Аслӣ Бурҳонов, Ҳунарпешаи халқии СССР ва яке аз шоҳсутунҳои фарҳанги Тоҷикистон имрӯз 110-сола шуд. Нақши ӯ дар рушди санъати тоҷик на танҳо бо ҳунари нотакрори саҳнавӣ ва синамоӣ, балки бо хидматҳои ӯ дар тарғиби арзишҳои миллӣ сабт шудааст. Ӯ дар байни ҳунармандону ихлосмандонаш бо номҳои “муаллим Бурҳонов” ва “писари қозикалон” маъруф аст.

Мавсуф дар тӯли фаъолияти худ дар театр ва синамои тоҷик нақшҳои барҷаста, аз ҷумла симоҳои таърихӣ, мазҳакавӣ ва драмавӣ офаридааст. Бо иҷрои нақши Ленин, асосгузори Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳамчун ҳунарманди қавӣ ва боистеъдод дар тамоми ин қаламрав шинохта шуд.

Илова бар театр, саҳми Аслӣ Бурҳонов дар синамои тоҷик низ бузург аст. Бозии таъсирбахши мавсуф дар филмҳои “Дохунда”, “Ибни Сино”, “Достони Сиёвуш”, “Ман бо духтаре вохӯрдам” ва “Вақти зангирии писар расид” варо ҳамчун ҳунарманди маҳбуб муаррифӣ кард.

Дар рӯзи мавлуди Аслӣ Бурҳонов мо тасмим гирифтем, ки ба рӯзгор ва корномаи мавсуф нигоҳе афканем ва аз фарҳангшиносону ҳунармандон перомуни нақши боризаш дар театру синамо бипурсем.

 

Аз ятимӣ то ҳунарварии шаҳир

Аслӣ Бурҳонов 8-уми январи соли 1915 дар шаҳри Бухоро, дар хонаводаи сеюмин мансабдори аморат - қозикалон ба дунё омад. Ҳанӯз дар синни панҷсолагӣ падари худро аз даст дод, вале ятимӣ ва мушкилоти зиндагӣ натавонистанд ба рушду парвариши истеъдоди ӯ монеа эҷод кунанд. Дар мактаб Аслӣ Бурҳонов ба дастаи ҳунарӣ ҳамроҳ шуд ва ҳамин тавр нахустин қадамҳояшро ба сӯи ҳунар гузошт.

 

Қозӣ Бурҳониддин, падари Аслӣ Бурҳонов

Ӯ дар ҳеҷ гуна мактаби олӣ таҳсил накард ва фақат аз ҳунармандони театр ҳунар омӯхт. Соли 1931 дар 16-солагӣ ба ҳайати ҳунармандони касбии театри Бухоро пазируфта шуд. Пас аз 2 сол ба Душанбе кӯчид ва дар Театри Лоҳутӣ ба кор даромад ва то охири умр яке аз сутунҳои асосии театри тоҷик боқӣ монд.

 

Шукр, ки ба Тоҷикистон омад...

Муҳаммадуллоҳ Табарӣ, фарҳангшиноси тоҷик мегӯяд, ки Аслӣ Бурҳонов агарчи дар оилаи қозикалон таваллуд шуду дар муҳити исломӣ ба воя расид, вале яке аз бедордилони замонаш буду барои таҳкурсии театри тоҷик басо заҳматҳо кашид.

Табарӣ ин ҳунарварро “қаҳрамони замони худ” унвон мекунад ва мегӯяд, ки Бурҳонов дар Бухоро зода шуд, вале бо ҳисси худшиносиаш ба Душанбе бартарӣ дод, инҷо омад ва тамоми умр Тоҷикистонро муаррифӣ кард.

 

Муҳаммадуллоҳ Табарӣ

“Ба пояи баландтарини ҳунар расид”

Муҳаммадуллоҳ Табарӣ мегӯяд, ки Аслӣ Бурҳонов агарчи дар ягон мактаб таҳсил накарда бошад ҳам, мактаби зиндагию меҳнати пурмашаққат варо ба пояи баландтарини ҳунар расонд.

Табарӣ бар ин бовар аст, ки Аслӣ Бурҳонов касбашро муқаддас мешумурд ва таъкид медорад, ки “дар ниҳоди ин ҳунарпешаи асил тамоми унсурҳои ҳунар ба ҳам тавъам омада буданд: дар ҳаҷв беҳамто, дар намоишҳои психологӣ - дақиқнигор, дар драмаҳои иҷтимоӣ - воқеӣ ва дар фоҷиаҳо - ибратбахш”.

Ба қавли ин фарҳангшинос, Аслӣ Бурҳонов ҳам дар намоишномаҳои миллӣ, ҳам дар драмаҳои классикони русу ғарб доди ҳунарро дода, қаҳрамонони асосии драмаю фоҷиаҳои Шекспирро ба саҳнаи тоҷик овард.

“Ҳамеша кӯшиш менамуд, ки ба умқи табиати хислати қаҳрамонҳояш ворид шавад. Аз ин ҷост, ки ҳангоми дар мазҳака нақш офариданаш мардум ба ҳоли қаҳрамонаш завқ бурда механдиданд, ҳангоми ба ҳолати душвор рӯбарӯ шудани қаҳрамонҳои драмавию фоҷиавиаш баробараш ашки чашмони бинанда мерехт”, - таъкид мекунад Муҳаммадуллоҳ Табарӣ.

Табарӣ мегӯяд, яке аз хусусиёти фарқкунандаи ҳунари Аслӣ Бурҳонов дар он мебошад, ки ӯ бо унсурҳои театри суннатӣ ошноии қавӣ дошта, аз вазъи иҷтимоӣ ва дунёи ботинии тамоми табақаҳои ҷомеа огаҳ буд.

Ба гуфтаи ӯ, нақши Ёдгор аз намоишномаи “Дохунда” ва Рӯдакӣ аз намоишномаи “Рӯдакӣ” аз шоҳкориҳои театри тоҷик маҳсуб меёбанд, ки онҳоро Аслӣ Бурҳонов бозидааст. Офаридани нақши Меркутсио (“Ромео ва Ҷулетта”), Яго (“Отелло”) ва Кент (“Шоҳ Лир”) аз образҳои басо душвор сафҳаҳои дурахшони ҳаёти эҷодии Бурҳонов ҳастанд.

 

“Аслӣ Бурҳонов аз филм ба мазҳака рӯ овард”

Сафар Ҳақдодов, раиси Иттиҳоди синамосозони Тоҷикистон мегӯяд, ки истеъдоди ҳунарии Аслӣ Бурҳоновро коргардон ва ҳунарпешаи шинохтаи шӯравии тоҷик Ефим Метилман дар театр кашф кард ва рушд дод, вале нақши Бурҳонов дар синамои тоҷик ҳам басо назаррас ва офаридаҳояш мондагоранд.

Сафар Ҳақдодов

Ба қавли Ҳақдодов, нақши Мухтор - ака дар филми “Ман бо духтаре вохӯрдам” ва нақши Карим - ака дар филми “Вақти зангирии писар расид” аз маҳбубтарин офаридаҳои Аслӣ Бурҳонов мебошанд.

“Ин ҳамон филмҳоест, ки тавассути онҳо Бурҳонов саршинос шуд. Дар ин ду филм ӯ нақши падарҳоро иҷро кардааст ва ин нақшҳо то ҷое шабеҳи ҳамдигаранд”, - иброз медорад раиси Иттиҳоди синамосозони Тоҷикистон.

Сафар Ҳақдодов мегӯяд, аслан Аслӣ Бурҳонов то ин замон нақши қаҳрамонҳои матин, муборизони озодии мардум ва умуман нақшҳои ҷиддиро офарида буд, ҳунарманди нақшҳои драммавӣ дониста мешуд, вале баъд аз филми “Ман бо духтаре вохӯрдам” дар синамо ҳамчун ҳунарманди маҳзакавӣ шӯҳрат ёфт.

Ҳамчунин, Аслӣ Бурҳонов дар дубляжи даҳҳо филм саҳм гузошта ва дар тарҷумаи ҳудуди 500 филми бадеӣ мушорикат кардааст, ки нишондиҳандаи ирода ва меҳнати беандоза дар синамои тоҷик аст.

 

Шӯҳрати фаромиллӣ

Аслӣ Бурҳонов яке аз нахустин иҷрокунандагони нақши Ленин дар саҳнаи тоҷик ба шумор меравад. Ӯ соли 1948 бори аввал дар намоишномаи “Одами милтиқдор” нақши Ленинро бозид ва баътар дар солҳои гуногун дар беш аз 10 намоишнома образи Ленинро офарид.

Ба қавли Муҳаммадуллоҳ Табарӣ, Аслӣ Бурҳонов ба масъалаҳои сиёсӣ хуб сарфаҳм рафта, ба воқеаҳои замонаш дуруст баҳо дода метавонист.

Аслӣ Бурҳонов

Табарӣ мегӯяд, бисёриҳо ба ин факти таърихӣ, ки Аслӣ Бурҳонов нақши Ленинро офаридааст, назари зиддунақиз доранд, вале дар замони худ ин муваффақияти бузурги эҷодӣ маҳсуб мешуд, зеро аз зинаҳои зиёди пурсуҷӯӣ мегузашт ва барои офаридани ин нақш танҳо ҳунармандони асил ва инсонҳои аз нигоҳи ахлоқӣ поку номи нек доштаро интихоб мекарданд.

“Дастоварди асосии ҳунарии устод на дар он буд, ки симои воқеии (аслии) “доҳӣ” - ро рӯйи саҳна овард, балки дунёи маънавии ӯро низ ба таври хеле возеҳ, табиӣ ва нишонрас ифшо намуд”, - таъкид мекунад фарҳангшинос.

Нурулло Абдуллоев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, тасдиқ мекунад, ки Аслӣ Бурҳоновро барои иҷрои нақши Ленин ба Театри хурди Маскав ба омӯзиш равон карда буданд.

Абдуллоев, ки солҳо бо Аслӣ Бурҳонов дар Театри Лоҳутӣ кор кардааст, мегӯяд, пас аз иҷрои нақши Ленин, Аслӣ Бурҳонов, ҳам барои тамошобин ва ҳам барои ҳамкорон, ҳамчун Ленин шинохта шуд.

“Иззату эҳтиромашон ҳам маҳз аз ҳамин ном манша мегирифт. Ин ном гӯё тамоми нақшҳои иҷрокардаи устодро, аз нақшҳои аввалини “Ман Фахриддинов” то нақши охирин, “Шоҳ Лир”-ро дар худ фурӯ бурд”, - мегӯяд Абдуллоев.

Нурулло Абдуллоев

Барои офаридани силсилаи нақшҳои Ленин ба Аслӣ Бурҳонов соли 1957 нахуст Ордени Ленин ва баъдан соли 1965 унвони олитарини ҳунарӣ - Ҳунарпешаи халқии СССР-ро эҳдо карданд.

 

“Бигзор ба номи Аслӣ Бурҳонов ҷоиза таъсис шавад”

Нақшҳои офаридаи Аслӣ Бурҳонов – хоҳ дар театр ва хоҳ дар синамо – ҳамчун намунаи камолот ва санъати асил боқӣ мемонанд. Меҳнати пурмашаққати ӯ бо унвонҳои олии Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1945) ва Ҳунарпешаи халқии СССР (1965) қадрдонӣ шудааст. Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1970) ва чандин ордену медалҳо шаҳодати мақоми баланд ва шӯҳрати ӯ дар фарҳанги миллӣ мебошанд.

Аммо мукофоти аз ҳама бузурги Аслӣ Бурҳонов меҳру муҳаббати бепоёни мардуми тоҷик нисбат ба ин ҳунарпеша ва офаридаҳояш аст, ки ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ гуна шароити таърихӣ арзиши худро аз даст нахоҳад дод.

Ӯ солҳо дар Театри Лоҳутӣ ва Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон ба ҷавонон сабақи зиндагӣ дода, дарси маҳорат омӯзондааст. Ҳунармандони тоҷик то имрӯз ӯро ҳамчун “муаллим Бурҳонов” бо эҳтиром ёд мекунанд.

Фарҳангшиносону ҳунармандон мегӯянд, ки соли 2015 дар ҳини 100-солагии мавлуди Аслӣ Бурҳонов ҷашнвораи миллии театрии “Парасту” ба номаш бахшида шуд, вале ин барои гиромидошти номи ҳунарманд кофӣ нест.

Муҳаммадуллоҳ Табарӣ бахшида ба 110-солагии Аслӣ Бурҳонов пешниҳод дорад, ки ба номи ин ҳунарманд ҷоиза таъсис шавад ва кӯча ё муассисаи фарҳангие номгузорӣ гардад.

Аслӣ Бурҳонов 29-уми декабри соли 1997 дар 82-солагӣ дар Душанбе чашм аз олам баст.

1/14

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.