Тибқи дастури Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе барои гузаронидани давраи тирамоҳу зимистон бояд соҳаҳои асосии пойтахт омода бошанд. Агарчи шаҳрдории Душанбе ба мактуби “Азия-Плюс” дар мавриди омодагӣ ба зимистон посух надод, вале мо нақшаи иҷрои мақомоти дахлдорро барои давраи зимистони соли 2024-2025 қисман дастрас кардем.
“Низоми гармидиҳӣ омода аст”
Ҳама иншооти Душанбе, ба гуфтаи масъулин, ҳоло пурра бо гармӣ таъмин шудаанд. Аз Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” гуфтанд, барои давраи тирамоҳу зимистони соли 2024-2025 дар пойтахт 3 ҳазору 200 иншоот бо гармӣ таъминанд:
- ноҳияи Сомонӣ – 544 иншоот;
- ноҳияи Сино – 1 ҳазору 447 иншоот;
- ноҳияи Шоҳмансур – 665 иншоот;
- ноҳияи Фирдавсӣ – 544 иншоот.
Аз ин миқдор имсол 150 иншоот бори аввал ба низоми гармидиҳӣ пайваст шудааст: 20 иншоот дар ноҳияи Сино (19 бинои истиқоматӣ, 1 корхона) ва 130 иншоот дар ноҳияи Фирдавсӣ (103 бинои истиқоматӣ, 27 корхонаи гуногун).
Шикояти сокинон: “хонаҳо ширгарм аст”
Ба низоми гармидиҳӣ пайваст шудани иншооти нав ва афзоиши шумораи биноҳо фишори оби гармро поин меорад ва оби гарм то ҷои зарурӣ намерасад. Имсол ҳам, бо гузашти қариб як моҳ аз оғози мавсими гармидиҳӣ дар Душанбе сокинони бархе аз маҳаллаҳои пойтахт шикоят мекунанд, ки хонаҳояшон ба таври зарурӣ гарм нест ё ба қавле “ширгарм” аст.
Ин таҷриба солҳои қаблӣ низ мавҷуд буд ва Шабакаи гармидиҳандаи пойтахт ба шикояти сокинон дар мавриди заиф будани низоми гармӣ ва ё қатъ шудани он ҷавоби мушаххас надода буданд. Баъзан сабаби ин норасоии маводи сӯхт гуфта мешуд ва баъзан масъулин мушкилро ба қубурҳои обгузари худи сокинон рабт медоданд.
Масъулияти таъмир бар дӯши кист?
Таъмини сокинон бо гармӣ яке аз мушкилоти асосии пойтахт дар давраи зимистон аст. Зеро аксари мардум дар биноҳои баландошёна иқомат доранд ва пайваст будан ба низоми гармидиҳӣ яке аз воситаҳои асосии гарм нигоҳ доштани иншоот маҳсуб мешавад.
Агар барои гарм кардани хона сокинон аз васоити дигари гармидиҳӣ, аз ҷумла бухориҳои барқӣ истифода баранд, дар аксари ҳолат набудани барқ, чун таҷрибаи солҳои пеш, боз ҳам мушкил эҷод мекунад. Ё маҷбур мешаванд, ки ҳам барои гармӣ ва ҳам барои барқ маблағи иловагӣ пардохт кунанд, ки ин маблағи сарборӣ ба буҷаи оила аст.
Шабакаҳои гармидиҳандаи Душанбе дар ин самт то нуқтаи тақсимоти гармӣ (элеватор), ки маъмулан дар паҳлӯи биноҳои истиқоматӣ ё таҳхонаи он воқеъ аст, масъул мебошад.
Пайвасткунӣ дар дохили бино, гузаронидани корҳои таъмирӣ, ивази шабакаҳои гармидиҳӣ дар дохили биноҳоро худи сокинон бояд анҷом диҳанд. Моликони манзил уҳдадоранд, ки ҳамаи шабакаҳои дохили биноро дар ҳолати коршоям нигоҳ дошта, онро вайрон накунанд ва ба интиқоли гармӣ тариқи шабакаи ягонаи хона монеъа эҷод насозанд.
Аз Шабакаи гармидиҳии Душанбе ба суоли “Азия-Плюс” дар хусуси ба куҷо муроҷиат кардани сокинон ҳангоми дучор шудан ба мушкил ва арзу шикоят нисбати вазъи таъмини гармӣ рақамҳои зеринро доданд: 231 75 01, 231 32 79, 91955 21 31, 917 22 06 97, 93 201 61 27 ва 93 300 15 24.
Як санҷиши кутоҳи “Азия-Плюс” маълум кард, ки ин рақамҳо фаъол аст ва масъулин ба саволҳои корафтодаҳо до қадри имкон посух медиҳанд.
Барқ таъмин мешавад, агар...
Дар фасли тирамоҳ ва зимистон маҳдудият дар интиқоли барқ мушкили №1-сокинони музофоти Тоҷикистон аст, вале он дар Душанбе мушкили №2 ба ҳисоб меравад, зеро тақрибан дар пойтахт ва шаҳрҳои бузурги кишвар интиқоли нерӯи барқ қатъ намешавад.
Бахтиёр Раҳматзода, муовини раиси Шабакаҳои тақсимоти барқ, масъули тақсимоти нерӯи барқ дар Тоҷикистон, ба “Азия-Плюс” гуфт, ки Душанбе дар фасли тирамоҳу зимистон бо барқ таъмин хоҳад буд ва дар ин робита заминаҳо гузошта шудааст.
“Мо ба мавсими тирамоҳ омодагӣ пурра доштем ва акнун ин фаслро бе рух додани ягон мушкил пушти сар мекунем. Ба фасли зимистон ҳам омодагӣ дида истодаем, ноқил, қисҳои эҳтиётӣ ва 25 тонна равған захира кардем”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Ба гуфтаи ӯ, дар сурати бо мушкиле мувоҷеҳ шудан, омодагиҳои лозима дида шудааст, ки дар камтарин фурсат бартараф карда шавад. Танҳо дар мавриди “лимит”-и барқ дар пойтахт гуфт, ки “агар дастури қатъи интиқоли барқ шавад, шояд дар Душанбе ҳам рӯзона чанд соат барқ хомӯш гардад”.
“Низоми маориф ба зимистон +100% омодааст”
Аслан, ҳама гуна омодагӣ ба сардиҳои зимистон ба гармӣ ва барқ иртибот мегирад. “Азия-Плюс” аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳам пурсид, ки то куҷо ба мавсими зимистон омодагӣ доранд.
Ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати маориф ва илм, дар мактабҳои Душанбе маводи асосии гармидиҳӣ аз нақша барзиёд захира карда шудааст:
- ангишт - 103% (1447,6 тонна);
- ҳезум - 148% (1085,06 метри мукааб);
- сӯзишвории дизелӣ - 166% (8106 литр).
Ҳамчунин, дар тавозуни 51 боғча ва мактабҳои пойтахт, новобаста аз шакли ҳуқуқию ташкилӣ 59 дегхона, ки 27 ададаш ангиштӣ ва 32 адади дигар барқӣ мебошанд, мавҷуд аст.
Дар шарҳи пурсишномаи онлайни, ки пеш аз омода кардани ин мақола дар шабкаҳои иҷтимоӣ гузаронида шуд, аксари сокинон аз вазъи низоми гармӣ дар муассисаҳои маорифи пойтахт изҳори қаноатмандӣ намуда, тасдиқ карданд, ки дар мактабу колеҷу донишгоҳҳо низоми гармӣ фаъол аст ва таҷҳизоти гармидиҳӣ кор мекунад.
Дар ҳамин ҳол дар баъзе аз муассисаҳои олии пойтахт, аз ҷумла дар бинои 10-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҷҳизоти гармидиҳанда қариб ширгарм будааст.
Сохтори тандурустӣ ҳам даъвои омодагии комил дорад
Аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳам ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки муассисаҳои зертобеъ дар шаҳри Душанбе пурра ба давраи зимистон омода аст.
Гуфта мешавад, захираҳо аз нақша барзиёд иҷро шудаанд:
- ангишт - 102% (11360,1 тонна);
- ҳезум – 100,4% (6624,9 метри мукааб);
- сӯзишворӣ – 99,9% (61741 литр).
