Станислав Черчесов, сармураббии мунтахаби футболи Қазоқистон барои беэҳтиромӣ ба забони давлатии ин кишвар, яъне забони қазоқӣ муҷозот шуд. Дар ин бораи хабаргузории tengrisport.kz иттилоъ медиҳад.
Ба навиштаи ин расона, як хабарнигор, ки ба тан либосе бо навиштаи забони фаронсавӣ дошт, баъди рақобати тимҳои Қазоқистону Словения ба Черчесов бо забони қазоқӣ суол дод ва дар посух Черчесов гуфт: “Ту ҳоло фаронсавӣ суҳбат мекунӣ?”, - гуфт Черчесов. Баъд аз ин бо ёрии тарҷумон ба суоли хабарнигор ҷавоби муфассал дод.
Дар пайи ин, мухлисони футбол ва ҷомеаи Қазоқистон эътироз карда, суханҳои Черчесовро беэҳтиромӣ нисбат ба забони давлатӣ унвон карданд.
Президенти Федератсияи футболи Қазоқистон Адолат Барменқулов рӯзи 17-уми октябр баъд аз нишасти матбуотӣ бо Черчесов дар бораи аҳамияти эҳтиром ба забони давлатӣ суҳбат шуд ва ӯро ҷарима бастанд.
Барменқулов гуфт, “шӯхии Черчесов аз меъёр гузашта буд. Ман шахсан бо ӯ суҳбат кардам ва барояш аҳамият ва авлавияти забони давлатиро фаҳмондам”.
Ҳамин тавр, Черчесов ба маблағи 738 ҳазору 400 танга (ҳудуди 16 ҳазор сомонӣ) ҷарима шуд.
Федератсияи футболи Қазоқистон ҳам навишт, ки Черчесов “ба забони қазоқӣ эҳтироми зиёд дорад” ва онро “фаъолона меомӯзад”, аммо муаллими забони қазоқии мураббии футбол ба расонаҳои ин кишвар гуфтааст, ки Черчесов то ҳол танҳо дар як дарс иштирок кардааст.
Ин аввалин моҷарои Черчесов дар Қазоқистон нест. Пештар аз ин, дар яке аз аввалин нишастҳои матбуотии худ вақте ба ӯ ба забони қазоқӣ саволе доданд, Черчесов гуфт: “Оё метавонам ба шумо бо забони осетинӣ ҷавоб диҳам?”.
Ёдовар мешавем, ки Станислав Черчесов аз соли 2016 то 2021 сармураббии тими футболи Русия буд.
Черчесов баъди тарки вазифаи сармураббии тими миллии Русия дар дастаҳои “Легия”-и Лаҳистон ва “Ференцварош”-и Маҷористон кор карда, моҳи июни соли 2024 раҳбарии тими миллии футболи Қазоқистонро бар ӯҳда гирифт.