Дар Маскав интизорӣ доранд, ки дар Гузашти Ғалабаи рӯзи 9 май дар пойтахти Русия зиёда аз 20 сарони давлату ҳукуматҳо ба сифати меҳмонон иштирок мекунанд. Тавре ки “Интерфакс” хабар медиҳад, дар ин бора сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков изҳори назар кардааст.

“Аллакай ҳозир гуфта метавонем, ки аз иштироки беш аз 20 сарони давалату ҳукуматҳо интизорӣ дорем, ки ҳамроҳи президент Путин ин ҷашнро таҷлил мекунанд”, - гуфтааст Песков ба рӯзноманигорон рӯзи сешанбе.

Ба сафороии ҷашнӣ бахшида ба 80-солагии ғалаба, гуфта мешавад, ки 19 кишвар, аз ҷумла 7 кишвари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ даъват шудаанд. Гуфта мешавад, ки то кунун 10 кишвар ширкаташро тасдиқ кардааст.

Қаблан, аз Вазорати дифоъи Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" хабар дода буданд, ки афсарону сарбозони Тоҷикистон аввали моҳи май ба хотири ширкат дар сафороии ҷашнӣ бахшида ба 80- солагии Ҷашни Ғалаба ба Русия мераванд. Аммо ҳоло маълум нест, ки ҳайати Тоҷикистон аз чанд сарбозу афсар иборат хоҳад буд. 

Ёдрас мекунем, ки аз Тоҷикистон ба ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳудуди 300 ҳазор нафар сафарбар шуда, 92 ҳазор нафари онҳо ҳалок ва беному нишон шуданд. Ҳамчунин, қобили зикр аст, ки дар рӯйхати Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон 290 собиқадорони ақибгоҳ қарор доранд.

Ҳар сол рӯзҳои 9 май ва 22 июн Тоҷикистон иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945-ро қадрдонӣ мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.