Расонаҳои Афғонистон бо такя ба як намояндаи ҳукумати Толибон* навиштаанд, ки мақомоти ин гурӯҳ дар пайванд ба ҳамла ба шаҳрвандони Чин дар манотиқи марзии Тоҷикистон бо Афғонистон ду танро боздошт кардаанд.
Ба гуфтаи Эҳсонуллоҳ Комгор, сухангӯи фармондеҳии амнияти "Толибон" дар Бадахшони Афғонистон, ин ду нафар рӯзи душанбе аз вулусволии Моймии ин вилоят дастгир гардидаанд. Ин намояндаи ҳукумати Толибон дар мавриди ҳувияти боздоштшудаҳо иттилое надодааст.
Ин минтақаест, ки ба навиштаи мақомоти Тоҷикистон, аз он ҷо ба роҳсозони чинӣ дар деҳаи Шодаки ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ҳамла шудааст. Дар натиҷаи ин ҳамла, ки шоми 30-юми ноябр анҷом шуд, ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, ду кас кушта ва 2 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. КДАМ-и Тоҷикистон гуфт, ҳамаи онҳо шаҳрвандони Чин ҳастанд.
Сафорати Чин аз Тоҷикистон хост, барои таъмини амнияти ширкатҳо ва шаҳрвандонаш чораҳои зарурӣ андешад
Дар ҳамин ҳол, дар пайи куштори 5 шаҳрванди Чин дар манотиқи марзии Тоҷикистон, Го Чжизюн, сафири ин кишвар дар Душанбе бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ ва Фарҳод Камолзода, муовини аввали раиси КДАМ "ба таври фаврӣ" тамос гирифтааст.
Ба иттилои Сафорати Чин, намояндаи дипломатии ин кишвар аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки барои таъмини амнияти корхонаҳо ва шаҳрвандони чинӣ "ҳамаи чораҳои заруриро андешанд".
Ба гуфтаи манбаъ, ҷониби Тоҷикистон "ҳамлаҳои мусаллаҳона ба шаҳрвандони Чинро ба шиддат маҳкум карда", гуфтааст, ки "ба талаботи ҷониби Чин аҳамияти ҷиддӣ медиҳад ва чораҳои амниятиро фавран тақвият хоҳад дод, то амнияти корхонаҳо ва шаҳрвандони чинӣ ба таври комил ҳифз гардад".
Дар як ҳафтаи охир ду ҳамла аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон сурат гирифт, ки ба иттилои расмӣ, дар пайи он 5 шаҳрванди Чин кушта ва 5 тани дигар захмӣ шуданд.
Баъди вуқуъи ин ҳамлаҳо, рӯзи 1-уми декабр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо роҳбарони мақомоти қудратии кишвар машварати корӣ баргузор ва ин ҳамлаҳоро шадидан маҳкум карда, ба масъулин дастур дод, ки "доир ба ҳалли масъала ва пешгирӣ аз такрори чунин ҳодисаҳои нохуш аз чораю тадбирҳои муассир кор бигиранд”.
Ҳамчунин, дирӯз Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и Тоҷикистон расман дар мавриди ҳамла ба роҳсозони чинӣ дар ноҳияи Дарвоз хабар дода, аз “Толибон” хост, ҳамлагаронро дастгир кунанд.
Ин ниҳод, ҳамлаи мазкурро кори “аъзои гурӯҳи мусаллаҳи террористӣ” номид ва гуфт, "Тоҷикистон барои таҳкими сарҳади давлатӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандони худ ва кишварҳои хориҷӣ чораҳои иловагӣ меандешад. Мушаххас кадом чораҳо чизе гуфта нашудааст.
Дар бораи ҳамлаи якум рӯзи 27-уми ноябр ВКХ Тоҷикистон хабар дод. Ин ниҳод гуфт, дар пайи ҳамла аз хоки Афғонистон ба бошишгоҳи коргарони корхонаи маъдантозакунии "Шоҳин СМ" бо истифода аз силоҳҳои оташфишон ва паҳподи муҷаҳҳаз бо норинҷак се корманди ширкати маъдантозакунии "Шоҳин СМ", ки шаҳрвандони Чин будаанд, ҷон бохтаанд.
Пас аз як рӯз ВКХ-и ҳукумати Толибон ба ин хабар вокуниш кард ва гуфт, ҳамла тавассути гурӯҳҳое анҷом шудааст, ки ҳадафашон “эҷоди бесуботӣ ва беэътимодӣ миёни кишварҳои минтақа аст”. Ин гурӯҳ ба Тоҷикистон ва Чин изҳори ҳамдардӣ кард.
Аммо на мақомоти Тоҷикистон ва на "Толибон" аз ҳеҷ гурӯҳе ном набурданд.
Дар ҳамин ҳол, дар пайи ҳамлаи якум, Чин аз шаҳрвандонаш хостааст, аз минтақаи марзии Тоҷикистону Афғонистон берун оянд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.





Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Шаҳрдори Маскав ба онҳое, ки аз муҳоҷирон норозиянд, тавсия дод, бо ҷорӯб барои тоза кардани кӯчаҳои шаҳр бароянд
Шифобахшу наҷот аз ҷоду ё хурофот? Чаро бархе сокинон ба намози ҷумъа бо зарфи пур аз об мераванд?
Ҳабси 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар пойтахт
Ҷудокорони Тоҷикистон мавқеи худро дар даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон нигоҳ доштанд
СҲШ ҳамла ба хоки Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистонро шадидан маҳкум кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 36
Додгоҳ ҳукми мудири кӯдакистон ва мураббии муттаҳам ба марги кӯдаки дусоларо содир кардааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста