Имрӯз дар Душанбе анҷумани навбатии XI-уми Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ) баргузор гардид ва дар он 13 номзад аз ин ҳизб барои вакилӣ ба интихоботи парлумони кишвар пешниҳод шуданд.
Ба иттилои хабаргузории “Ховар”, дар анҷумани ҲИИТ вакилон аз кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳизб иштирок намуданд ва номзадҳо ба интихоботи парлумониро интихоб карданд:
- Fиёсиддин Ашӯрзода, раиси ҳизб;
- Сарвиноз Маҷидзода, вакили кунуни Маҷлиси намояндагон;
- Рустам Раҳматзода, вакили кунуни Маҷлиси намояндагон;
- Зафар Ализода, вакили кунуни Маҷлиси намояндагон;
- Раҳмон Дарингро, вакили кунуни Маҷлиси намояндагон;
- Наима Солизода, устоди Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон;
- Эмомалӣ Изатуллозода, мутахассиси ноҳиявии Данғара;
- Ғоиб Фирӯз, сармуҳаррири нашрияи “Навиди Кӯлоб”;
- Абдусалом Абдураҳмонзода, муовини раиси омори ноҳияи Шаҳринав;
- Комилҷон Бобозода, ходими пешбари илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;
- Шаҳрбону Зубайдова, омӯзгори мактаби №28 шаҳри Душанбе;
- Баҳром Шарифзода, ходими илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;
- Фарҳод Мусоев, директори ҶДММ “Сафобахш-иншоот”.
Дар анҷумани ҳизб инчунин масъалаҳои фаъолияти ҳизб аз соли 2019 то соли 2024, вазифаҳои минбаъдаи ташкилоти ҳизбӣ барои солҳои 2025-2030, интихоби ҳайати Кумитаи иҷроияи марказӣ, Комиссияи марказии тафтишотии ҳизб ва барномаи пешазинтихоботии ҲИИТ барои солҳои 2025-2030 баррасӣ гардидаанд.
Бояд гуфт, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон соли 2005 таъсис ёфтаааст. Дар пайи анҷуманҳои ғайринавбатии ҳизбҳои сиёсӣ моҳи июли имсол Ғиёсиддин Ашӯрзода раиси нави ҲИИТ интихоб шуд. Ӯ дар ин вазифа Рустам Қудратовро, ки аз соли 2019 роҳбари ҳизби мазкур буд, иваз намуд.
Тибқи иттилои роҳбари ҳизб, айни ҳол ин ҳизб 33 ҳазор аъзо дорад. Ҳоло 5 узви ҲИИТ вакили парлумон ҳастанд. Ин имкон додааст, ки ин ҳизб дар парлумон фраксияи худро ташкил кунад.
Ҳоло дар Тоҷикистон 7 ҳизби сиёсӣ сабт шудааст, аммо коршиносони мустақил, аксари онҳоро “ҳизбҳои киссагӣ” медонанд ва мегӯянд, онҳо дар фазои сиёсии кишвар таъсири муассире гузошта наметавонанд.
Ёдовар мешавем, ки интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон 2-юми марти соли 2025 баргузор мегардад. То ҳол аз 7 ҳизби расмӣ дар Тоҷикистон ҲХДТ номи 28 номзади худ, ҲДТ исми 5 намояндаи хеш ва ҲСТ 6 номзади худ ва ҲАТ номи 13 номзадашро барои ширкат дар интихобот эълон кардаанд.
Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) чанд рӯз пеш шумори эҳтимолии овоздиҳандагон дар интихоботи парлумонии моҳи марти соли 2025-ро бештар аз 5,5 миллион нафар эълон кард.
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Дӯстӣ дӯстиву тиҷорат дар ҷойи худаш. Ӯзбекистон расмиёти гумрукиро барои Тоҷикистон қимат кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста