Давоми чанд ҳафтаи охир ҳудуди даҳ кишвар давлати Фаластинро ба расмият шинохтанд ва ба ҳаққи мардуми ин сарзамин барои ташкили давлат таъкид намуданд. Сарвазири Исроил аз ин интиқод кард ва бори дигар мухолифи ташкили давлати Фаластин буданашро иброз дошт. Коршиносон мегӯянд, эътирофи кишварҳо метавонад мавқеи сиёсӣ ва дипломатии Фаластинро тақвият бахшад, аммо поёни ҷанг нест. Ин қазия роҳи ҳалли сода надорад.

 

Эътироф – роҳи ягона ба сӯйи сулҳ

Моҳи гузашта аз ҷумла Фаронса, Британияи Кабир, Люксембург, Монако, Астралия давлати Фаластинро расман эътироф карданд. Ин давлатҳо даҳсолаҳо аз эътирофи Фаластин ҳамчун давлат бо ҳар баҳона ва бар нафъи Исроил худдорӣ мекарданд. Аммо ахиран дар пайи амалкарди Тел-Авив ва сиёсатмадорону низомиёни ин кишвар дар Навори Ғазза, ки аз сӯйи аксар созмонҳои ҳуқуқи башар, аз ҷумла СММ наслкушӣ унвон шуд, маҷбур ба эътирофи ин давлати арабӣ шуданд.

Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса зимни эълони эътирофи Фаластин гуфт, “ваъдаи эъмори давлати арабӣ (Фаластин) то ҳол иҷронашуда боқӣ мондааст” ва “мо масъулияти умумӣ дорем, ки то ҳол натавонистем дар Шарқи Наздик сулҳи боадолат ва устувор офарем”.

“Эътирофи ҳаққи қонунии мардуми Фаластин ҳеҷ гоҳ ҳаққи мардуми Исроилро, ки Фаронса аз оғоз ҳимоят мекард, кам намекунад... Мо эътимод дорем, эътироф ягона роҳе, ки ба Исроил сулҳ меорад”, - гуфт Макрон.

Қариб кулли роҳбарони кишварҳо зимни эътирофи Фаластин ба он таъкид карданд, ки ин кишвар ҳаққи ҳастӣ чун давлат дорад ва “ҲАМОС”, гурӯҳе, ки дар Ғазза бо Исроил меҷангад, бояд халъи силоҳ шавад ва аз сиёсат ва идораи оянда дар Фаластин канор равад.

Дар посух ба ин эътирофҳо, Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил дар Маҷмааи умумии СММ ба ҳарфи ҳеҷ яке аз роҳбарони ҷаҳон гӯш надод, даъватҳо барои оташбасро нодида гирифт ва эътирофи Фаластинро “шармандагӣ” номида, ба бомбборону муҳосираи Ғазза вусъат бахшид.

Танҳо баъди мулоқот бо Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар Кохи Сафед, Нетаняҳу ба оташбас дар Ғазза розӣ шуд, аммо боз ҳам мухолифати худро бо қарори ташкили давлати Фаластин иброз дошт.

Дар ҳоле, ки даъвату ҳушдору суханҳои ҳеҷ як роҳбари давлат ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ наметавонад Исроил ва нахуствазири он Нетаняҳуро аз идомаи куштори даҳҳо ҳазор сокини осоиштаи Ғазза боздорад, эътирофи чанд кишвар то куҷо метавонад Фаластинро аз “чангол”-и Исроил раҳо кунад ва дар Шарқи Наздик сулҳ пойдор гардад?

 

Эътироф поёни ҷанг нест

Аксари коршиносони масоили сиёсӣ, бахусус таҳлилгарони ҳаводиси Шарқи Наздик ба ин андешаанд, ки “қатор”-и эътирофҳо наметавонад ба ин зудӣ ба ҷанг дар Ғазза хотима бахшад ва сулҳро дар минтақа барқарор кунад.

Қосим Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик, ки ҳаводиси Шарқи Наздикро солҳо таҳлил мекунад ва пӯшиш медиҳад, ба ин назар аст, ки ба расмият шинохта шудани Фаластин аз сӯи чанд кишвари дигари ғарбӣ дар шароити кунунӣ наметавонад пеши роҳи ҷангро бигирад, аммо аз аҳамияти сиёсӣ бархурдор буда, то ҷойе мувозинаи дипломатиро тағйир медиҳад.

Қосими Бекмуҳаммад
Акс аз Қосими Бекмуҳаммад пешниҳод шуд

“Фаластин имкони дастрасии бештари қонунӣ ба ниҳодҳои байналмиллалӣ пайдо мекунад. Эҳтимол дорад кишварҳое, ки ахиран истиқлоли Фаластинро ба расмият шинохтанд, ҳамкориҳои низомии худро бо Исроил маҳдуд кунанд”, - зикр мекунад ӯ.

Ин таҳлилгари тоҷик мегӯяд, “агар ҳадди ақал теъдоде аз кишварҳои калидии ғарбиву шарқӣ ҷуръати таҳримҳои низомӣ ва иқтисодии Исроилро дошта бошанд, мумкин аст Нетаняҳу водор ба ақибнишинӣ шавад. Зеро дар ғайри он, вазъияти дохилии иқтисодиву иҷтимоии Исроил бо мушкилоти зиёде бар хоҳад хурд. Аммо феълан ба далелҳои маълум наметавон интизори чунин кореро дошт”.

Филип Сандс, устоди улуми ҳуқуқшиносӣ дар як подкаст ба рӯзномаи “New York Times” гуфтааст, “барои бисёриҳо ин (эътирофи давлати Фаластин) рамзӣ ба назар мерасад, аммо дар асл як тағйири бозӣ аст, зеро вақте давлати Фаластинро ба расмият мешиносед, Фаластин ва Исроилро аз назари ҳуқуқи байналмилалӣ дар ҷойгоҳи баробар қарор медиҳед”.

Ба андешаи Аднон Ҳамдон, коршиноси фаластинӣ, ба расмият шинохтани давлати Фаластин таҳаввулест дар гуфтумони сиёсӣ дар Британияи Кабир ва паёме ба ҷаҳон, ки ҳаққи фаластиниҳо барои озодӣ ва ташкили давлат побарҷост.

Ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ
Акс аз манбаъҳои боз

Ӯ мегӯяд, ин тасмим тавозуни қудрат дар майдонро тағйир намедиҳад, аммо бар мавқеъгириҳо таъсир гузошта, ба фаластиниҳо имкон медиҳад, ки дар арсаи дипломатӣ аз он истифода кунанд.

Билол Ашшубакӣ, устоди илмҳои сиёсӣ дар Донишгоҳи Алхалил, дар гуфтугӯ бо телевизиони “Ал-ҷазира” гуфтааст, ки баъзе кишварҳо ба расмият шинохтани давлати Фаластинро ҳамчун василае барои ҷазо додани режими дар Исроил ҳоким ва қатъи наслкушӣ дар Ғаза ба кор бурданд, вале онҳо роҳҳои муассиртаре доштанд, аз қабили “ҷорӣ намудани таҳримҳо ва қатъи робитаҳои дипломатӣ”, ки метавонистанд аз он кор гиранд.

 

Ин ҷуръат аз куҷост?

Дар ҳоле, ки қариб 60 сол ба ин сӯ Созмони милали муттаҳид бо қабули қатъномаи хос ба асли “ду давлат-ду миллат” таъкид мекунад ва дар ин муддат қариб 150 давлат Фаластинро ба расмият шинохтанд, Исроил ва чанд кишвари дигар мухолифи ташкили давлати Фаластин ҳастанд.

Гузашта аз ин, ҳама қарорҳои СММ ва изҳороти созмонҳои бонуфузи дифоъ аз ҳуқуқи башар дар мавриди наслкушии артиши Исроил дар Ғазза аз сӯйи Тел-Авив нодида гирифта шудааст ва ҳеҷ паёмадеро дар пай надоштааст.

Бенямин Натанёҳу дар остонаи иҷлоси ахири Маҷмаъи умумии СММ тамоми талошҳои ҷомеаи ҷаҳониро барои ташкили давлати Фаластин рад кард ва гуфт, чунин тарҳро қабул надорад ва ҳеч гоҳе давлати Фаластин арзи вуҷуд нахоҳад кард.

Қосим Бекмуҳаммад мегӯяд, ҷуръати Исроил барои қарор гирифтан дар муқобили бештари дунё аз он ҷост, ки аз ҳимоятҳои бе қайду шарти Амрико бархурдор аст ва ангезае барои тағйири сиёсати низомияш нисбат ба Фаластин надорад.

Ғазза
Акси аз AP Photo / Abed Khaled

“То кунун Амрико ба Исроил кумакҳои бедареғи миллиардии низомӣ, иқтисодӣ ва иттилоотӣ анҷом дода, ҳама қатъномаи Шӯрои амниятро дар мавриди оташбас ва куштори ғайринизомиён дар Ғаза вето кардааст. Маҳз Трамп тарҳи кӯчи иҷбории мардуми Ғаза ба кишварҳои ҳамсояро матраҳ кард, ки бо тамоми қонунҳо ва муъоҳидаҳои байналмиллалӣ дар мухолифат қарор дорад.

Ба назар мерасад, ки иқдомоти низомии Исроил ба ИМА имкон медиҳад, то худро танҳо қудрати соҳиби тасмим дар Ховари Миёна эҳсос кунад ва ҳамзамон нишон диҳад, ки нақши боқии қудратҳову кишварҳо дар ин минтақа муҳим нест”, - зикр мекунад Қосим Бекмуҳаммад.

 

Роҳи ҳал содда нест

Ҳоло роҳи ҳалли қазияи Фаластин аз нигоҳи ҷонибҳо тафовут дорад. Фаластин, гурӯҳҳои муқовиматгари дохили он ва кишварҳое мисли Эрон ва Арабистони Сауди Исроилро эътироф намекунанд ва қаламравҳои зери назари онро хоки Фаластин медонанд.

Исроил, дар мисоли нахуствазири кунуниаш, ба ташкили давлати Фаластин муқобил аст. Маъмултарин дидгоҳ, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба он таъкид мекунад, иҷрои қатъномаи СММ аз соли 1967 аст, ки ташкили “ду давлат - ду миллат”-ро пешбинӣ мекунад ва сарҳадҳо ҳам мушаххас шудааст. Аммо ба далели пуштибонии қавии Амрико аз ҳар иқдоми Исроил, он то ҳол иҷро нашудааст.

Харитаи Фаластин аз соли 1947 то 2005
Акс аз манбаъҳои боз

Қосим Бекмуҳаммад мегӯяд, дарвоқеъ, вақте нақши СММ ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ камасар шудаву қудратҳову кишварҳои бонуфуз тамоюл ба ворид шудан ба қазияи Фаластину Исроилро надоранд, мутаассифона, ҳарфи аввалро (дар ҳалли қазияи Фаластин) ИМА хоҳад зад. Аммо бо ин вуҷуд, роҳи ҳалли ин қазия сода нест.

“Исроил дар хоки мутааллиқ ба Фаластин он қадар шаҳраксозӣ кардааст, ки даст кашидан аз он фақат таҳти фишорҳои шадиду ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ҷаҳони ислом, имконпазир аст. Мутаассифона, феълан фишорҳо дар ҳадде нестанд, ки Исроилро водор ба ақибнишинӣ кунад. Бинобар ин, роҳи ҳалли содаи масъала вуҷуд надорад” – зикр мекунад Қосим Бекмуҳаммад.

Ҳамакнун, теъдоди кишварҳое, ки давлати Фаластинро расман эътироф мекунанд, ба 157 расид. Чанд давлате, ки эътироф намекунанд, кӯчакдавлатҳо ҳастанд, ки дар сиёсатгузориҳо таъсири муассире надоранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.