Як сол пеш дар ҳамин рӯз, 22-юми марти соли 2024, вақте дар Тоҷикистон ҳама ҷашни Наврӯз таҷлил мекарданд, хабари ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл”- дар канори Маскав фазоро ғуборолуд кард. Ин ҳодиса чанд оилаи тоҷикро мотамзада ва фишорро болои тоҷикон дар Русия афзоиш дод, ки то имрӯз идома дорад.
Чор шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун муттаҳами аслӣ дар содир кардани ин ҳамла дастгир шуданд ва ҳоло дар боздоштгоҳанд. Бо гузашти як сол пайвандони гумонбарон аз ҳоли онҳо хабар надоранд ва ба саволҳои зиёди худ посух меҷӯянд.
Пас аз як соли ҳамла
Дар солгарди ин ҳодиса хабарнигорони “Азия-Плюс” ба хонаи Фаридуни Шамсиддин, Далерҷон Мирзоев, Муҳаммадсобир Файзов ва Саидакрам Раҷабализода, чаҳор гумонбари асосии ҳамла рафтанд.
Бояд гуфт, ки мо соли гузашта, чанд рӯз пас аз ин ҳодиса ҳам бо наздикон ва ҳамсояву омӯзгорони Муҳаммадсобир Файзов, Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода ва Фариддуни Шамсиддин суҳбат карда будем.
Он замон фазои деҳае, ки гумонбарон зиндагӣ мекарданд, мотамзада буд ва сокинони он аз суҳбат бо бегонаҳо худдорӣ мекарданд. Хонаводаҳои мутаҳҳамон ҳам ғамзада буданд ва натанҳо бо расонаҳо суҳбат, балки дари хонаро боз намекарданд.

Бо гузашти як сол вазъ тағйир ёфта, сокинони деҳа бо чеҳраи боз суҳбат мекунанд, фазо сокиту ором ва мардум паси зиндагии худ ҳастанд. Ин бор пайвандони гумонбарон дарвозаро боэҳтиёт боз ва парешонхотиру бодард суҳбат мекунанд.
Маълум шуд, ки бо гузашти як сол пайвандони муттаҳамон аз тақдири онҳо ҳеҷ хабаре надоранд, намедонанд, ки дар куҷо нигоҳдорӣ мешаванду бо вакили дифоъ таъмин ҳастанд ё не. Аммо то ҳол ба бегуноҳии пайвандонашон таъкид мекунанд ва бовар доранд, ки интизоранд, ки рӯзе воқеият ошкор мешавад.
Шавҳару додар дар боздошт
Волидони Фариддуни Шамсиддин, ки дар деҳаи Лойоби ҷамоати Алмосии Ҳисор зиндагӣ мекунанд, дар хонаашон наёфтем. Падараш ба чаронидани ду гов, ки ягона даромади хонавода аст, рафта, модараш бо пули фурӯши ширу ҷурғот, барои хариди либос ба набарегонаш, аз ҷумла кӯдакони Фариддун ба маркази Ҳисор рафтааст. Келини хонавода аз суҳбат бо мо худдорӣ кард. Ҳамсари Фариддун ҳамроҳи кӯдаконаш ба хонаи волидайнаш рафтааст.
Фаридун ҳамонест, ки як рӯз баъд аз ҳодисаи ҳамла боздошт ва дар мурофиаи аввал бо сару рӯи кафида пайдо шуд. Он замон гуфта мешуд, ки Маҳбубаи Шамсиддин (Заргарова), хоҳари Фаридун бедарак ё боздошт шудааст. Мо ҳам он вақт натавониста будем ӯро пайдо кунем, аммо ин бор Маҳбубаро дар деҳа ёфтем.
Ӯ гуфт, моҳи ноябри соли гузашта, баъди ихроҷ аз Русия ба Тоҷикистон омад ва ҳоло дар мактаби деҳа омӯзгори забони русӣ аст.
Маҳбуба келини хонаводаи Исломовҳо аст. Ҳоло Аминҷон Исломов, додараш Диловар ва падараш Исроил Исломовҳо низ дар пайванд ба ҳамла боздошт шудаанд.
Маҳбуба гуфт, бо гузашти як сол аз тақдири додараш ҳеҷ хабаре надорад.
“Тамос надорем, намедонем дар куҷо нигоҳ медоранд. Барои таскини волидонам, ақаллан ягон хабар дар бораи додарам диҳанд”, - мегӯяд ӯ.
Маҳбуба мегӯяд, падару модараш аз ғами фарзанд саломатии худро аз даст доданд ва вазъи зиндагиашон ҳам бад шудааст.

“Падарам кор намекунанд, модарам хонашинанд. Танҳо ду додарам кор мекунад ва зиндагиро таъмин мекунанд”, - гуфт вай.
Маҳбуба мегӯяд, то баргашт ба Тоҷикистон, дар хонаи шавҳараш дар Русия зиндагӣ мекард ва мақомоти ин кишвар ӯро дар хона бозпурсӣ мекарданд.
“Телефон надоштам, аз ин сабаб бо касе тамосе нагирифтам”, - мегӯяд Маҳбуба.
Ӯ шаби ҳодисаро ба хотир оварда мегӯяд, тақрибан соати 23:00 ба вақти Маскав кормандони милиса омада, шавҳар ва дигар аъзои хонаводаро бозпурсӣ карданд. Он вақт ӯ огоҳ шуд, ки Фаридун дар ин ҳодиса яке аз гумонбарони аслӣ аст.
“Бори охир моҳи декабри соли 2023, вақте Фаридун бо додари дигарам як шаб дар хонаам меҳмон буд, ӯро дидам. Баъди ин дар бораи ӯ зиёд шунидам, аммо танҳо аксашро дидам, ки дилрешкунанда буд”, - гуфт Маҳбуба.
Ӯ мегӯяд, оилаи шавҳараш бо вакили дифоъ таъминанд, бо наздикон дар тамосанд. Худаш чанд бор ба онҳо ба боздоштгоҳ хӯрок бурдааст.
Ҳоло ӯ бовар дорад, ки Фаридун бегуноҳ аст ва аз мақомоти тоҷик мехоҳад, гумонбаронро ба Тоҷиқистон истирдод кунанд ва инҳо таҳқиқ намоянд.

“Ба кумак эҳтиёҷ дорем”
Барот Мирзоев дар даст як хлеб ва ду бандча кабудӣ аз мошини фарсудааш фаромада ба хона мерафт. Ӯ падари Далерҷон Мирзоев аст, ки баъди писараш, ягона ноновари хона боқӣ мондааст.
Бо фарқ аз пайвандони гумонбарони дигар, ӯ ва ҳамсараш бо расонаҳо суҳбат ва ба бегуноҳии писари худ таъкид мекунанд.
Далерҷон онест, ки кормандони мақомоти амнияти Русия аз болои дарахте дар вилояти Брянск поин оварда, ба дастонаш завлона зананд.
Гулракат Мирзоева, модари Далерҷон ҳам гуфт, бо гузашти як сол аз писараш хабаре надорад, касе ҳам ба онҳо иттилое надодааст. Намедонад, ки писараш вакили дифоъ дорад ё не.
Ӯ бо чашми гирён, даме аз писар ва гаҳе аз душвории зиндагӣ мегӯяд.
“Далерҷон ягона ноновари хона буд. Ҳоло бори зиндагӣ ба падари бемораш афтодааст, ки бо як “Тангем” як оилаи 11 нафар, аз ҷумла 4 кӯдаки Далерҷонро ҳамроҳи ҳамсараш таъмин мекунад”, - мегӯяд ӯ.
Ба қавли ин модар, зиндагиашон хеле вазнин аст, зани Далерҷон бемор, кӯдакҳояш хору зор ва гуруснаанд. Ӯ бошад, танҳо ба Худо умед дорад, зеро намедонад асли ҳодиса чӣ аст.
Писари калонии ӯ - Равшанҷон Мирзоев 10 сол боз беномунишон аст. Мақомот мегӯянд, дар Сурия аст, вале ин зан бовар надорад.

Боздошти ду писар дар Маскаву Истанбул
Дар хонаи Муҳаммадсобир Файзов мо бо падараш Зокирҷон Файзов мулоқот доштем. Ӯ, ки замони ҳодиса дар Русия буд ва барои 17 рӯз боздошту бозпурсӣ гардид, розӣ шуд, будини дурбини наворбардорӣ бо мо суҳбат кунад. Ӯ соҳиби 5 писар аст, ки ҳоло дар пайванд ба ин ҳамла ду нафарашон - Муҳаммадсобир дар Русия ва Муҳаммадраҳим дар Туркия боздошт шудаанд.
Муҳаммадсобир ҳамонест, ки ба толори додгоҳ бо аробача ва либоси тиббӣ оварданд.
Зикирҷон Файзов гуфт, бо гузашти як сол аз тақдири писараш хабаре надоранд ва намедонанд, ки ӯ вакили дифоъ дорад ё не.

Вале гуфт, аз тақдири писари дуввумаш Муҳаммадраҳим, ки дар пайванд ба ин ҳамла дар Туркия боздошт шудааст, хабар доранд. Писари калониаш ба боздоштгоҳ чанд бор хӯрок бурдааст.
Бояд гуфт, чанд рӯз баъди ҳодисаи “Крокус”, расонаҳои туркӣ хабар доданд, ки чанд нафарро барои алоқа доштан бо иштирокчиёни асосии ҳамла дастгир карданд. Яке аз онҳо Муҳаммадраҳим Файзов аст. Ба қавли пайвандонаш, ӯ дар Истанбул ба тиҷорат машғул буд ва якҷо бо ҳамсараш боздошт гардид, вале ҳамсараш озоду ҳоло ба Тоҷикистон омадааст.
Ба гуфтаи тафтишот, онҳо бо гумонбарони ҳамала алоқа доштанд ва ба навиштаи РБК, яке аз боздоштшудаҳо ба ивази 800 ҳазор рубл (беш аз 7 ҳазор доллар) бомбгузорӣ дар маркази тиҷоратии “Вегас”-ро, ки дар як бино бо “Крокус Сити Ҳолл” ҷойгир аст, пешниҳод кардааст.
Ҳоло додситонии шаҳри Истанбул барои Муҳаммадраҳим Файзов ва се нафари дигар аз 7,5 то 15 соли зиндон талаб кардааст.
Ба гуфтаи Зокирҷон Файзов, баъди ин ҳодиса, писари чаҳорумаш Иброҳим низ аввал бо баҳонаи нодуруст будани ҳуҷҷатҳо дар Русия боздошт ва баъдан бо гумони алоқа доштанаш бо Муҳаммадсобир Файзов дар боздошт буд ва баъди 9 моҳ озод шуд.

Иброҳим гуфтааст, мақомот ӯро маҷбур кардаанд, то баёнот диҳад, ки ба Муҳаммадсобир маблағ фиристодааст. Ин падар мегӯяд, ҳоло Иброҳим дар хона аст, аммо дар пайи шиканҷаи кормандони мақомоти Русия саломатиаш бад шудааст.
