Безарарсоз ӣ - масъалаи ҳаётан муҳими рушди милл ӣ
Дар таърихи 20 июни соли 2003 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи Рушди СММ ҳуҷҷати «Дастгирии кӯшишҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи проблемаҳои минаҳо»-ро имзо намуданд, ки дар натиҷа Маркази Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо (МТММ) таъсис дода шуд. Маркази мазкур сохтори ҳукуматӣ буда, масъули идораи тамоми масъалаҳои вобаста ба минаҳо дар Тоҷикистон мебошад. Марказ мақоми иҷроияи Комиссияи оид ба татбиқи ҳуқуқи байналмилалии башардӯстонаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, танзими кулли масъалаҳои марбут ба минаҳоро дар кишвар ба роҳ мемонад.
Мусаллам аст, ки минаҳои зиддиинфиродӣ ва муҳимоти натаркидаи давраи ҷангӣ барои истифода бурдани заминҳои киштбоб ва чарогоҳҳо дар мамлакат монеаи ҷиддӣ пайдо намуда, то ҳанӯз ба аҳолӣ мушкилоти иқтисодӣ ва зарари молию ҷонӣ пеш меоранд. Мушкилоти минаҳои заминӣ ва муҳимоти боқимондаи давраи ҷанг ба одамон азобу кулфат оварда, ба талаф гардидани чорвои хонагӣ низ сабаб мегарданд.

Мушкилоти минаҳои зиддиинфиродӣ ҳоло ҳам масъалаи рӯзмарра дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобида мешавад. Бинобар ин, безарарсозӣ ҳамчун яке аз масъалаҳои ҳаётан муҳим дар доираи нақшаи рушди миллӣ ба шумор меравад. Минаҳо шаҳрвандони дар минтақаҳои зери хатар қарордоштаро ҳанӯз ҳам маъюб намуда, ҳатто ба ҳалокат мерасонанд. Минтақаҳои сарҳадоти Тоҷикистон—Афғонистон, Тоҷикистон - ӯзбекистон ва манотиқи ҳарбу зарби минтақаи марказӣ ҳоло ҳам хатарнок буда, аҳолии камбизоати маҳаллӣ маҷбуранд дар чунин манотиқи аз муҳимоти натаркида тоза нашуда зиндагӣ намоянд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи стратегии панҷсола оид ба барномаи «Амалиёти зидди минаҳо барои солҳои 2010-2015» тасдиқ намуд, ки он бо нақшаи рушди миллӣ алоқаманд мебошад. Кӯшиш ва ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо назаррас буда, торафт зиёд шуда истодаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2000 ба Конвенсияи Оттава ҳамроҳ шуд ва ҳамчунин узви Протоколи 2 ислоҳшуда ва Протоколи 5 Конвенсияи манъи истифодаи навъҳои мушаххаси силоҳи муқаррарӣ мебошад. Бо сабабҳои воқеӣ пурра анҷом додани ӯҳдадориҳои Тоҷикистон мутобиқи моддаи 5 Конвенсияи Оттава имконнопазир буд. Бинобар ин, барои дароз намудани мӯҳлати ниҳоии иҷроиши ӯҳдадориҳо, МТММ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон барои баррасӣ ба Президенти ҷаласаи нӯҳуми Конвенсияи Оттава дархости расмиро пешниҳод намуд, ки мувофиқи он мӯҳлати ӯҳдадориҳои Тоҷикистон барои 10 соли оянда, яъне то 1 апрели соли 2020 дароз карда шуд. Ин санад дар Конфронси дуюми ҷамъбастии Конвенсияи Оттава аз ҷониби давлатҳо-аъзоёни он (ноябр-декабри соли 2009, Картахена, Колумбия) расман дастгирӣ ва тасдиқ гардид.
Дастгириҳои молиявии маблағгузорони ҷаҳонӣ ба Маркази Тоҷикистон оид ба масъалаи минаҳо имконият дод, ки иқтидори миллиро барои банақшагирӣ, роҳбарӣ, танзимкунӣ ва иҷроиши ҳамаи амалиётҳои минаҳо дар ҷумҳурӣ, хусусан чорабиниҳои огоҳсозии аҳолӣ, ҷамъоварии иттилоот ва сабткунӣ, татбиқи афзалиятнокии супоришҳо, нишонагузорӣ, поксозии минаҳо, ҷамъоварии маълумот оид ба ҷабрдидагони мина, ҳамкорӣ бо шарикони дигар ва таъмини сарвақтии фаъолиятҳои поксозӣ пурзӯр намояд.
Дар соли 2011 ба воситаи фаъолияти 7 дастаи минаҷӯён, 6 дастаи сагҳои минаҷӯй (СМ), 2 дастаи поксозии механикии Фонди Шветсариягӣ оид ба безарарсозии минаҳо (ФШБМ), 1 дастаи минаҷӯён ва поксозии механикии Вазорати мудофиа ва 4 дастаи минаҷӯёни Кӯмаки мардуми Норвегия (КМН), таъсир ва таҳдиди минаҳои зиддиинфиродӣ бар ҷамоаҳои камбизоат паст карда шуд. Бар замми ин, шумораи зиёди ҷабрдидагони минаҳо тавонистанд, дар доираи ин барнома табобати тиббӣ гиранд. Саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти солонаи барнома тахминан ба $ 600,000 кӯмаки техникӣ баробар меояд.
Бояд қайд кард, ки дар давоми соли гузашта 38 қитъа замин аз минаҳо ва дигар муҳимоти нотаркида тоза гардида, барои истифода ба мақомотҳои маҳаллӣ супорида шуд. Маркази Тоқикистон оид ба масъалаҳои минаҳо бо дастгирии Барномаи Рушди СММ ва ҳамкорони ватанию хориҷӣ саъй дорад, ки то соли 2015 тахминан 75 фоизи заминҳои афзалиятноки заҳролудшударо аз минаҳо ва дигар муҳимоти тарканда безарар намояд.
БО МУСОИДАТИ БРСММ ДАР ТОҶИКИСТОН ОМОДА ГАРДИД




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста