Шоми рӯзи 9 октябр президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бӯстонсарои шаҳрии ҳукумат барои сарони кишварҳое, ки барои иштирок дар ҳамоиши Осиёи Марказӣ - Русия ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба Душанбе омаданд, зиёфати ғайрирасмӣ орост.

Бо фазои гарму самимиаш он ба як маҳфили шоми дӯстӣ табдил ёфта, меҳмонони олимақом аз табиати сабзу ҳавои тозаи Тоҷикистон ҳаловат бурданд ва аз намоишгоҳи неъматҳои табиии диёри биҳиштосои Тоҷикистон боздид намуданд.

Дар намоишгоҳ даҳҳо намуди сабзавоту полезиҳо, меваҳои аз лиҳози таъму сифат беҳамто, ба мисли ангур, себ, ноку анҷир, хушкмеваҳои босифат, аз қабили чормағзу бодом, мавизу писта ва меваҳои ситрусӣ ба маъраз гузошта шуда буд.

1/23

Аксҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.