Ширкати рейтингӣ (радабандӣ)-и байналмилалии “Moody’s Investors Service” рейтинги қарзии соҳибихтиёрии Тоҷикистонро бинобар беҳтар шудани нишондиҳандаҳои иқтисодии кишвар аз дараҷаи «B3» бо дурнамои “устувор” ба дараҷаи «B3» бо дурнамои “мусбат” баланд бардошт.
Тавре ки Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, ба болоравии рейтинг омилҳои зерин, аз қабили рушди устувори иқтисодӣ ва афзоиши захираҳои байналмилалӣ, ки имкон медиҳанд Тоҷикистон уҳдадориҳояшро дар самти хизматрасонии қарзи беруна ва коҳиш додани фишори эҳтимолӣ ба тавозуни пардохт сари вақт иҷро намояд, мусоидат намуданд.
“Инчунин таҳкими нишондиҳандаҳои берунӣ тайи солҳои охир, маблағгузории иловагии имтиёзнок аз ҷониби шарикони рушд барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти миёнамуҳлати лоиҳаҳои муҳимми давлатӣ низ ба болоравии рейтинг таъсир расониданд”, - зикр мешавад дар хабари Бонки миллии ҷумҳурӣ.
Гуфта мешавад, ширкати рейтингии байналмилалии “Moody’s Investors Service” яке аз ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, рейтинги қарзии кишварҳо ва таҳлили хавфҳои онҳоро муайян мекунад ва дар қатори Standard & Poor’s ва Fitch Ratings ба “сегонаи бузургтарин”-и ширкатҳои рейтингии байнулмилалӣ дохил мешавад.
Интишори натиҷаҳои баҳодиҳии рейтинги қарзии соҳибихтиёрӣ яке аз талаботҳои асосии ворид шудан ба бозорҳои байналмилалии сармоя ба шумор рафта, дар рушди сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, бонкҳои сармоягузорӣ ва шарикони рушд нақши мусбат дошта метавонад.
Қаблан зикр гардида буд, ки Агентии байнулмилалӣ оид ба рейтингҳо (радабандиҳо)-и Standard & Poor's Global Ratings мавқеи Тоҷикистонро дар радабандии дарозмуҳлат оид ба уҳдадориҳо дар асъори хориҷӣ ва миллӣ аз «В-» то «B» беҳтар кард. “Агентӣ ба ҷумҳурӣ “пешгӯии устувор”-ро муносиб донист”.





Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 8 декабря 2025 года
Мебельные цеха в Душанбе, где делают качественную уютную мебель
В Душанбе сносят УМВД. Рассказываем историю этого здания
Сколько лет нужно копить на квартиру в странах Центральной Азии?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 7 декабря 2025 года
«Когда всё хорошо - песни не пишутся»: Мубориз Усмонов о вдохновении, дружбе и пути артиста
Сборная Узбекистана узнала соперников на жеребьевке ЧМ-2026
Что такое фемицид и как с ним борются в Европе, Азии и на Кавказе
Зоир Джурабоев продлил контракт с «Согдианой» и проведёт в клубе ещё один сезон
Эмомали Рахмон поздравил Садыра Жапарова с днем рождения
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста