Шаби 31-уми декабри соли 2025 ба 1-уми январи соли 2026, яъне шаби Соли нав дар Тоҷикистон 698 кӯдак таваллуд шудааст. Бештари ин тифлон дар вилояти Хатлон ва теъдоди ками онҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ба дунё омадаанд.
Дар ин бора аз Раёсати ташкили хидматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Ба гуфтаи манбаъ, дар шаби Соли нав
- дар вилояти Хатлон – 248 кӯдак,
- дар вилояти Суғд – 162 кӯдак,
- дар ВМКБ – 8 кӯдак,
- дар шаҳри Душанбе – 120 кӯдак,
- дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 160 кӯдак зода шудааст.
Аз ин ниҳод гуфтанд, ки дар шаби Соли нави 2025-ум 610 кӯдак таваллуд шуда буд.
Бояд гуфт, ки дар шаш моҳи аввали соли гузашта дар Тоҷикистон 117 ҳазору 932 кӯдак таваллуд шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2024-ум (114 ҳазору 627) 3 ҳазору 305 тифл зиёд мебошад.
Ҳамчунин, дар ин давра 17 ҳазору 387 нафар дар Тоҷикистон фавтидааст, ки дар муқоиса ба нимаи якуми соли гузашта (16 ҳазору 778 фвт) 609 фавт бештар аст.
То 1-уми июли соли 2025 теъдоди аҳолии Тоҷикистон бо дарназардошти сабти таваллуд, фавтида ва муҳоҷират ба 10 млн 603,8 ҳазор нафар расидааст. Тибқи иттилои Оҷонсии омори кишвар ин теъдод нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум (10 млн 505,9 ҳазор) 98,9 ҳазор нафар ё 2,1% зиёд будааст.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста