Чаҳор гумонбари аслии ҳамлаи террористӣ ба толори консертии “Крокус Сити Ҳолл” дар канораи Маскав, ки як сол пеш, 22-юми марти соли 2024 рух дод, барои як моҳу ду рӯзи дигар, яъне то солгарди ин ҳодиса, дар боздошт хоҳанд монд.
Қарори тамдиди муҳлати боздошти гумонбарон Муҳаммадсобир Файзов, Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода ва Фаридуни Шамсиддин, ки ҳамагӣ шаҳрванди Тоҷикистонанд, дирӯз, 19-уми феврал, аз ҷониби додгоҳи басманнийи шаҳри Маскав содир шуд. Мурофиаи додгоҳӣ пӯшида баргузор гардид ва сабаби тамдиди мӯҳлати боздошт шарҳ дода нашуд.
Тибқи ин қарор, ҳамаи онҳо то 24-уми марти соли 2025 дар ҳабси пешакӣ боқӣ мемонанд.

Ҳамчунин, додгоҳ ба дархости вакили дифои Саидакрам Раҷабализода барои тағйири чораи пешгирӣ ҷиҳати анҷоми амалҳои мушаххас, посухи рад додааст.
Ин бори чорум аст, ки додгоҳ ҳабсии пешакии гумонбарони аслии ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл”-ро тамдид мекунад.
Ёдрас мешавем, ки ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Ҳолл” рӯзи 22-юми марти соли 2024 рух дод. Бар асари он 146 нафар кушта ва 551 каси дигар захмӣ шудаанд.
Моҳи майи соли 2024 ХБФ-и Русия аз боздошти 20 нафар, аз ҷумла, гумонбарони ин ҳодиса ва ҳамдастони онҳо хабар дод. Баъдан дар моҳи октябр мақомоти рус эълом карданд, ки шохаи “ДОИШ-Хуросон” дар ин ҳамла даст доштааст.

Дертар Александр Бастрикин, раҳбари Кумитаи тафтишоти Русия эълом кард, ки дар иртибот ба ҳамлаи террористӣ ба "Крокус"-и Маскав 27 нафар гумонбар дониста мешаванд.
Шеваи боздошту ба ҳабс гирифтани гумонбарони амали террористиро ҳомиёни ҳуқуқи инсон интиқод карданд. Чаҳор гумонбарии аслии боздоштшуда дар додгоҳ бо рӯи кафидаву осори зарбу лат намудор шуданд.
Наздикону пайвандон ва ҳамсояву омӯзгорони ҳамаи гумонбарон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, бовар надоранд, ки Муҳаммадсобир Файзов, Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода ва Фариддуни Шамсиддин ҳамлаи террористӣ анҷом дода, даҳҳо нафарро кушта бошад.
Ҳамчунин, чанде қабл Додситонии Истанбул (Туркия) барои панҷ шаҳрванди хориҷӣ, ки тибқи иттилои тафтишот, бо гумонбарони аслии ҳамлаи "Крокус Сити Ҳолл" дар Маскав дар тамос буданд, аз 7,5 то 15 соли зиндон талаб кард.
Баъди ҳамлаи террористӣ фишор болои муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби мақомоти Русия ва бегонаситезӣ аз сӯйи афроди алоҳида бештар шуд. Ҷониби Тоҷикистон дар пайи фишорҳои ахир болои шаҳрвандонаш дар Русия чандин бор изҳори нигаронӣ кард ва ба сафири ин кишвар дар Тоҷикистон нотаи эътирозӣ супорид.
Маълумоти бештар дар бораи ин ҳодиса ва ҷараёни боздошти гумонбаронро дар ин пайванд хонед.
Таджикские трудовые мигранты получили возможность обеспечить себя на родине пенсией
Зеленский выразил надежду на отказ США снять санкции против России
Футболист из Ганы с таджикским паспортом выиграл в ФИФА спор с «Равшаном»
Срок – до конца апреля. Власти Таджикистана призвали мигрантов легализоваться в России
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 27 марта 2025 года
Навруз на Памире: здесь точно знают, как изгнать духов и исполнить мечту
Еще один футболист из Таджикистана переехал в Беларусь
Что делать, если больше не хватает сил держать рузу?
США отменили вознаграждение в 10 миллионов долларов за поимку Сироджиддина Хаккани
В Душанбе создадут «налоговый рай» для производителей промпродукции
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста