Арзиши 1 литр гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳри Душанбе давоми як ҳафтаи охир аз 7 сомониву 50 дирам ба 7 сомонӣ поин омадааст. Як моҳ қабл нархи гази моеъ дар Тоҷикистон то 8 сомонӣ боло рафт ва дар фурӯши он маҳдудият гузошта шуда буд.
Чанд ронанда аз пойтахт ба "Азия-Плюс" гуфтанд, ҳудуди як ҳафта пеш газро 7,5 сомонӣ мехариданд, аз дирӯз, 7-уми январ онро 50 дирам арзонтар, 7 сомонӣ мегиранд.
Дар минтақаҳо ҳам нархи газ каме поин фаромадааст. Ҳоло нархи он дар Хуҷанд ва минтақаи Бохтар 6,90 сомонӣ аст.
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ҳоло ба кишвар бештар аз Русия гази моеъ ворид мешавад ва сабаби арзоншавиаш ҳам ҳамин аст.
“Бо сабаби баъзе маҳдудиятҳо ва боло рафтани нархи газ дар Қазоқистон дар кишвар нархи гази моеъ боло рафта буд. Чун ин кишвар баъзе маҳдудиятҳо дар фурӯши газ дорад, алҳол Русия яке аз кишварҳои асосии воридкунандаи газ ба Тоҷикистон мебошад”,-гуфтанд дар вазорат.
Бояд гуфт, ки охирҳои моҳи ноябри соли 2024 дар кишвар гази моеъ “камчин” шуда буд ва ширкати “Газпром” бо сабаби камбуди гази моеъ дар фурӯши он маҳдудият ҷорӣ карда буд.
Дар пайи ин ронандагон шикоят карданд, ки дар аксар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ гази моеъ пайдо карда намешавад ва дар ягон фурӯшгоҳе ҳам агар гази моеъ пайдо кунанд, бо нархи гарон харидорӣ менамоянд.
Бояд гуфт, ки аз оғози нимсолаи дуюми соли 2024 дар Тоҷикистон арзиши гази моеъ - аз 5,80 сомонӣ то 8,30 сомонӣ барои 1 литр (афзоиш ба андозаи 43,1%) боло рафт.
Мувоффиқи маълумоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ, дар 6 моҳи соли 2024 ба Тоҷикистон 195,5 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 12,3 ҳазор тонна камтар будааст.
Қобили зикр аст, ки ҳудуди 60%-и автомобилҳо дар Тоҷикистон ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мебаранд, ки нисбат ба бензин ва сӯзишвории дизелӣ (солярка) арзонтар мебошад. Тоҷикистон гази моеъро асосан аз Қазоқистон ва Русия ворид мекунад.
Ёдовар мешавем, ки аз соли 2018 бо қарори ҳукумати кишвар гази моеъ ба рӯйхати молҳои дорои аҳамияти иҷтимоӣ дохил карда шудааст. Дар ин рӯйхат 18 маҳсулоти дигар низ мавҷуданд. Ин тасмим ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳақ дод, ки дар сурати ғайриқонунӣ боло рафтани нархи гази моеъ дар давоми як моҳ, яъне то 20 дарсад боло рафтани нархи он, барои муътадил кардани нарх дахолат кунад.
Вақте дандон дард мекунад, ба куҷо метавон муроҷиат кард?
Чӣ гуна метавон фаҳмид, ки бонк мушкил дорад ва боэътимод нест?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2025
Таркиш дар як бандари Эрон. Расонаҳо аз 4 кушта ва беш аз 500 захмӣ хабар медиҳанд
Русия бори аввал эътироф кард, ки дар Курск низомиёни Куриёи Шимолӣ меҷанганд
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров. Натиҷаи рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё
Қаҳрамонии як тоҷик дар Маскав. Ӯ сӯхтори мошинро хомӯш кардааст
Дар Душанбе ва Хатлон сохтмонҳои "худсарона сохта"-ро тахриб мекунанд. Қонунгузорӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?
Қоҳир Расулзода дар Маскав бо Михаил Мишустин ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
Филми “Сарчашма” аз Тоҷикистон дар Қирғизистон соҳиби ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста