бадастовардаи довталаб эълон хоҳад шуд.
Аз ин ниҳод зикр карданд, ки натиҷаи имтиҳонҳо тариқи СМС-паёмак ба рақаме, ки довталаб ҳангоми бақайдгирӣ ишора карда буд, фиристода мешавад.
“Аз натиҷаҳои имтиҳонҳо бо муроҷиат (аз ҷумла тавассути телефон) ба ММТ ё нуқтаҳои иттилоърасонии таъсисдодаи он низ бохабар шудан мумкин аст”, - гуфтанд аз ММТ.
Довталаб метавонад шахсан аз натиҷаҳои имтиҳон дар ҳуҷраи инфиродии худ дар сомонаи ММТ огоҳ шаванд.

Агар дар ин бахш навиштаҷоти “Шумо аз рӯйи интихоби №... гузаштед” дар заминаи сабзи бахши “Натиҷаи тақсимот” пайдо гардад, маънои онро дорад, ки довталаб ба ихтисоси ишорашуда бомуваффақият гузаштааст. Дар баръакси ҳол, дар ин бахш навиштаҷоти “Шумо ба ҳеҷ яке аз ихтисосҳои интихобкардаатон нагузаштед” пайдо мешавад.
Ёдрас мешавем, ки имсол аз 1 то 9-уми июл дар нуқтаҳои муайяннамудаи ММТ дар манотиқи кишвар имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ доир гардиданд. Имсол 114 ҳазору 776 довталаб (92 ҳазору 992 синфи 11 ва 21 ҳазору 784 синфи 9) дар Маркази миллии тестӣ дар ду давр худро ба қайд гирифтаанд.
Бояд гуфт, бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар чаҳор давр баргузор мегардад. Даври сеюми бақайдгирӣ ба ИМД аз 2-юм то 13-уми сентябр дар асоси ҷойҳои холимонда баргузор мешавад. Дар ин давра довталабоне, ки дар даври дуюм худро номнавис мекунанд, имкон доранд бо пардохти 30 сомонӣ интихобҳои худро иваз кунанд.
Дар давраи чоруми бақайдгирӣ, ки аз 29-уми октябр то 28-уми ноябр идома меёбад маҳдудиятҳо ҷорӣ шудаанд. Дар ин давр танҳо ду шакли таҳсил, ғоибона ва фосилавӣ пешбинӣ карда шудааст.





В Душанбе задержали продавцов пиротехники, им грозит уголовное дело
Стала известна стоимость билетов на матчи сборной Узбекистана на мундиале-2026
Новый вид штрафа. Предпринимателей в Таджикистане будут наказывать за отсутствие в чеке обязательной информации
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 15 декабря 2025 года
Нулевой километр, стела Татариновой и турецкие часы
В Таджикистане с 2026 года увеличатся штрафы за правонарушения. Даем полный расклад
Карточки для чайников: зачем нужны ледники и почему они тают?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 14 декабря 2025 года
Хозяин гор. Как тяньшанский бурый медведь выживает в Таджикистане?
Легионер сборной Таджикистана Абдулмажид Кудиев стал чемпионом Ирана
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста