Рақибони дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми футболи ҷаҳон-2026 маълум шуданд. Инҳо дастаҳои Арабистони Саудӣ, Урдун ва ғолиби ҷуфти Камбоҷа - Покистон мебошанд. Ин дастаҳо дар гурӯҳи G бозӣ мекунанд. Бозиҳои аввал моҳи ноябри соли 2023 баргузор мешаванд.

То оғози чемпионати ҷаҳон ҳоло 3 сол вақт ҳаст, лекин дар Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) аллакай марҳилаи интихобӣ оғоз мегардад.

Рӯзи 27 июл дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпур (Малайзия) маросими қуръакашии ду марҳилаи аввали интихобии Чемпионати ҷаҳон-2026, ки дар се кишвари Амрикои Лотинӣ - ИМА, Канада ва Мексика доир мегардад, баргузор шуд.


Дар Конфедератсияи футболи Осиё марҳилаи интихобии Чемпионати футболи ҷаҳон-2026 аз 5 давр иборат аст.

Дар марҳилаи аввал 20 дастаи рейтингашон пасти ФИФА бо ҳамдигар ду бозӣ гузаронида, 10 дастаи ғолиб ба марҳилаи минбаъда роҳ меёбанд.

Дар марҳилаи дуюм онҳо ба 26 дастаи рейтингашон баланд ҳамроҳ шуда, ин 36 даста ба 9 гурӯҳи ҳар кадоме иборат аз 4 даста тақсим мешаванд.

Дастаҳое, ки зинаҳои 1-ум ва 2-юмро ишғол мекунанд, ба марҳилаи сеюм баромада, ҳамзамон ба даври финалии мусобиқаи навбатии Ҷоми Осиё роҳхат мегиранд. Дар марҳилаи сеюм 18 даста ба 3 гурӯҳи ҳар кадоме иборат аз 6 даста тақсим мешаванд. Ду дастаи аввали ҳар кадоме аз гурӯҳҳо мустақиман ба даври финалии Чемпионати ҷаҳон-2026 роҳхат мегиранд.

Дастаҳое, ки зинаҳои 3-юм ва 4-умро ишғол мекунанд, дар марҳилаи 4-ум ба 2 гурӯҳи ҳар кадоме иборат аз 3 даста тақсим шуда, дастаҳои ғолиби ин ду гурӯҳ ба тимҳои иштирокчии даврии финалии ЧҶ-2026 ҳамроҳ мешаванд.

Ва дар ниҳоят дар даври 5-уми марҳилаи интихобӣ ду дастае, ки дар даври 4-ум дар гурӯҳҳои худ зинаи дуюмро ишғол мекунанд, бо ҳамдигар бозӣ карда, ғолиби вохӯрӣ ба бозии байниқитъавӣ роҳхат мегирад.

Ҷоми ҷаҳон-2026. Мусобиқаи интихобӣ

Марҳилаи дуюм. Гурӯҳи «G»

Даври 1

16 ноябри соли 2023

ТОҶИКИСТОН – Урдун

Даври 2

21 ноябри соли 2023

Камбоҷа/Покистон – ТОҶИКИСТОН

Даври 3

21 марти соли 2024

Арабистони Саудӣ – ТОҶИКИСТОН

Даври 4

26 марти соли 2024

ТОҶИКИСТОН – Арабистони Саудӣ

Даври 5

6 июни соли 2024

Урдун – ТОҶИКИСТОН

Даври 6

11 июни соли 2024

ТОҶИКИСТОН – Камбоҷа/Покистон

Натиҷаҳои қуръакашии марҳилаи 2-юм дар Осиё  

Гурӯҳи G: ТОҶИКИСТОН, Урдун, Арабистони Саудӣ, ғолиби ҷуфти  Камбоҷа-Покистон

Гурӯҳи А: Қатар, Ҳиндустон, Кувейт, ғолиби ҷуфти Афғонистон – Муғулистон

Гурӯҳи В: Ҷопон, Сурия, Кореяи Шимолӣ, ғолиби ҷуфти  Мянма – Макао

Гурӯҳи С: Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Таиланд, ғолиби ҷуфти  Сингапур – Гуам

Гурӯҳи D:  Уммон, Қирғизистон, Малайзия, ғолиби ҷуфти Тайбэйи Чин -  Тимори Шарқӣ

Гурӯҳи Е:  Эрон, Ӯзбекистон, Туркманистон, ғолиби ҷуфти  Гонконг – Бутан

Гурӯҳи F:  Ироқ, Ветнам, Филиппин, ғолиби ҷуфти  Индонезия – Бруней

Гурӯҳи H:  АМА, Баҳрайн, ғолибони ҷуфтҳои Яман – Шри Ланка, Непал – Лаос

Гурӯҳи I:  Австралия, Фаластин, Лубнон, ғолиби ҷуфти  Малдив – Бангладеш.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.