Таҳлилгарони Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) изҳор доштанд, ки қарзи давлатии ҷаҳонӣ дар сатҳи хеле баланд қарор дорад.

«Интизор меравад, ки то охири соли ҷорӣ он ба зёда аз 100 триллион доллари ИМА расида, ба 93%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и ҷаҳонӣ баробар шавад ва то соли 2030 ба 100% ММД наздик шавад. Ин 10 банди фоизӣ зиёдтар аз ММД-и соли 2019 аст, яъне пеш аз пандемия», — омадааст дар сомонаи Хазина.

Тибқи арзёбии ХБА, ҳарчанд вазъ яксон набошад ҳам (дар ду аз се ҳиссаи кишварҳо устувор шудан ё камшавии қарзҳо дар назар аст), оянда сатҳҳои қарз ҳатто аз пешгӯиҳо зиёд шуда метавонанд.

«Барои устувор кардан ё коҳиш додани он эҳтимолан нисбат ба пешгӯиҳои ҳозира ба ислоҳоти буҷетии назаррас ниёз хоҳад буд», — таъкид мекунанд мутахассисони ХБА.

Онҳо ба мақомоти кишварҳо тавсия медиҳанд, ки хатари қарзҳоро аз ҳоло бо сиёсати дақиқи молиявӣ ва буҷетӣ, ки ҳамзамон ҳифзи рушди иқтисодӣ ва хонаводаҳои осебпазирро таъмин намояд, пешгирӣ кунанд ва ҳамзамон давра ба давра аз сабуксозии сиёсати пуливу қарзӣ истифода баранд.

Бадтар аз интизориҳо

Онҳо таъкид мекунанд, ки таносуби қарзи ҷаҳонӣ ба ММД дар панҷ соли наздик метавонад 10 фоиз аз пешгӯиҳо баландтар бошад.

«Дар сенарияи хеле манфӣ қарзи давлатии ҷаҳонӣ дар се соли оянда метавонад ба 115% ММД бирасад, ки ин тақрибан 20 банди фоизӣ аз пешбинии кунунӣ зиёд аст», — омадааст дар мавод.

Таҳлилгарони ХБА пешбинӣ мекунанд, ки қарз дар ду аз се ҳиссаи кишварҳо устувор ё кам шуда, аммо сарбории қарзӣ ҳанӯз ҳам хеле баландтар аз интизориҳои пеш аз пандемия боқӣ хоҳад монд.

Дар назар аст, ки қарзи давлатӣ дар кишварҳое чун ИМА, Британияи Кабир, Бразилия, Фаронса, Италия ва Африқои Ҷанубӣ афзоиш ёбад.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар қарздоранд?

Тибқи маълумоти омории кишварҳои минтақа, то аввали соли ҷорӣ бузургтарин қарзи давлатӣ дар Қазоқистон 59,8 млрд доллар ва қарзи нисбатан ночизтар дар Тоҷикистон - $3,6 млрд доллар сабт шуда буд.

Аз рӯи таносуби қарзи давлатӣ ба ММД, дар мақоми мусоидтарин қарзи Туркманистон (5%) қарор дошта, таносуби баландтарини қарз ба ММД дар Қирғизистон (45,2%) ба қайд гирифта шудааст.

Дар маҷмӯъ, ҳаҷми қарзи давлатии кишварҳои Осиёи Марказӣ то 1 январи соли 2024 тариқи зайл аст:

- Қазоқистон - 59,8 млрд доллар, 23% нисбат ба ММД;

-Ӯзбекистон – 34,9 млрд (29,6 млрд — хориҷӣ, 5,3 млрд - дохилӣ), 34,4 % нисбат ба ММД.

- Қирғизистон – 6,2 млрд доллар (4,6 млрд – хориҷӣ, 1,6 млрд – дохилӣ), 45,2 % нисбат ба ММД;

- Туркманистон - 3,8 млрд доллар, 5% нисбат ба ММД;  

- Тоҷикистон - 3,6 млрд доллар (3,2 млрд – қарзи хориҷӣ, $0,4 млрд – қарзи дохилӣ), 30,2 % нисбат ба ММД;

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.