Дар ин бора хабаргузории давлатии “Ховар” иттилоъ дода, навиштааст, ки 34 нафари онҳо зан ва 663 каси дигар мард ҳастанд. Дар миёни озодшудаҳо 3 нафарашон ноболиғ будаанд.
Номи онҳое, ки озод шудаанд, маълум нест.
“Маҳбусон ва маҳкумшудагон субҳи имрӯз аз муассисаи ислоҳии низоми пурзӯр, муассисаи тарбиявии ноболиғон ва тавқифгоҳи тафтишотӣ дар шаҳри Душанбе, муассисаҳои ислоҳии низоми сахт ва муассисаи муолиҷавӣ дар шаҳри Ваҳдат, муассисаҳои ислоҳии низоми сахт ва низоми пурзӯр, инчунин тавқифгоҳи тафтишотӣ дар шаҳри Хуҷанд, муассисаи ислоҳии низоми умумӣ дар ноҳияи Ёвон, муассисаи ислоҳии занона дар шаҳри Норак ва тавқифгоҳи тафтишотӣ дар шаҳри Бохтар ба озодӣ баромаданд”, - навиштааст манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи гузашта 200 зиндонӣ, бо шумули 53 зан ва 147 мард аз маҳбасҳои Тоҷикистон озод шуда буданд.
Озодии ҳамаи онҳое, ки дар ин ду рӯз аз зиндонҳои Тоҷикистон раҳо шуданд, бар асоси фармони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки рӯзи 20-уми март имзо кард, татбиқ гардид.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон "бахшида ба ҷашни Наврӯз ва дар асоси принсипи инсондӯстӣ, ғамхорӣ ба оила ва кӯдакону наврасон" фармонеро имзо кард, ки тибқи он 897 зиндонӣ, ки барои ҷиноятҳои начандон вазнин, дараҷаи миёна ва вазнин ҳабс шудаанд, аз зиндон озод мешаванд.
Бори охир соли 2021 дар Тоҷикистон ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ авфи саротосари эълон шуда буд, ки он 16 ҳазор гумонбар, айбдоршаванда ва зиндониро фаро гирифта буд.
Тибқи иттилои расмӣ, то моҳи январи соли 2024 дар зиндонҳои Тоҷикистон зиёда аз 13,5 ҳазор нафар нигоҳдорӣ мешуданд.
Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон
Боздошти кирокаше дар Душанбе баъди шикояти сайёҳи эронӣ
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 марти соли 2025
Нахустин ҷашни расмии Наврӯз дар Душанбе
Қадам ба қафо. Қатъи фаъолияти USAID ба бахши кишоварзии Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?
Наврӯз кай ва чӣ гуна пайдо шудааст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 марти соли 2025
Як сол баъди ҳамла ба “Крокус”. Пайвандони 4 гумонбари асосӣ дар чӣ ҳоланд ва дар бораи фарзандонашон чӣ медонанд?
Чашм во кун, рангу асрори дигар дорад баҳор... Андар муносибати ҷашни Наврӯз ба дину мазҳаб
Афви тақрибан 900 зиндонӣ. Аллакай, 200 кас аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шуданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста