Дар Тоҷикистон ният доранд, ки ба пахта мақоми маҳсулоти стратегиро баргардонанд. Тайи 2 соли ахир ҳаҷми ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 ҳазор тонна афзуда, ба 400 ҳазор наздик шуд.
Ба аввали моҳи ноябр дар ҷумҳурӣ зиёда аз 372 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки аз нақша 5,2% зиёдтар аст, хабар медиҳад Вазорати кишоварзӣ.
Гуфта мешавад, ба ҷамъоварии ҳосили дилхоҳ мусоид омадани боду ҳавои имсола ва риоя намудани агротехникаи парвариши пахта мусоидат намуд. Қайд мешавад, ки имрӯзҳо дар пахтазорҳои ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосили пахта бомаром идома дорад.
Қобили зикр аст, ки тайи чандин соли охир заминҳои кишти пахта дар Тоҷикистон кам шуда, мутаносибан ҳаҷми истеҳсоли он низ коҳиш меёфт.
Ҳамин тариқ, соли 2012 - 418 ҳазор тонна, соли 2013 - 393 ҳазор, соли 2014 - 372 ҳазор, соли 2015 - 335 ҳазор ва соли гузашта - 270 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шуд, ки тадриҷан коҳиш ёфтани майдони кишт ба ин боис гардид. Агар соли 2012 майдони кишти пахта ҳудуди 200 ҳазор гектарро ташкил дода бошад, пас соли 2016 ҳамагӣ ба 160 ҳазор гектар баробар буд.
Имсол бори нахуст тайи чандин соли охир ба пахтакорони ҷумҳурӣ муяссар шуд, ки иҷрои нақшаи аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ пешбинишударо таъмин кунанд.
Пахта ҳамеша яке аз маҳсулотҳои асосии содиротии Тоҷикистон (дар баробари алюминий) шуморида мешавад. Солҳои 80-уми асри гузашта, замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон мудом то 800 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ мешуд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.