Ҳузури нерӯҳои Русия дар марз бо Украина хатари ташдиди ташаннуҷ миёни ду кишвар ва таҳримҳои нави Ғарб алайҳи Русияро зиёд мекунад, гуфта мешавад дар гузориши агентии рейтингии Moody's.
Ба далели равобити иқтисодӣ, молӣ ва энергетикӣ бо Русия, инчунин пардохтпазирии заиф ва мавқеъи хориҷии онҳо, ин метавонад ба кишварҳои ИДМ тавассути роҳҳои гуногун таъсир расонад, зикр мешавад дар як пажӯҳиши таҳлилгарони агентии рейтингӣ, ки Forbes онро баррасӣ кардааст.
Гуфта мешавад, дар иртибот ба даргириҳо миёни Русия ва Украина, ҳамчунин Беларус ва Қирғизистони ҳамсоя низ бештар осебпазиранд.
Камшавии интиқоли пули муҳоҷирони корӣ дар сурати коҳиши иқтисоди Русия аз ҷумлаи хавфҳои аслии ин кишварҳо унвон мешаванд.
Коршиносони Moody's бар ин назаранд, ки хатарҳои марбут ба низоъ барои кишварҳои ИДМ нисбатан кам хоҳад буд, ба шарте, ки таҳримҳои эҳтимолӣ алайҳи Русия боиси коҳиши ҷиддии иқтисоди Русия нашавад.
Тибқи назари Moody's таҳримҳо алайҳи Русия ба кишварҳои ИДМ, ки дар интиқоли пули муҳоҷирон бештар аз Русия вобастаанд - Қирғизистон ва Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад.
Таҳлилгарон менависанд, ки коҳиши эҳтимолии иқтисоди Русия ва дар пайи он кам шудани интиқоли пули муҳоҷирони корӣ ба қобилияти қарздиҳии Қирғизистон ва Тоҷикистон зарба мезанад.
Афзоиши эҳтимолии ташаннуҷ, ки боиси заифшавии назарраси рубл мегардад, метавонад ба асъори кишварҳои ИДМ таъсири манфӣ расонад ва хавфи пардохтпазириро, бахусус барои кишварҳое, ба мисли Белорус, Тоҷикистон ва Гурҷистон, ки ҳиссаи баланди қарзи онҳо дар асъори хориҷӣ ифода ёфтааст, афзоиш диҳад.
Мақомоти Русия ҳар гуна нияти ҳамла ба Украинаро рад мекунанд. Дар навбати худ мақомоти Ҷумҳуриҳои мардумии худхондаи Донетск ва Луганск рӯзи 18 феврал бар асари таҳдиди ҳамлаи Украина дар бораи ба Русия кӯчонидани сокинон хабар доданд.
Киев ин гуна нақшаҳоро рад ва ва иддао мекунад, ки ният дорад низоъро бо роҳи дипломатия ҳал кунад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Учительница-блогер с миллионными просмотрами. Как Наргис Курбонова покоряет соцсети и вдохновляет коллег
Таджикистанка рассказала, из-за чего паломники застряли в Саудовской Аравии
В Душанбе открыли памятник известному хафизу Одине Хошиму
Главы МИД СНГ утвердили Программу по укреплению безопасности на внешних границах Содружества
Таджикистан, Узбекистан и Кыргызстан подали совместную заявку на проведение Кубка Азии-2031 по футболу
Правительство Таджикистана поручило разобраться с распределением доходов Рогунской ГЭС
Таджикские сумоисты вернулись с бронзовыми медалями с международного турнира в Ташкенте
Как таджикский стартап zypl.ai привлёк $6 млн за 30 минут
МФСР инвестировал в сельское хозяйство в Таджикистане более $115 млн
Рустам Эмомали единогласно переизбран председателем Маджлиси милли
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста