Садҳо ҳунарманду ҳунарпеша аз кишварҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон барои ширкат дар чорабинии асосии ҷашни Наврӯз, ки имсол дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад, ба Тоҷикистон омадаанд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанг ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Имсол чорабинии асосии ҷашни Наврӯз дар шаҳри Хуҷанд мегузарад ва дар он Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтоёни худаш аз Қирғизистону Ӯзбекистон иштирок мекунанд.
Аз ин ниҳод гуфтанд, рӯзҳои 23-24 март ҳайати ҳунармандону фарҳангиён ба шаҳри Ҳуҷанд омадаанд ва қарор аст дар ин чорабинӣ барномаҳои фарҳангӣ ва театрӣ иҷро кунанд.
“Ҳунармандон, овозхонон, раққосон ва тарроҳон аз Ӯзбекистон ва Қирғизистон айни ҳол дар шаҳри Хуҷанд қарор доранд. То рӯзи ҷашни асосии Наврӯз онҳо тайёрӣ мебинанд ва барномаҳои фарҳангии худро иҷро мекунанд”, -гуфтанд дар вазорат.
Дар баробари ҳунармандон инчунин ризокорон (волонтёрон) аз ин кишварҳо низ ба Тоҷикистон омадаанд.
Манбаъ гуфт, ки ҳунармандон аз ансамблҳои фолклорӣ-этнографии “Камбаркам”, “Маданият”, “Ханда”, “Ак-Ният”-и Қирғизистон дар ин чорабинӣ ҳунарнамоӣ мекунанд.
Маълум нест, ки кадом ансамбл ва гурӯҳҳои эҷодӣ аз Ӯзбекистон дар ин чорабинӣ ширкат мекунанд.
Ҳамчунин, дар ҳошияи ин ҷашн, тарроҳони ӯзбеку қирғиз колексияи либосҳои худро ба намоиш мегузоранд ва хӯрокҳои милли ин кишварҳо низ ба маъраз гузошта мешавад.
Санаи дақиқи ҷашни Наврӯз дар шаҳри Хуҷҷанд бо ширкати се президент маълум нест. Вале садҳо донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров аз нимаи моҳи феврал боз барои таҷлили ҷашни асосии Наврӯз ба роҳпаймоӣ ё “маршировка” ҷалб шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 31-уми март дар шаҳри Хуҷанд ҳамчунин, баргузории нахустин нишасти сеҷонибаи раиси ҷумҳурҳои се кишвари ҳамсоя, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар назар аст.
Дар ин нишаст қарор аст, ки Эмомалӣ Раҳмон, Шавкат Мирзиёев ва Содир Жапаров созишномаи муштарак дар бораи пайванди нуқтаҳои сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистонро имзо кунанд.
Дар ҳамин ҳол, БДА дар вилояти Суғд хабар дод, ки дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни Наврӯз дар Суғд ва ташрифи раисони ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қирғизистон баъзе роҳҳои шаҳру навоҳии ин вилоят барои 4 рӯз- аз 29-уми март то 1-уми апрел баста мешаванд.
Аввалин вохӯрии роҳбарони хадамоти махсуси кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд
Қоҳир Расулзода бо сарвазири Русия дидору гуфтушунид мекунад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 5
Истеъфо дар футболи тоҷик. Баъди шаш давр кӣ ба куҷо рафт?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 апрели соли 2025
Мақоме боиси орзу, аммо бидуни таъсир ба фазои сиёсӣ. Тасвири симои вакили тоҷик
Ба оилаҳои аз заминларза зарардидаи Рашт беш аз 483 ҳазор сомонӣ кӯмак кардаанд
Чаро сабзавоту меваи Тоҷикистон бозори Қазоқистонро аз даст медиҳанд?
Бо ширкати театри 6 кишвар. Дар Душанбе ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ - “Наврӯз” баргузор мегардад
Тоҷикистону Эрон мехоҳанд раводид тавассути роҳҳои заминиро ҳам бекор кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста