ЭЪЛОН

 - Имрӯз дар Душанбе анҷуман ва намоишгоҳи байнулмилалии заргарӣ “Дар пайдоиши ганҷҳои Оксус” ифтитоҳ мешавад. Дар Форум роҳбарони ширкатҳо, вазорату идораҳои саноатӣ аз кишварҳои гуногун, намояндагони ниҳодҳои молиявӣ, доираҳои тиҷоратӣ ва шахсони дигар ширкат доранд.

- Дар ноҳияи Ҷаббор Расули вилояти Суғд мусобиқаи сайёҳии варзишӣ ҷараён дорад, ки дар он 55 нафар, аз ҷумла аз Ӯзбакистон, Қирғизистон ва Эрон ширкат доранд.

- Дар шаҳри Истаравшан мусобиқаи гуштӣ ҷараён дорад, ки дар он варзишгарон аз Ӯзбакистон, Қирғизистон, Эрон ва Русия ширкат доранд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 24 МАРТ

Соли 2011 – Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар вилояти Суғд чандин корхонаи саноатӣ, аз ҷумла бузургтарин фабрикаи риштапечии “Олим-Текстайл”-ро ифтитоҳ кард.

Соли 2012 – Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва Осиф Алӣ Зардорӣ, президенти Покистон дар маросими ифтитоҳи намояндагии Бонки миллии Покистон дар Душанбе иштирок карданд.

Соли 2015 – Эмомалӣ Раҳмон Президенти Тоҷикистон дар дашти Сомғор ва минтақаи Мирзоравоти ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба сохтмони як шаҳри нави замонавӣ асос гузоштанд ва пешниҳод намуданд, ки он “Сайҳун” номида шавад.

Соли 2016 – Дар шаҳри Конибодом корхонаи “Нафтрасон”, ки аввалин корхона оид ба коркарди амиқи нафт дар кишвар аст, ифтитоҳ гардид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1915 – Мавлуди Ҷӯрахон Искандаров, овозхон

Ҷӯрахон Искандаров ҳунари сознавозию овозхониро ибтидо дар зодгоҳаш омӯхта, муддате дар Ҳуҷанду Самарқанд аз Ҳоҷӣ Абдулазиз ва Содирхон Ҳофиз дарси овозхонӣ гирифта, фаъолияти ҳунариро дар Театри мазҳакаи мусиқӣ ш. Ленинобод оғоз намудааст.

Баъдан, сарояндаи яккахони театри халқии Конибодом ва Филармонияи давлатии Тоҷикистон буд. Ӯ баъди таъсиси дастаи мақомхонон дар назди Кумитаи давлатии радиошунавонӣ ва телевизиони Тоҷикистони Шӯравӣ фаъолиятро дар ин даста идома дод ва дар иҷрои шохаҳои ҷудогонаи овозӣ, “Қашқарчаи Содирхон”, “Соқиномаи Ироқи Бухоро”, “Муғулчаи Сегоҳ”, “Савти Сабо”, “Бозургонӣ”, иҷрои дастаҷамъии “Шашмақом” маҳорати воло дошт.

Соли 1940 - Зодрӯзи Зуҳуриддин Суярӣ, нависанда ва рӯзноманигори тоҷик.

Соли 1955 - Зодрӯзи Исмоил Талбаков, сиёсатмадор, раиси пешини Ҳизби комунисти Тоҷикистон.

Исмоил Талбаков

Соли 1976 факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, аз соли 1983 дар вазифаҳои ҳизбӣ фаъолият кардааст. Солҳои 1990-93 котиби якуми кумитаи ҳизбии ноҳияи Темурмалик, солҳои 1993-2000 котиби якуми ҳизбии минтақаи Кӯлоб буд.

Аз соли 2000 то соли 2010 се маротиба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз ҲКТ буд.

Соли 2006 ва 2013 аз ҷониби ҳизби коммунист ҳамчун номзад ба мақоми президентӣ пешбарӣ шуда буд.

Як муддат раиси ҲКТ ҳам буд.

Ӯ 16-уми декабри соли 2016 дар синни 61 солагӣ дар шаҳри Душанбе вафот кард.

Соли 1955 – Мавлуди Абдураҳмон Ашӯров, ҳунарпешаи театри тоҷик.

Абдураҳмон Ашӯров соли 1978 факултаи ҳунарпешагии Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистонро хатм кард. Фаъолияти ҳунариро дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Хуҷанд шурӯъ намуда, то охири умр онҷо кор кард.

Ӯ қариб дар 50 намоишнома силсиланақшҳо офаридааст. Аз ҷумла дар намоишномаҳои “Аз номи инқилоб”, “Зангирии Фигаро”, “Суруди Маҳастӣ”, “Темурмалик”, “Парранда дар қафас”, “Камоли Хуҷандӣ”, “Шабпарак хоб дид” ва дигар.

Абдураҳмон Ашӯров 16 августи соли 2023 дар сини 67-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1956 – Зодрӯзи Султоналӣ Худойбердиев, муҳаққиқи соҳаи санъатшиносӣ, мусиқишинос-этнографи тоҷик.

Султоналӣ Худойбердиев

Султоналӣ Худойбердиев соли 1985 шуъбаи иҷрокунандагии анъанавӣ (дутор)-и Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистонро хатм намудааст.

Аз ибтидо фаъолияти эҷодиро бо фаъолияти омӯзгорӣ ва илмӣ-таҳқиқотии вобаста ба омӯзиш, ҳифз ва рушди мусиқии суннатии классикии “Шашмақом” пайванд додааст. Солҳо дар ин донишкада, дар Академияи мусиқии Тоҷикистон, Институти таҳқиқотии Осиёи Марказии Франсия, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд фаъолият кардааст.

Аз соли 2001 директори Маркази фарҳанги мусиқии тоҷик “Ҳунар” дар шаҳри Хуҷанд буда, солҳои 2014 - 2016 ноиби ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов буд.

Соли 1959 - Зодрӯзи Отабек Ғоибов — рӯзноманигор, барандаи ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ, собиқ муҳаррири варзидаи бахши ӯзбекии радиои «Овози тоҷик». Ӯ соли 22 аз олам даргузашт.

Соли 1961 – Мавлуди Назира Ғаффорова, ҳуқуқшиноси тоҷик, собиқ муовини Раиси вилояти Суғд, вакили Маҷлиси намояндагон дар даъвати чорум.

Соли 1999 – Зодрӯзи Сомон Маҳмадбеков, ҷудокори овозадори тоҷик, ббарандаи нишони биринҷии Бозиҳои олимпӣ дар Порис (2024).

Сомон Маҳмадбеков

Сомон Маҳмадбеков дар оилаи паҳлавонон- Маҳмадбековҳо ба воя расидааст. Ӯ дар вазни то 81 кг дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок мекунад. Аз ҷумла, соли 2023 дар Бозиҳои осиёӣ медали тилло ба даст овард. Ӯ дар Бозиҳои олимпии тобистонаи соли 2024 дар Париж ва дар Чемпионати ҷаҳон дар соли 2024 медали биринҷиро соҳиб гардидааст.

Сомон Маҳмадбеков иштирокдори мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аврупоӣ ва осиёӣ буда, миёни тоҷикон аввалин варзишкорест, ки аз Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон дар моҳи октябри соли 2017 (шаҳри Загреби Хорватия) нишони биринҷиро ба даст овард.

Ҳамзамон, Сомон нахустин Қаҳрамони ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон аз Тоҷикистон мебошад, ки моҳи октябри соли 2019 дар Марокаш нишони тилоро ба гардан овехт. Моҳи августи соли 2019 дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни мардон (Токио-2019) ширкат карда, барандаи мақоми ифтихории 5-ум шуд. 23-ноябри соли 2019 дар шаҳри Осакаи Ҷопон дар мусобиқаи бонуфузи «Тоскулоҳи бузурги Осака-2019» (Osaka Grand Slam-2019) сазовори мақоми сеюм гардид.

Баҳори соли 2024 дар чемпионати ҷаҳонии пеш аз бозиҳои олимпӣ, ки дар Имороти Муттаҳидаи Араб соҳиби медали биринҷӣ гардид. Вай дар мубориза барои чои сеюм харифаш аз Гурҷистон Дмитрий Гочилаидзеро маглуб кард.

Дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 дар Порис дар мубориза барои ҷойи севум бар Антонио Эспозито аз итолиёвӣ пирӯз шуда, медали биринҷӣ ба даст овард.

Ӯ чанд маротиба, аз ҷумла соли 2024 ҳамчун варзишгари соли Тоҷикистон эълон шудааст.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил таҷлил мешавад. Тибқи қарори Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ), ин рӯз ҳамасола 24 март – дар рӯзи эълони кашфи ангезандаи бемории сил аз ҷониби микробиологи олмонӣ Роберт Кох ҷашн гирифта мешавад. Дар соли 1905 Роберт Кох барои ин кашфиёт ва таҳқиқоти марбут ба табобати сил ҷоизаи Нобелро дар соҳаи физиология ва тиб ба даст овард.


Тибқи маълумоти ТУТ, ҳар рӯз аз ин бемории пешгиришаванда ва табобатшаванда тақрибан 4400 нафар фавтида, тақрибан 30 000 нафар мубталои он мегарданд. Сил то ҳол сабаби асосии марг аз бемориҳои сироятӣ дар ҷаҳон боқӣ мондааст.

Имрӯз ҳамчунин Рӯзи байналмилалии мубориза бо депрессия аст. Тибқи омори ТУТ, беш аз 350 миллион нафар дар саросари ҷаҳон аз депрессия ранҷ мебаранд.

Депрессия як беморӣ аст, ки бо ҳисси доимии ғамгинӣ ва гум кардани таваҷҷуҳ ба фаъолиятҳои пешинаи писандида, инчунин нотавонии иҷрои корҳои ҳаррӯзаи камаш ду ҳафта идома меёбад.


Инчунин 24 март Рӯзи байналмилалии ҳуқуқ барои ошкорсозии ҳақиқат дар бораи поймолшавии дағалонаи ҳуқуқи инсон ва шарафи қурбониён аст, ки аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид тасдиқ шудааст.

Ҳадафи ин рӯз таъкид кардани аҳамияти ҳақиқат ва адолат дар ҳолатҳои қатли ом, нопадидшавии маҷбурӣ, рабудани кӯдакон ва шиканҷа мебошад.


24 марти соли 1896 Александр Попов аввалин бор сигнали радиоиро интиқол дод.

24 марти соли 1898 аввалин мошини амрикоӣ, ки аз ҷониби Winton Motor Carriage Company истеҳсол шуда буд, ба фурӯш рафт. Ин мошинро муҳандиси 70-сола Роберт Эллисон аз иёлати Пенсилвания бо нархи 1000 доллар харид.


24 марти соли 1802 Ричард Тревитик, ихтироъкори англис, аввалин патентро барои паравоз ба даст овард, ки онро дар роҳи оҳан ба монанди аробаҳои аспӣ барои боркашонӣ истифода мебурданд.

Дар соли 1804 ӯ аввалин озмоиши паровозро анҷом дод, ки ин як таҳаввули бузург дар соҳаи нақлиёт ба ҳисоб меравад.


 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 24 МАРТИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 9+14º гарм, рӯзона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7º гарм, рӯзона 10+15º гарм мешавад.     

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида баъзан борон борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 11+16º гарм, рӯзона 18+23º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 7+12º гарм, рӯзона 9+14º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат ва боридани жолаву раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 11+16º гарм, рӯзона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10º гарм, рӯзона 10+15º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 1+6º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 8+10º гарм, рӯзона 11+16º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 21+23º гарм, дар шарқи вилоят шабона 7-12º сард, дар баъзе минтақаҳо то 28-30º сард, рӯзона 1+6º гарм.    

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Ҳарорат: шабона 14+16º гарм, рӯзона 16+18º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, баъзе ҳолатҳо борон меборад. Ҳарорат: шабона 12+14º гарм, рӯзона 16+18º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, баъзе ҳолатҳо борон меборад.  Ҳарорат: шабона 13+15º гарм, рӯзона 21+23º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, борон меборад. Ҳарорат: шабона 4+6º гарм, рӯзона 11+13º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.