Сафари расмии сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба Эрон рӯзи 17 феврал оғоз шуд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар медиҳад.
Маросими расмии истиқбол дар Теҳрон доир гардида, сипас дидору гуфтушуниди Қоҳир Расулзода бо бо муовини якуми президенти Эрон, доктор Муҳаммадризо Ориф ва мулоқоти ҳайатҳои васеъ баргузор шуд.
Зимни мулоқт сарвазири ҷумҳурӣ таъкид дошт, ки Эрон дар низоми равобити байналмилалии Тоҷикистон ҷойгоҳи хосса дорад.
Изҳори қаноатмандӣ карда шуд, ки соли равон дар доираи сиёсати муваффақонаи сарони кишварҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуд Пизишкиён ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни ду давлат афзоиш ёфта, муносибатҳо дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ ба таври назаррас густариш меёбанд.

Зикр шуд, ки Тоҷикистон ва Эрон барои ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати маъдан, сохтмон, хӯрока, дорусозӣ, нақлиёт, кишоварзӣ ва тиҷорату сармоягузорӣ имконоти фаровон доранд ва истифодаи самараноки ин имконияту захираҳо метавонад барои рушди ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаҳои гуногун заминаи воқеӣ гузорад.

Имзои созишномаҳои нави ҳамкорӣ зимни сафари давлатии президенти Эрон ба Тоҷикистон заминаи устувори равобити байниҳукуматӣ дар оянда маънидод гардид.
Дар идомаи мулоқот ба ҳукумати Эрон ҷиҳати дастгирии ташаббусҳои ҷаҳонии ҷониби Тоҷикистон изҳори сипосу миннатдорӣ карда шуд.
Ба иттилои расонаҳои Эрон, ҳамчунин Қоҳир Расулзода дар ҷараёни ин сафар ҳамчун меҳмони вижа дар Ҳамоиши сеюми иқтисодии Хазар, ки дар он сарвазирони Русия, Туркманистон, Қазоқистон ва Озарбойҷон барои муҳокимаи масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ ва рушди иқтисодӣ ҷамъ мешаванд, ширкат мекунад.
Ёдрас мекунем, ки рӯзҳои 15-17 январи соли ҷорӣ сафари давлатии президенти Эрон Масъуди Пизишкиён ба Тоҷикистон баргузор шуд.

Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунидҳо дар сатҳи олӣ байни Тоҷикистону Эрон, ки бо иштироки сарони давлатҳои доир гардиданд, 23 санади ҳамкории дуҷониба ба имзо расид.
Айни замон 160 ширкат бо сармояи Эрон дар Тоҷикиситон фаъолият дошта, дар муқоиса бо солҳои пешин соли 2024 ҳаҷми ҳамлу нақли молу маҳсулоти миёни кишварҳо 3,2 баробар афзуд.
Дар ҷараёни форуми тиҷоратии кишварҳо рӯзи 15 январ дар Душанбе 13 санади ҳамкорӣ ба маблағи зиёда аз 450 млн доллар имзо шуд, ки ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, “боз як нишонаи мавҷудияти имкониятҳои васеи ҳамкорӣ барои соҳибкорон ва сармоягузорони мо мебошад”.
Натиҷаҳои сафари давлатии Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистонро Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун “оғози марҳилаи нав дар рушд ва густариши муносибатҳои бисёрҷониба бо ин кишвари дӯсту бародар” арзёбӣ кард.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2025
Зидди ҳама. “Ҷанги тиҷоратӣ”-и Доналд Трамп ба минтақа ва Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?
Аз бинои нави ҲХДТ то корхонаи заргарӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе кадом иншоотро боз кард?
Суғду баъзе навоҳии тобеи марказ монд. Душанбе ҳам аз иҷрои 100 дарсади нақшаи даъват хабар дод
“12 мушак ба сӯи абрҳои жолазо партоб шуд”. КҲФ паёмади боронҳои шадиди ду рӯзи гузаштаро гуфт ва ба сокинон ҳушдор дод
Шабакаҳои тақсимоти барқ: Маҳдудияти интиқоли барқ давоми ду рӯзи оянда бекор мешавад
Як сол пеш Сулаймони хурдсол сӯзандоруи Zolgensma гирифт. Ҳоло ӯ чӣ ҳол дорад?
Трамп: “Амалиёт алайҳи Эронро Исроил роҳбарӣ хоҳад кард”. Пизишкиён: “Думболи бомби ҳастаӣ нестем, аммо иззат мехоҳем”
Ҳизби ҳоким соҳиби бинои нав шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҳаваси субҳи содиқ” қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста