Соли равон дар кишвар ба маблағи 3 млрд сомонӣ сохтмони 300 километр роҳҳои мошингарди таъиноти байнулмилалӣ ва ҷумҳурӣ оғоз мешавад. Дар ин бора рӯзи 16-уми декабри соли гузашта зимни ироаи паём ба парлумон президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон хабар дод.
Соли 2026 дар Тоҷикистон роҳҳои зерин сохта мешаванд:
Ваҳдат - Обигарм - 70 км
Гулистон - Кӯлоб - 33 км
Хоруғ - Роштқалъа - 39 км
Мурғоб - Кулма - 67 км
Балҷувон - Сарихосор - 55 км
Хистеварз - Конибодом - 10 км
Роҳҳои убуркунандаи шаҳри Кӯлоб - 11 км
Дар роҳи Лабиҷар - Сангвор 5 пули мошингузар сохта мешаванд, ки ба қатори ҳамин лоиҳаҳои сохтмон шомиланд.
Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумати ҷумҳурӣ дастур дод, ки оид ба таъмиру навсозӣ ва “ба шароити муосири хидматрасонӣ” мутобиқ гардонидани фурудгоҳҳои Душанбе, Бохтар ва Кӯлоб тадбирҳои зарурӣ андешанд.
“Моро лозим аст, ки фурудгоҳҳоро ба талаботи замона мутобиқ созем”, - гуфт ӯ аз ҷумла.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста