Дар пайи вуруди артиши Исроил ба шаҳри Ғазза, сокинони ин шаҳр маконҳои истиқомати худро тарк мекунанд ва аз бомбборон паноҳ меҷӯянд. Гурӯҳи фаластинии ҲАМОС, ки ҳокими ин шаҳр аст, сокинони ҷаҳонро ба тазоҳуроти густурда даъват кардааст.
Ҳазорҳо сокини шаҳри Ғазза, маркази Навори Ғазза ва ягона макони нисбатан қобили зисти минтақаро зери тиру бомби артиши Исроил маҷбур тарк мекунанд. Онҳо ба кишварҳои ҳамсоя фирор мекунанд.
Артиши Исроил 16-уми сентябр эълон кард, ки баъди бомбборони чандрӯза, ба шаҳри Ғазза ворид шудааст ва ният дорад, дар он амалиёти густурдаи низомӣ баргузор кунад. Давоми чанд рӯзи охир Исроил охирин маконҳо ва биноҳои барои зист имконпазирро ба хок яксон кард.
Исроил даъво дорад, ки дар ин шаҳр ҷанговарони гурӯҳи ҲАМОС паноҳ мебаранд.
ҲАМОС дар пайи ин, аз мардуми ҷаҳон хостааст, ки дар рӯзҳои ҷумъа, шанбе ва якшанбе (19, 20, 21 сентябр) барои поён додани “наслкушӣ”-и Исроил дар Ғазза тазоҳурот баргузор кунанд. Ин гурӯҳи ҳоким бар Ғазза рӯзи 18-уми сентябр аз сокинони сайёра, ҳамчунин, талаб кард, ки дар эътирозҳои худ ҳамлаи Исроил ба Ғаззаро маҳкум карда, хостори поён додани гуруснагии иҷборӣ дар ин минтақа ва бекор кардани муҳосираи он аз сӯи Исроил шаванд.
ҲАМОС мардумро ба тазоҳурот дар назди сафоратхонаҳои Исроил ва Амрико ташвиқ карда, аз иттиҳодияҳо, донишҷӯён ва қонунгузорон хост, то маъракаҳои фишорро барои боз кардани гузаргоҳҳои марзӣ ва иҷозаи расидани кумакҳои башардӯстона ба Ғазза оғоз кунанд.
Ин гурӯҳ гуфтааст, ки Исроил бо баҳонаи нобудии ҲАМОС ҳамлаи заминиро ба Ғазза оғоз карда, бомбборони минтақаро шиддат бахшидааст. Дар пайи ҳамлаҳои рӯзҳои охири Исроил садҳо тан куштаву захмӣ шудаанд.
Аммо Исроил ин ҳама даъвои ҲАМОС-ро рад карда, зикр мекунад, ки ин гурӯҳ дар шаҳри Ғазза “истеҳкоми мудофиавиеро сохтааст, ки назираш дар ҷаҳон нест”.
Дар ҳамин ҳол, як комиссиюни таҳқиқотии СММ рӯзи 16-уми сентябр эълон кард, ки Исроил дар Ғазза даст ба “наслкушӣ” задааст ва мақомоти баландпояи Исроил, аз ҷумла нахуствазир Бенямин Нетаняҳу “ин амалҳоро таҳрик додаанд”.
Дар гузориш зикр мешавад, ки миқёси кушторҳо, масдуд кардани ёриҳо, ихроҷи маҷбурӣ ва хароб кардани беморхонаи табобати безурётӣ намунаи намунаи наслкушӣ аст.
Нави Пиллай, раиси комиссиюни таҳқиқот оид ба минтақаи ишғолии Фаластин ва ҳам собиқ додраси Додгоҳи байналмилмилалии ҷиноятҳо гуфт: “Дар Ғазза наслкушӣ ҷараён дорад”. Ӯ афзуд, “масъулияти ин ҷиноятҳои ваҳшатнок ба дӯши мақомоти баландпояи Исроил аст, ки маъракаи наслкуширо давоми ду соли охир бо мақсади ҳадафмандонаи аз байн бурдани гурӯҳи фаластиниён дар Ғазза ба роҳ мондааст”.
Сафири Исроил дар дафтари СММ дар Женева Даниэл Мерон гузоришро “ҷанҷолбарангез” ва “сохтакоришуда” номида гуфт, ки муаллифони он “афроди мавриди эътимоди ҲАМОС” мебошанд. ҲАМОС-ро ИМА ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ меноманд, аммо СММ ин тавр намеҳисобад.
Бояд гуфт, низоъ дар Ғазза рӯзи 7-уми октябри соли 2023, баъди фишору ғасбкориҳои пайвастаи Исроил ба Фаластин ва бо ҳамлаи ҷангҷӯёни гурӯҳи ҲАМОС ба Исроил оғоз шуд. Дар ҳамлаи худ ҲАМОС 1200 исроилиро кушт ва 250 касро гаравгон гирифт. Дар пайи ин артиши Исроил ба Ғазза ҳуҷум ва наворро бомбборон кард, ки то ҳол идома дорад.
Дар ин миён бо миёнравии Қатару Миср чанд маротиба миёни Исроил ва ҲАМОС барои чанд муддат оташбас эълон шуд ва чанде аз асирон раҳо ва ҷасади чанд нафар баргардонида шуданд. Аммо дар ниҳоят ҳеҷ як оташбас пойдор намонд ва ҷанг идома кард.
Дар пайи ҳамлаҳои артиши Исроил, то кунун беш аз 60 ҳазор сокини навори Ғазза кушта шуданд, ки бештари онҳо занону кӯдакон мебошанд. Куштори сокинони осоишта ва махсусан занону кӯдакон, ҳуҷум ба марказҳои имдодрасонӣ ва тиббӣ, масоҷиду макотиб ва дар муҳосираи комил нигоҳ доштани сокинони навори Ғазза аз сӯйи Исроил борҳо мавриди интиқоти ҷомеаи балналмилал қарор гирифтааст, аммо ҳукумати Нетаняҳу ин ҳамаро нодида гирифтааст.





Хозяин гор. Как тяньшанский бурый медведь выживает в Таджикистане?
Легионер сборной Таджикистана Абдулмажид Кудиев стал чемпионом Ирана
«На аукцион никто не пришел». Известная чайхана «Харбуза» в Гиссаре снова не нашла покупателя
На лошади и с биноклем. Как Сафарби – единственная женщина-лесник в Таджикистане – охраняет «Даштиджум»
По инициативе Таджикистана Генассамблея ООН объявила 2027-й Международным годом правовой грамотности
Huawei представляет Mate X7 и линейку новых инновационных устройств
Погранслужба КР: 80% госграницы между Баткенской областью и Таджикистаном обнесены заграждениями
Памир и Тянь-Шань тают: сможет ли программа АБР спасти воду региона?
Баходур Усмонов стал официальным претендентом на титул чемпиона мира WBA
В Таджикистане запущена новая национальная платформа объявлений — Paydo
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста