Ба корҳои иктишоф (разведка)-и конҳои нафту газ дар Тоҷикистон ду ширкат - «Bokhtar Operating Company»  ва «Сомон-Ойл» машғуланд.

Зимни нишасти хабарии имрӯза сардори Саридораи геологияи Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода дар ин робита изҳор намуд, ки дар кишвар истихроҷ ва коркарди ҳаҷми начандон зиёди нафту газ ба роҳ монда шудааст, лекин он барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат кофӣ нест.

Ба гуфтаи Оймуҳаммадзода, бисёре аз конҳои нафту газ ба омӯзиши ҷиддии геологӣ ниёз доранд.

“Бо сабаби хусусиятҳои тектоникии кишвар, захираҳои нафту газ чуқур буда, пармакунии чоҳҳо душвор ва гарон аст, - гуфт ӯ. - Масалан, “Сомон-Ойл” барои дарёфти қабати нафт бояд 4 километр чуқурӣ парма мекард, аммо бинобар мушкилоти молӣ муваққатан корро қатъ кард”.

Роҳбари Саридораи геологияи ҷумҳурӣ мегӯяд, ба  корҳо дар ин самт идома дода мешавад.

Конҳо дар қисми шимолии Тоҷикистон, дар ҳудуди водии Фарғона ва дар ҷануб - дар ҳудуди қаламрави Афғонистону Тоҷикистон ҷойгиранд.

Коршиносони соҳа бар ин назаранд, ки кашфи як кони бузурги газу нафт дар Тоҷикистон метавонад барои сармоягузории ҷиддӣ ба ин бахши кишвар, ки бӯҳрони энергетикӣ дорад, роҳ боз кунад.

Захираҳои кашфшудаи нафт дар Тоҷикистон 2,2 млн тонна ва газ - 3,4 млрд метри мукаабро ташкил медиҳад. Тавре ки қаблан зикр гардида буд, дар Тоҷикистон 28 кони нафт ба қайд гирифта шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.