“Муҳаммадраҳим моҳе қабл аз ҳодиса гуфт, ки Муҳаммадсобир аз ман қарзор асту як моҳ шуд, ба зангҳоям посух намедиҳад. Бо ҳамин баҳона, телефонҳои дигар бародаронашро ҳам намебардошт ва ахиран телефонҳои онҳоро ба рӯйхати сиёҳ ворид кард. Танҳо бо ман суҳбат мекард. Субҳи ҳодиса бо ман суҳбат кард ва бегоҳ ин ҳодиса рух дод. Дар ин суҳбат пурсидам ки чар бо акаат суҳбат намекунӣ гуфт, ки “ҳоло оча пулдор шавам, баъд гап мезанам”,-нақл кард Сайрам Файзова, модари Муҳаммадсобир.
Зокирҷон Файзов бовар дорад, ки як моҳ пеш аз ҳодиса ӯро шахсони ношинос рабуда, то рӯзи ҳодиса нигоҳ доштаанд ва як моҳи охир телефони ӯро дигар кас истифода мекард.
“Қаблан вақте занг мезадам, ҳамеша бо ман суҳбат мекард, ҷои корашро нишон медод, ҳеҷ гоҳ бо калимаи “ок” посух намедод. Вале як моҳи охир ба ҳама суҳбатҳоям бо “ок” посух медод. Як моҳ пеш аз ҳодиса аз ҷои кораш, ки хуб буд, рафт ва гуфт, ҷои дигар кор мекунад. Мегуфтем, ҷои коратро акс гирифта, паро то донем, ки дар чӣ шароит кор мекунӣ, намепартофт. Бори охир 21-уми феврал суҳбат кардем. Гуфтам, ки бародарат ба Тоҷикистон меравад, биё пеши ман, кор кун. “Ок” навишт. Бо ҳамин дигар бо ӯ суҳбат накардам, вале бо очааш суҳбат мекард ва огоҳ будам, ки корҳояш хуб аст”, - гуфт ӯ.
Зокирҷон Файзов мегӯяд, саволҳои зиёд дорад, ки бепосух мондаанд, аммо бовар дорад, писараш бегуноҳ аст. Вале намедонад чӣ кор кунад ва ба саволҳояш аз кӣ посух пайдо кунаду ба куҷо муроҷиат намояд.
“Зиндагиамон чаппаву роста шуд”
Модари Саидакрам Раҷабализода, гумонбари чаҳоррум бошад, бо гузашти як сол то ҳол аз тақдири писараш огоҳ нест. Фарзандони дигараш ба дурӯғ мегӯянд, ки Саидакрам ба кишвари дигаре ба кор рафтааст.
Ҳарчанд онҳо медонанд, ки Саидакрам ба чӣ гумонбар ва дар куҷо аст, аммо ғайр аз ин дигар ҳеҷ иттилое надоранд.

Саидакрам нафарест, ки кормандони мақомоти амнияти Русия вақти боздошт гӯшашро бурида, ба даҳонаш мегузоранд.
Насриддин Раҷабов, додари Саидакрам, ки ӯро каме болотар аз деҳа зимни кор дар сохтмон пайдо кардем, гуфт, аз тақдири додараш хабаре нест ва намедонанд, ки ӯ бо вакили дифоъ таъмин аст ё не.
Ӯ гуфт, то ҳол модараш дар бораи боздошти бародараш намедонад, зеро ин хабар метавонад ба саломатии модар зарари ҷиддӣ расонад.
“Ин ҳодиса зиндагиро чаппаву роста кард. Ҳолатамон бад шуд, зиндагӣ душвор гардид. Ҳоло таъмини 10 аъзои оила ба дӯши ман аст. Акаам буд, каме осон буд, аммо ҳоло душвор аст”, - мегӯяд ӯ.
Насриддин соли 2019 аз Русия барои 5 сол ихроҷ шудааст, ҳоло мехоҳад, дубора барои кор баргардад, вале тарс дорад, ки баъди ин ҳодиса ӯро ба ин кишвар роҳ намедиҳанд.
Ӯ ҳам бори дигар аз бегуноҳии додараш таъкид кард, аммо гуфт, намедонанд, ки барои гирифтани маълумот дар бораи Саидакрам ба куҷо муроҷиат кунанд. Ҳамчунин, намедонад аз куҷо пул ёбад ва ба барои дидорбинӣ равад.
Бояд гуфт, бо гузашти як сол аз ҳодисаи ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Ҳолл” тафтишот ба ҷуз иқрори чор гумонбари асосӣ, ки ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ зери шиканҷа ба даст омадааст, далели дигаре дар бораи гунаҳкор будани онҳо пешниҳод накарданд.
Расонаҳои Русия менависанд, ки гумонбарони асосии ҳамла бо вакилони дифои давлатӣ таъминанд ва онҳо гоҳ-гоҳ аз номи боздоштшудаҳо изҳорот нашр мекунанд.
Вақте ин матлаб таҳия мешуд, расонаҳои Русия хабар доданд, ки муҳлати боздошти гумонбарони аслии ҳамла ба “Крокус” барои ду моҳи дигар тамдид карда шуд.
Кӯтоҳ дар бораи ҳамла
Ҳамлаи террористӣ дар толори консерти "Крокус Сити Ҳолл"-и канори Маскав 22-юми марти соли 2024, тақрибан соати 20:00 рух дод. Чаҳор марди мусаллаҳ бо мошини “Рено” ба ин толор ворид шуда, тирпаронӣ карданд. Сипас, толори мусиқӣ ва чанд ҷои дигари биноро оташ заданд. Мақомоти Русия гуфт, ҳамаи ин дар 18 дақиқа сурат гирифт ва ҳамлаварон бо ҳамон мошин аз ҷойи ҳодиса рафтаанд.
Бар асари ин ҳамла 146 нафар кушта ва беш аз панҷсад нафар маҷрӯҳ шуданд. Ин ҳамла яке аз бузургтарин ҳамлаҳои террористӣ дар таърихи Русия баъди ҳодисаи террористӣ дар мактабе дар шаҳри Беслан дар соли 2004 мебошад.
Кумитаи тафтишоти Русия субҳи 23-юми март аз боздошти 11 муттаҳам хабар дод. Аз ҷумла, чор гумонбари асосӣ дар фосилаи 370 километр аз ҷойи ҳодиса, дар вилояти Брянск, боздошт шудаанд.
Бархе коршиносон ба хатти ҳаракати гумонзадҳо бо шубҳа нигоҳ мекунанд, чунки ба гуфтаи онҳо, аз минтақаи Брянск ба Украина гузаргоҳ нест ва дар масире, ки онҳо тай карданд, низомиён зиёданд.

Эътирофи “Вилояти Хуросон”
Бо вуҷуди он ки масъулияти ҳамларо бахши афғонистонии созмони террористии “Давлати исломӣ - Вилояти Хуросон”* ба уҳда гирифт, мақомоти Русия ангушти иттиҳомро ба сӯи Украина дароз карданд. Киев даст доштанашро дар ин ҳодиса рад кард. Ҳарчанд, ин гурӯҳ навори ин ҳамларо нашр кард, ки ҳамлаварон ба тоҷикӣ суҳбат мекунанд, вале рӯяшонро пӯшонида аст.
“Изи украинӣ” дар ин ҳодиса зиёд ба гӯш мерасад ва билохира Александр Бортников, роҳбари Хадамоти бехатарии федеролӣ эълон кард, ки ҳарчанд мағзшӯӣ аз ҷониби аъзоёи “Вилояти Хоросан” шуд, гумонбарон “ба манфиати хадамоти махсуси хориҷӣ” кор мекарданд.
Дар ҳамин ҳол, маълум нест, ки чаро кормандони мақомоти қудратии Русия ба ҷои ҳодиса дер омаданд. Ба навиштаи расонаҳо, аз пойгоҳи Горди миллии Русия, ки дар фосилаи 3 километр аз "Крокус" ҷойгир аст, ҳатто пиёда метавонистанд, дар 15 дақиқа расанд. Аммо аввалин нерӯҳои интизомӣ соати 20:30, яъне тақрибан 40 дақиқа баъд аз ҳодиса расиданд. Нерӯҳои вижа танҳо баъди як соат ба ҷойи ҳодиса омаданд.
Ҳамчунин, суоли дигар ин аст, ки чаро бо гузашти як сол аз ҳодиса навори дурбинҳои толори “Крокус” нашр нашудаанд? Ба шабакаҳои иҷтимоӣ танҳо наворҳое роҳ ёфтаанд, ки бо телефони мобилӣ сабт шудаанд. Чеҳраи ҳамлаварон дар ин наворҳо хуб дида намешавад.
Эътирофи зери шиканҷа
Шубҳаи асосӣ дар ин қазия иқрори зери шиканҷа буд. Дар вақти боздошт як гӯши Саидакрам Раҷабализодаро буриданд. Шамсидини Фаридунро бо гузоштани барқ дар олоти мардиаш шиканҷа карданд. Муҳаммадсобир Файзовро дар ҳоле ба додгоҳ оварда буданд, ки беҳуш ва дар аробаи маъюбӣ буд. Далерҷон Мирзоев бо осори латукӯб ва селофан дар гардан дар додгоҳ намудор шуд.
Созмони Дидбони ҳуқуқи башар (HRW) шиканҷаи гумонбаронро маҳкум карда, гуфт, “ҳеч чиз, ҳатто қатли мудҳиш шиканҷаро сафед ё қонунӣ намекунад”. Ин созмон гуфт, боздошти гумонбарон “намоиш, аммо муҳокима дар додгоҳ махфӣ ва пӯшида ҷараён гирифт”.
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 12-уми апрели соли гузашта дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ дар Минск аз шиканҷаи гумонбарон нигаронӣ карда гуфт, ки “ҳангоми тафтиши ҳамлаи террористии 22-юми март дар Маскав мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд меъёру принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва талаботи қонунгузории худро, бахусус дар мавриди эҳтимоли бегуноҳӣ, манъи шиканҷа ва муносибати бераҳмона риоя кунанд”.
Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки “намоиши наворҳои боздошти омилони эҳтимолии амали террористӣ рӯзи 22 март дар Маскав бо истифода аз шиканҷа алайҳи онҳо ғайриқобили қабул аст. Арзиши эътирофе, ки бо ин роҳ ба даст оварда шудаааст, ба ҳама маълум аст”.

Ҷараёни тафтишот
Бо гумони ҳамла ба “Крокус” тақрибан 30 кас боздошт шудааст. Ҳадди ақал 15 нафари онҳо зодагони Тоҷикистон ҳастанд.
Аз ҷумла, бародарон Исломовҳо ва падарашон Исроил боздошт шудаанд. Раиси Кумитаи тафтишотӣ дар рӯзҳои аввал пас аз ҳамла ба Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия хабар дод, ки Исломовҳо ба чор муттаҳами асосӣ мошин ва манзил додаанд ва инчунин пул интиқол додаанд. Бародарон Исломовҳо, вақте мошини худро диданд, ки чанд рӯз пеш аз онро фурӯхта буданд, худашон ба полис рафтанд.
Дар вақти дастгир кардани Аминҷон Исломов, вақте ки додрас аз ӯ пурсид, ки оё ӯ медонад, ки барои чӣ муттаҳам аст, ӯ посух дод, ки ӯ гунаҳкор нест.
Моҳи август Алишер Қосимов, яке аз гумонздаҳо, ки шаҳрванди Қирғизистон аст, дар додгоҳ фарёд зад, ки хабарнигоронро берун накунед, “бигзор бидонанд, ки мо бегуноҳем”.

