Созмони ҳамкории Шонгҳой (СҲШ) бо нашри як изҳорот ҳамлаҳои ахир аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистонро, ки боиси кушта шуда ва захмӣ шудани 10 шаҳрванди Чин шуд, шадидан маҳкум кардааст.
Ин созмон СҲШ дар изҳороти худ, ки 3-уми декабр нашр шудааст, ҳодисаҳои 26 ва 30-юми ноябри соли ҷориро “ҳамлаҳои мусаллаҳонаи гурӯҳҳои ҷинояткор” аз қаламрави Афғонистон номида, ба оилаҳои қурбониён изҳори тасаллӣ баён кардааст.
Дар пайи ду ҳамла ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва Дарвози Тоҷикистон, ки дар охири моҳи ноябри имсол рух дод, панҷ шаҳрванди Чин кушта ва панҷ тани дигар захмӣ шуданд.
“СҲШ аз талошҳои пайвастаи Тоҷикистон барои таъмини амният ва фароҳам овардани фазои ҳамкории мутақобилан судманд ва субот дар минтақаҳои марзии Тоҷикистон ва Афғонистон пуштибонӣ мекунад”, - омадааст дар баёнияи расмӣ.
Ин созмон, таъкид кардааст, ки қаламрави Афғонистон набояд барои таҳдид ба амнияти кишварҳои ҳамсоя ва тамоми минтақа истифода шавад.

Пештар аз ин, Толибон* Эрон ва Покистон ҳам ин ҳамларо маҳкум карда буданд
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории "Reuters" 3-уми декабр эълом кард, матлаберо, ки дар он гуфта мешуд, Тоҷикистон бо Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар мавриди ҷалби нерӯҳои Русия барои назорати муштараки марз бо Афғонистон музокира мекунад, пок кард.
Ин хабаргузорӣ бо нашри як огоҳинома гуфтааст, матлабашро "пас аз санҷиш, ки баъди нашри он гузаронида шуд ва нишон дод, далелҳо нокифояанд" бозпас гирифт. "Reuters" илова кардааст, ки маводи дигаре ба ҷои ин хабар нашр нахоҳад шуд.
Ин расона пас аз он хабарашро пок кард, ки Вазорати корҳои хориҷӣ (ВКХ)-и Тоҷикистон бо нашри изҳороти расмӣ гузориши кумакхоҳии кишвар аз СААД-ро рад кард.
ВКХ-и Тоҷикистон навишт, ки "интишори маълумоти паҳннамудаи Агентии иттилооти “Reuters”-ро доир ба гӯё музокироти идомаёбанда миёни Тоҷикистон ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар мавриди ҷалби низомиёни Русия оид ба посбонии муштарак (гаштзанӣ)-и марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон рад мекунад".
Бояд гуфт, ки дар пайи ду ҳамлаи охир аз хоки Афғонистон ба манотиқии наздимарзии Тоҷикистон 5 шаҳрванди Чин кушта ва 5 каси дигар маҷруҳ шуданд. Ин ҳамлаҳо аввал ба бошишгоҳи як ширкати маъдантозакунӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва баъдан ба як ширктаи роҳсозӣ дар ноҳияи Дарвоз сурат гирифтанд.
Тоҷикистон ин ҳамлаҳоро шадидан маҳкум карда аз “Толибон” хоста буд, ки омилони онро дастгир кунанд.
ВКХ-и ҳукумати Толибон дар вокуниши худ ба ин ҳамлаҳо гуфт, ки ҳамла тавассути гурӯҳҳое анҷом шудааст, ки ҳадафашон “эҷоди бесуботӣ ва беэътимодӣ миёни кишварҳои минтақа аст”.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ин ҳамлаҳоро шадидан маҳкум карда, ба роҳбарони мақомоти қудратии кишвар машварати корӣ баргузор ва дастур дод, ки "доир ба ҳалли масъала ва пешгирӣ аз такрори чунин ҳодисаҳои нохуш аз чораю тадбирҳои муассир кор бигиранд”.
Дар ҳамин ҳол, Сафорати Чин дар Душанбе аз шаҳрвандонаш хост, ки аз минатқаҳои наздимарзии Тоҷикистону Афғонистон берун шаванд ва аз Тоҷикистон талаб кард, ки барои таъмини амнияти ширкатҳо ва шаҳрвандонаш чораҳои зарурӣ андешад.
Дар пайи ин, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Амирхон Муттақӣ, вазири умури хориҷи ҳукумати Толибон суҳбати телефонӣ карда, масъалаи таҳқиқи муштараки ҳамлаҳо ва тақвияти амнияти марзь бо Афғонистонро баррасӣ кардааст.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.





Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Шаҳрдори Маскав ба онҳое, ки аз муҳоҷирон норозиянд, тавсия дод, бо ҷорӯб барои тоза кардани кӯчаҳои шаҳр бароянд
Шифобахшу наҷот аз ҷоду ё хурофот? Чаро бархе сокинон ба намози ҷумъа бо зарфи пур аз об мераванд?
Ҳабси 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар пойтахт
Ҷудокорони Тоҷикистон мавқеи худро дар даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон нигоҳ доштанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 36
Додгоҳ ҳукми мудири кӯдакистон ва мураббии муттаҳам ба марги кӯдаки дусоларо содир кардааст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста