Мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки гуфтушунид бо Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) дар мавриди барномаи дастгирии иқтисодиёти кишвар аз сар гирифта шавад.
Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон», дар ин бора Пол Рос, ки дар садри ҳайати ХБА аз 17 то 30-юми май дар Душанбе қарор дошт, дар сомонаи расмии ин ниҳоди байналмилалӣ хабар додааст.
Пол Рос гуфтааст, дар мулоқот бо аъзои блоки иқтисодию молиявии ҳукумат зарурати ислоҳот, устувор гардондани вазъи “Агроинвестбонк”-у “Тоҷиксодиротбонк”, фароҳам овардани шароит барои бахши хусусӣ, афзоиши ҷойҳои корӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатиро таъкид кардаанд.
Ба гуфтаи ӯ, зимни сафари ҳайат ба Душанбе, ҳукумати Тоҷикистон хостааст, гуфтушунидҳо барои барномаи дастгирии ХБА аз иқтисодиёти Тоҷикистон аз сар гирифта шавад. Аммо ҷониби ХБА шарт гузоштааст, ки барои оғози гуфтушунидҳо ҳукумати Тоҷикистон бояд мушаххасан ба ислоҳот дар соҳаҳои калидӣ оғоз кунад.
Аз ҷумлаи шартҳои ХБА таҳияи стратегияи миёнамуҳлати буҷа, устуворӣ дар пардохти қарзҳо, баҳогузории пайомадҳои макроиқтисодии лоиҳаҳои калон ва ислоҳоти соҳаи бонкӣ мебошанд.
Инчунин ҳайати ХБА таъкид кардааст, ки рушди воқеии иқтисодиёти Тоҷикистон дар соли 2017, аз нишондоде, ки мақомоти тоҷик интизоранд, поинтар хоҳад буд.
Қаблан низ Масъуд Аҳмад, мудири департаменти ХБА дар Шарқи наздик ва Осиёи Марказӣ ба “Financial Times” гуфта буд, агар Тоҷикистон хостори дарёфти кӯмак аз ХБА аст, ҳукумати он бояд се шарти калидиро иҷро кунад: “Инҳо - таҳкими назорати умумии низоми бонкӣ, лағви маҳдудиятҳо дар бозори асъор, таъмини шаффофияти фаъолияти корхонаҳои давлатӣ ва ҳамоиши онҳо бо буҷаи давлат мебошанд”.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.