То ҳол дар парвандаи ҳамлаи ба “Крокус” як маҳкумшуда ҳаст, ки он Салоҳиддин Ашӯров, сокини Твер мебошад. Ӯ ба он муттаҳам аст, ки гӯё бародарон Исломовҳоро дар манзили худ ғайриқонунӣ сабт кардааст. Ашӯров тибқи қарори додгоҳ гунаҳкор, вале барои гузаштани муҳлати парвандаи ҷиноятӣ раҳо шуд.
Тафтишот идома дорад, мурофиаҳои додгоҳӣ барои тамдиди муҳлати боздошт пушти дарҳои баста мегузарад.
Тибқи иттило расонаҳо, то ҳол тафтишот зиёда аз 1,3 ҳазор таҳқиқоти тиббӣ, генетикӣ баллистикӣ ва техникаи оташнишонӣ гузаронида, беш аз 1000 шоҳидро пурсуҷӯ кардааст. Дар доираи ин парванда 2,3 ҳазор нафар ҳамчун ҷабрдида эътироф шуданд.
Бо маълумоти “ТАСС”, дар парванда зиёда аз 100 том мавҷуд аст. Як томи парвандаи ҷиноятӣ, тақрибан 400 саҳифа аст.
Боздоштҳо берун аз Русия
Дар пайванд ба ҳамла ба “Крокус” дар Туркия, панҷ муттаҳами дигар ҳукми додгоҳро интизоранд. Тибқи иттилои тафтишот, онҳо бо Саидакрам Раҷабализода ва Фаридуни Шамсидин алоқа дошта, дар бораи ҳамла тавассути телефон суҳбат ва дар як манзили пинҳонӣ дар Истамбул мулоқот кардаанд.
Ду ҳафта пеш, дар ИМА як мардеро, ки бо гумони ҳамлаи террористӣ ба фурудгоҳи байналмилалии Кобул дар соли 2021 боздошт карданд. Вай аъзои “Вилояти Хоросан” ва номаш Ҷаъфар аст. Ӯ эътироф кардааст, ба ду гумонбари ҳамла истифодаи силоҳро таълим додааст.
Афзоиши муҳоҷирситезӣ
Пас аз ин ҳамла, сиёсати зидди муҳоҷирон дар Русия ба авҷи худ расид. Дар рӯзҳои аввали ҳодиса, тоҷиконро ба Русия роҳ намедоданд ва бо ҳар баҳонае аз фурудгоҳ бармегардониданд. Вазъ дар гузургоҳҳои марзӣ, махсусан тавассути Қазоқистон бад буд. Ҳоло ҳам вазъ тақрибан ҳамин аст. Даҳҳо минтақаҳои Русия кор барои муҳоҷиронро манъ карданд.
Думаи давлатии Русия дар як соли баъди ин ҳодиса қариб 14 қонун оид ба назорати пуршиддати фаъолияти муҳоҷирон қабул кард.

Дар ин миён ВКХ-и Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват кард, ки аз рафтан ба Русия даст кашанд. Дар пайи ин вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҳамтои русаш дар робита ба нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик суҳбат карда, ба сафири ин кишвар дар Тоҷикистон нотаи эътирозӣ супорид. Чанде аз дигар мансабдорони Тоҷикистон аз нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони мо дар Русия нигаронӣ карданд.
Вақте тафтишот махфӣ ва мурофиаҳои додгоҳӣ барои тамдиди муҳлати боздошт пушти дарҳои баста мегузарад, маълум нест, ки гумонбарон дар чӣ шароит бозпурсӣ мешаванд, вакили дифоъ доранд ё не ба баррасии мунсифонаи қазия ва ошкор шудани ҳақиқат дар ин ҳамла умед бастан душвор аст.
Аммо пайвандони Фариддуни Шамсиддин, Далерҷон Мирзоев, Муҳаммадсобир Файзов ва Саидакрам Раҷабализода ва дигар боздоштшудаҳо ҳамоно умед доранд ва он ҳам танҳо ба Худо аст, ки ҳақиқатро ошкор ва адолатро пойдор мекунад.