Дар бораи ҷараёни қабули кӯдак ба мактабҳои Русия ва чӣ гуна ба он омода шудан маълумот медиҳем. Ҳамзамон доир ба зарурати ҷорӣ шудани чунин санҷиш изҳори назар мекунем.
Бояд гуфт, ки аз рӯи баҳогузории панҷбалла аз имтиҳони забони русӣ онҳо бояд ҳадди ақалл 3 балл гиранд.
Аввал, бояд ҳуҷҷатҳоро омода кунед
Аввалин ва муҳимтарин чизе, ки ҳангоми супоридани фарзанд ба кӯдакистон ё мактаб талаб карда мешавад, ин пешниҳоди ҳуҷҷате мебошад, ки будубоши қонунии онҳоро дар ҳудуди Русия тасдиқ мекунад.
Бовари ҳосил кунед, ки ҳам шумо ва ҳам фарзандонатон дар кишвар қонунӣ қарор доред ва ҳуҷҷатҳои шумо дуруст тартиб дода шудаанд.
Чӣ бояд кард, то ки воридшавӣ ва будубош дар Русия қонунӣ бошад? "Азия-Плюс" пайваста барои муҳоҷирон дастурамалҳои муфассал интишор мекунад.
Аз сомонаи Маркази захиравии муҳоҷирон дар Тоҷикистон метавонед ҳам ба забони русӣ ва ҳам ба забони тоҷикӣ маълумоти муфид дарёфт кунед. Масалан, дар он ҷо китобчаи «Қонунигардонии мақоми муҳоҷирон дар Русия» нашр шудааст.
Кӯдакро барои супоридани санҷиш (тест) омода кунед
То охири моҳи март дар сомонаи Пажуҳишгоҳи федералии андозагириҳои омӯзгорӣ намунаҳои тест нашр карда мешаванд. Дар он ҷо метавонед мисолу масъалаҳоеро бинед, ки ҳангоми санҷиш дучор хоҳанд шуд, инчунин бо меъёрҳои баҳодиҳии ниҳоӣ шинос мешавед.
Айни ҳол маълум аст, ки тестҳо вобаста ба синфе, ки кӯдак бояд ба он дохил шавад, фарқ мекунанд.
Барои қабул шудан, кӯдак бояд ҳадди ақал баҳои “се” гирад. Санҷиш ҳам шифоҳӣ ва ҳам хаттӣ гузаронида мешавад. Давомнокии ин имтиҳон на бештар аз 80 дақиқа хоҳад буд.
Тафсилоти тартиби тестгирӣ дар Фармони дахлдори Вазорати маориф ва омӯзиши Русия зикр шудааст.
Аммо бояд дар назар дошт, ки ҳуҷҷати мазкур айни ҳол на нусхаи ниҳоии он, балки танҳо як лоиҳа (драфт) аст. Ин маънои онро дорад, ки он метавонад тағйир ёбад.
Муайян кунед, ки тестро дар куҷо ва кай супоридан лозим аст
Санҷиш аз 1-уми апрели соли 2025 оғоз мешавад. Шурӯъ аз ин рӯз ба кӯдаконе, бояд ба мактаб қабул шаванд, аллакай лозим меояд, ки аз забони русӣ тест супоранд.
Супоридани тест бепул аст. Айни замон рӯйхати марказҳои тестгирӣ бо суроға, маълумот барои тамос ва рӯзҳои гузаронидани тестҳо таҳия мешавад. Маълум аст, ки санҷишҳо дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, яъне бевосита дар мактабҳо гузаронида мешаванд.
Агар кӯдак тестро супоридан натавонад?
Дар ин ҳолат, ӯ наметавонад ба мактаб қабул шавад. Аммо ин маънои онро надорад, ки дигар имкон нест, зеро кӯдак метавонад забони русиро беҳтар омӯхта, бори дигар кӯшиш кунад, ки ба мактаб дохил шавад.
Ба кӯдак тавсия дода мешавад, ки ба курсҳои омӯзиши забони русӣ равад. Вале маблағи ин курсҳоро волидайн худашон пардохт мекунанд. Давомнокии курсҳо ҳадди ақал 3 моҳро дар бар мегирад.
Баъд аз чунин омӯзиш, кӯдак метавонад дубора барои супоридани тест кӯшиш кунад.
Чӣ мешавад агар кӯдак аз тест нагузашта, ба курсҳои забономӯзӣ ҳам наравад?
Ҳоло масъалаи имкони ҷалби чунин волидайон ба ҷавобгарии маъмурӣ барои ба таври бояду шояд иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба таълими кӯдак баррасӣ мешавад.
Ҳамаи ин барои чӣ лозим буд?
Баъзе вакилон бар ин назаранд, ки комилан надонистани забони русӣ ба кӯдак ҷиҳати таҳсили пурра имкон надода, инчунин давомоти умумии синфро паст мекунад.
«Маълум аст кӯдаке, ки ба синфи аввал ё ягон синфи дигар меояд ва забони русиро намедонад, наметавонад таҳсили мукаммал гирад. Барои ҳамин гузаштан аз тест ҷорӣ карда мешавад, то кӯдак барои таҳсил омода гардад», – изҳор дошт Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Маҷлиси Федералии Русия.
Аммо на ҳама ин тарзи муносибатро дуруст мешуморанд.
«Оё мо кӯдаконе, ки ба муассисаҳои таълимӣ қабул нашудаанд, ба тақдири худ ва кӯча ҳавола намекунем? Оё ин вазъ ба афзоиши ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ миёни наврасон боис намегардад?» – изҳори назар кард Татяна Ларионова, узви Кумитаи Думаи Давлатӣ оид ба ҳимояи оила, масоил волидон ва кӯдакон.
Ирина Абанкина, директори Пажуҳишгоҳи рушди маорифи Донишгоҳи олии иқтисодӣ (НИУ ВШЭ), изҳор дошт, ки ин қонун ҳуқуқи таҳсил ва имконияти мутобиқ шудан ба фарҳанги Русияро барои шумораи зиёди кӯдакон маҳдуд мекунад.
София Исмоилова, узви кумитаи «Мусоидати шаҳрвандӣ, ба «Медуза» изҳор дошта буд, ки дар Русия барномаи давлатии мутобиқсозии кӯдакони шаҳрвандони хориҷӣ ва инчунин барномаи омӯзиши забони русӣ барои мактабхонҳои муҳоҷир вуҷуд надорад.
Ӯ зарурати таъсиси синфҳои мутобиқсозиро таъкид кард, ки дар онҳо кӯдакони муҳоҷир метавонистанд забони русиро ҳамчун забони хориҷӣ омӯзанд ва ҳамзамон фанҳои мактабиро низ азхуд кунанд.
Баҳсҳо сари аз ҷониби кӣ пардохт шудани пули маркази омӯзишӣ
Илова бар ин, зимни таҳияи лоиҳаи қонун, сари масъалаи барои волидайн ройгон ё пулакӣ будани омӯзиши кӯдаконе, ки аз тест нагузаштаанд, баҳсҳо сурат гирифт.
Константин Затулин, муовини аввали раиси Кумитаи умури Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), фаъолона исрор мекард, ки чунин таълим бояд ройгон бошад.
«Мактаб на танҳо ҷой барои таҳсил, балки барои тарбия низ мебошад. Агар мо кӯдаконро ба мактаб роҳ надиҳем, онҳоро ба кӯча ҳавола мекунем», – ҳушдор дод Затулин ҳамкоронашро. Дар ин бора хабаргузории РБК навишта буд.
Аммо ин пешниҳод мавриди интиқод қарор гирифт.
«Константин Фёдорович ба онҳое, ки ба Русия омадан мехоҳанд, пешниҳод мекунад, ки ба он омодагӣ нагиранд, дар кишвари худ забони русиро наомӯзанд, балки масъулияти ин масъаларо ба дӯши мо вогузор мекунад», – изҳор дошт Вячеслав Володин, раиси Думаи Давлатӣ.
Дар натиҷа дар нусхаи ҳозираи лоиҳаи қонун пешбинӣ шудааст, ки хароҷоти омӯзиши забони русӣ барои кӯдаконе, ки тестро нагузаштаанд, бар уҳдаи волидайн гузошта мешавад.