Инчунин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳаҷми зерин маҳсулоти хӯрока захира кардааст:
- картошка - 177,5 тонна;
- пиёз - 81,9 тонна;
- равған - 32747 литр;
- орд - 178,2 тонна;
- биринҷ - 34,9 тонна;
- шакар - 30,7 тонна;
- дигар намуди хӯрок - 167,2 тонна.
Ин захираҳо барои хӯроки беморон ва бошандагони муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ (маъюбон, бекасон, пиронсолон) пешбинӣ шудаанд.
Ба иттилои вазорат, дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии пойтахт 109 генератори барқӣ мавҷуд буда, дар ҳолати қатъ гардидани қувваи барқ истифода мешаванд.
Ҳамчунин, дар муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе 3 дегхонаи буғӣ фаъолият мекунанд.
Гуфта мешавад, ки дар шаҳри Душанбе 116 муассисаи соҳаи тандурустӣ мавҷуд буда, 94 муассиса ба шабакаи гармидиҳӣ пайваст аст.
Инчунин, 12 муассиса аз дегхонаҳои локалӣ гармиро истифода мебарад ва дар 10 муассиса барои қабули гармӣ системаи дохилӣ таҳия кардааст. Интизор меравад, ки бо гузаронидани хати шабакаи гармидиҳӣ дар маҳалли ҷойгиршавии ин муассисаҳои тандурустӣ онҳо низ ба шабакаи гармидиҳӣ пайваст шаванд.
Маълум нест, ки роҳҳои пойтахт ба зимистон омодаанд ё не
“Азия-Плюс” талош кард, дар бораи он ки роҳҳои пойтахт то куҷо ба зимистон ва барфу борони он мувофиқ аст ва чӣ қадар маводи зидди лағзиш захира шудааст, иттилоъ пайдо кунад, вале бенатиҷа монд.
Мо охири моҳи ноябр, пеш аз фасли зимистон, аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон перомуни омодагии роҳҳои пойтахт ба зимистон пурсон шудем, гуфтанд, ки нигоҳубинии роҳҳои пойтахт ба салоҳияти шаҳрдории Душанбе дохил мешавад.
Аз Шуъбаи нақлиёти дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе, Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии Душанбе ва маркази матбуоти шаҳрдорӣ маълумот дастрас карда натавонистем.
Пас аз ин кӯшишҳои бенатиҷа, “Азия-Плюс” рӯзи 4-уми декабр шаҳрдории Душанбе мактуб ирсол кард, аммо бо гузашти 20 рӯз ҳанӯз посухи онро дастрас накардааст. Аз шаҳрдории Душанбе рӯзи 20-уми декабр гуфтанд, ки “корбарӣ шуда истодааст”.
Моддаи 30-и Конститутсия, моддаҳои 5 ва 6 Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот”, моддаҳои 23 ва 28 Қонуни ҶТ “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО” ба рӯзноманигорон ҳуқуқи дастрас кардани иттилоотро додааст.
Мувофиқи моддаи 23-и Қонуни ҶТ “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО” мақомоти давлатӣ вазифадоранд, ки “ба воситаҳои ахбори омма маълумоти расмии зарурӣ ва ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии онҳо, ки омӯзиши иловагиро талаб намекунанд, дар мӯҳлати то се рӯзи кории баъди муроҷиат ё нашр (пахш) гардидани маводи дахлдор, ҷавоб диҳанд”.
Чунин бархурд саволеро ба миён меорад, ки роҳҳои пойтахт ба замистони имсола омода нестанд ва ё омода ҳам бошанд мисли солҳои пеш на ба таври зарурӣ. Чунки ҳамасола баъди боридани барфи аввал мушкилот дар роҳҳои пойтахт оғоз мешавад.
Зимнан, ҳамасола мақомоти кишвар, махсусан зерсохторҳои Душанбе аз омода будан дар гузаронидани фасли зимистон хабар медиҳанд. Вале сардиҳои моҳи январ ва феврали соли равон ва ҳодисаи рӯзи 1-уми март, ки якбора қатъ гардидани барқу гармӣ давоми чанд соат сокинонро ба мушкил мувоҷеҳ кард, собит кард, ки онҳо на ҳамеша ба таври кофӣ ба фасли сармо омодаанд.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Дӯстӣ дӯстиву тиҷорат дар ҷойи худаш. Ӯзбекистон расмиёти гумрукиро барои Тоҷикистон қимат кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста