Тими милли футболи Тоҷикистон дар рақобати якуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар баробари мунтахаби Тимори Шарқӣ бо натиҷаи 1:0 пирӯзӣ ба даст овард. Ин бозӣ шоми дирӯз, 25-уми март дар майдони марказии шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Голи ягонаи футболбозони тоҷикро муҳофизатгар Ваҳдат Ҳаннонов дар дақиқаи сеюм вориди дарвозаи рақиб кард.
Баъди ин пирӯзи тими миллии Тоҷикистон соҳиби се имтиёз гардида, дар зинаи дуюми гурӯҳи “А” қарор гирифт.
Бояд гуфт, Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии мусобиқа як ҷо бо мунтахабҳои Филиппин, Малдив ва Тимори Шарқӣ дар гурӯҳи “А” шомиланд.
Дар бозии дигари ин гурӯҳ мунтахаби Филиппин бар муқобили дастаи Малдив бо натиҷаи 4 бар 1 ғалаба ба даст овард. Баъди ин пирӯзи Филиппин бо гирифтани 3 хол ва бо бартарият дар голҳо дар садри ҷадвали гурӯҳи “А” қарор гирифт.
Ҳамакнун дар бозии навбатӣ дар таърихи 10-уми июн Тоҷикистон дар сафар бо Филиппин дидор анҷом хоҳад дод.
Ёдрас мешавем, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 24 мунтахаб дар 6 гурӯҳ иборат аз 4 дастаӣ ширкат мекунанд. Ҳар як тим дар гурӯҳ 6 бозӣ, 3 рақобат дар майдони худ ва 3-то дар сафар анҷом медиҳад. Ғолибони ҳама гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027, ки дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон танҳо як маротиба ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳхат гирифта, дар он иштирок карда буд.
Мунтахаби футболи кишвар дар аввалин иштироки худ дар ин мусобиқот, ки аввали соли соли 2024 дар Қатар баргузор шуд, то марҳилаи ¼-ниҳоӣ роҳ ёфт. Аммо дар ин марҳила Тоҷикистон аз тими Урдун бо ҳисоби як бар сифр шикаст хӯрд ва аз идомаи мусобиқот маҳрум шуд.




Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста