Соли оянда Тоҷикистон ба бахши саноат ва сохтмон аз ҳисоби воситаҳои буҷет ҳамагӣ 0,6% маблағ ҷудо мекунад. Дар ҳамин ҳол, ҳукумат дар бораи аллакай то соли 2030 ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ табдил додани ҷумҳурӣ изҳори назар мекунад.
Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ дар соли 2019 беш аз 24,1 млрд. сомонӣ муқаррар шуда, хароҷот ба соҳаи саноат ва сохтмон каме бештар аз 156 млн. сомонӣ (17 млн. доллар) ё худ 0,6% аз ҳаҷми умумии хароҷотро ташкил медиҳад.
Барои мисол, соли оянда ба соҳаҳои фарҳанг ва варзиш ҷудо гардидани беш аз 760 млн. сомонӣ пешбинӣ гардида, дар муқобили сутуни “хароҷоти дигар”, ки маълум нест чӣ ин ҷо дар назар дошта шудааст, рақами беш аз 2,5 млрд. сомонӣ меистад.
Ҳукумат ният дорад, ки даҳсолаи наздик Тоҷикистонро ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ табдил диҳад. Дар ин самт тақвияти иқтидорҳои саноатӣ ва энергетикӣ ва кам кардани вобастагии иқтисоди кишвар аз бахши кишоварзӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ба сифати сарчашмаҳо ҷиҳати амалисозии Стратегияи миллӣ доир ба ин масъала воситаҳои буҷети кишвар дар ҳаҷми 56,1 млрд. сомонӣ дар назар аст, яъне ҳар сол равона шудани 3,7 млрд. сомонӣ.
Солҳои охир ҳиссаи бахши кишоварзӣ дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 20-25% ва саноат на бештар аз 17%-ро ташкил медиҳад.
“Ҳиссаи саноат дар кишварҳои навъи иқтисоди индустриалӣ-аграрӣ аз ҳиссаи бахши кишоварзӣ зиёд аст, лекин ин маънои онро надорад, ки мо бояд истеҳсолоти кишоварзиро коҳиш бидиҳем. Баръакс, истеҳсоли маҳсулоти саноатиро зиёд ва тақвият бахшидан зарур буда, он бояд натанҳо талаботи бозори дохилиро қонеъ намояд, балки дар бозори ҷаҳонӣ низ бояд рақобатпазир бошад. Барои ин воситаҳои пулиро на ба баргузор наумдани чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ, балки ба сохтмони корхонаҳои саноатӣ равона кардан лозим аст”, - мегӯяд иқтисодчӣ Шавкат Каримов.
Яке аз мисолҳои барҷастаи иқтисоди навъи индустриалӣ-аграрӣ Бразилия мебошад, ки ҳиссаи саноат дар он ба 40%-и истеҳсолоти миллӣ ва бахши кишоварзӣ ба наздики 15% баробар аст.
Ба қавли доктори илмҳои иқтисодӣ Нуриддин Қаюмов, барои ноил гардидан ба ин мақсад, ба рушди бахши воқеии иқтисод, пеш аз ҳама саноат таваҷҷуҳи хосса зоҳир кардан зарур аст.
Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.
Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.