Дар Душанбе ба 46 варзишгар, ки соли 2024 дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ҷоиза ба даст оварданд, мукофотпулии президент тақдим шуд. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба "Азия-Плюс" иттилоъ доданд.

Чорабинии тақдими ҷоизаҳо дирӯз, 17-уми феврал баргузор гардида, ба варзишгарон аз 6 ҳазору 250 сомонӣ то 325 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим карда шуд. Қаблан президенти кишвар барои варзишгарони муваффақи соли 2024 аз фонди захиравии худ 1 миллиону 787 ҳазору 500 сомонӣ маблағ ҷудо карда буд.

Яке аз дастовардҳои бузурги варзишгарони тоҷик дар соли гузашта се медали биринҷӣ дар Бозиҳои олимпии Порис буд. Ҷудокорон Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов ва муштзан Давлат Болтаев дар ин мусобиқа медали биринҷӣ ба даст овраданд.

 

Кадом варзишгарон ҷоизаи президентро гирифтанд?

Аз ҷумла, варзишгарони зерин барои чунин дастовардҳо бо маблағҳо қадрдонӣ шуданд:

- Сомон Маҳмадбеков325 000 сомонӣ мукофотпулӣ барои ҷойи сеюм дар Бозиҳои олимпии Париж – 2024, Чемпионати ҷаҳон ва Чемпионати Осиё оид ба ҷудо. Ба мураббияш 65 000 сомонӣ;

- Темур Раҳимов225 000 сомонӣ мукофотпулӣ барои ҷойи сеюм дар Бозиҳои олимпии Париж – 2024 ва Чемпионати Осиё оид ба ҷудо. Ба мураббияш 45 000 сомонӣ;

- Давлат Болтаев200 000 сомонӣ мукофотпулӣ барои ҷойи сеюм дар Бозиҳои олимпии Париж – 2024 оид ба бокс. Ба мураббияш 40 000 сомонӣ;


- Амирҷон Бобоҷонов150 000 сомонӣ мукофотпулӣ барои ҷойи якум дар Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ дар ду масофа. Ба мураббияш 30 000 сомонӣ;

- Абдулмаҷид Кудиев – 100 000 сомонӣ мукофотпулӣ барои ҷойи сеюм дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо. Ба мураббияш 20 000 сомонӣ;

- Акмал Убайдов75 000 сомонӣ мукофотпулӣ барои ҷойи якум дар Чемпионати Осиё оид ба бокс. Ба мураббияш 15 000 сомонӣ;

- Виктор Рассадин – 50 000 сомонӣ мукофотпулӣ барои ҷойи дуюм дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини тарзи озод. Ба мураббияш 10 000 сомонӣ;

- Мустафо Ахмедов – 50 000 сомонӣ мукофотпулӣ барои ҷойи дуюм дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини тарзи озод. Ба мураббияш 10 000 сомонӣ;

- Парвиз Каримов50 000 сомонӣ мукофотпулӣ барои ҷойи дуюм дар Чемпионати Осиё оид ба бокс. Ба мураббияш 10 000 сомонӣ;

- Муҳаммадӣ Раҷабов – 50 000 сомонӣ мукофотпулӣ барои ҷойи якум ва дуюм дар Чемпионати Осиё байни наврасон ва ҷавонон оид ба қаиқронӣ дар се масофа. Ба мураббияш 10 000 сомонӣ;

- Бобоҷон Бобоҷонов – 37 500 сомонӣ мукофотпулӣ барои ҷойи дуюм дар Чемпионати Осиё байни калонсолон ва ҷавонон оид ба қаиқронӣ дар ду масофа. Ба мураббияш 7 500 сомонӣ;

- Лоиқ Қудбудинов37 500 сомонӣ мукофотпулӣ барои ҷойи дуюм дар Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон оид ба ҷудо. Ба мураббияш 7 500 сомонӣ;

1/9

-Ҷаҳонгир Маҷидов25 000 сомонӣ мукофотпулӣ барои ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо. Ба мураббияш 5 000 сомонӣ;

- Аҳмадҷон Саидов – 25 000 сомонӣ мукофотпулӣ барои ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё оид ба бокс. Ба мураббияш 5 000 сомонӣ;

- Шоҳобҷон Шукуров – 25 000 сомонӣ мукофотпулӣ барои ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё оид ба бокс. Ба мураббияш 5 000 сомонӣ;

- Шукрат Саломатов25 000 сомонӣ мукофотпулӣ барои ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё оид ба бокс. Ба мураббияш 5 000 сомонӣ;

- Муҳиддин Асадуллоев25 000 сомонӣ мукофотпулӣ барои ҷойи сеюм дар Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон оид ба ҷудо. Ба мураббияш 5 000 сомонӣ;

- Фирдавс Шарипов25 000 сомонӣ мукофотпулӣ барои ҷойи дуюм дар Чемпионати Осиё байни наврасон оид ба қаиқронӣ дар ду масофа. Ба мураббияш 5 000 сомонӣ;

Рӯйхати пурраи варзишгаронеро, ки мукофот ба даст оварданд, дар ин ҷо бубинед.
Темур Раҳимов

 

Таърихчаи ҷоизаи президент

Дар моҳи августи соли 2015 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармоне имзо кард, ки тибқи он Ҷоизаи Президент барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ таъсис дода шуд.

Ҳаҷми бузургтарини ҷоизаи президенти Тоҷикистон 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ин маблағ ба ғолибони Бозиҳои олимпӣ дода мешавад. Варзишгарони тоҷик, ки дар мусобиқаҳои асосии чорсола ҷойи дуюмро мегиранд, 250 ҳазор сомонӣ, ва ҷоизадорони медали биринҷӣ – 200 ҳазор сомонӣ мегиранд.

Бояд гуфт, ки ҳаҷми ҷоизапулӣ вобаста ба намудҳои варзиш фарқ мекунад – варзиши олимпӣ ва ғайриолимпӣ.

Ба категорияи аввал, ғайр аз худи Бозиҳои олимпӣ, Бозиҳои Осиё дохил мешаванд, ки ҷои аввал – 150 ҳазор сомонӣ, ҷои дуюм – 100 ҳазор сомонӣ ва ҷои сеюм – 50 ҳазор сомонӣ аст.

Инчунин ба ғолибони мусобиқоти универсиада (мусобиқа байни донишҷӯён) 50 ҳазор, 40 ҳазор ва 30 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад.

Дар категорияи дуюм барои намудҳои олимпӣ, чемпионати ҷаҳон мукофотпулӣ барои медали тилло – 200 ҳазор сомонӣ, медали нуқра – 150 ҳазор сомонӣ ва медали биринҷӣ – 100 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Дар чемпионати Осиё мукофотпулӣ барои медали тилло – 74 ҳазор сомонӣ, медали нуқра – 50 ҳазор сомонӣ ва медали биринҷӣ – 25 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад.

Ҷоизаи президент барои медали чемпионати ҷаҳон чунин маблағ дорад:

- медали тиллои– 50 ҳазор сомонӣ;

- медали нуқра – 40 ҳазор сомонӣ;

- медали биринҷӣ – 30 ҳазор сомонӣ.

Ҷоизаи президент барои медали чемпионати Осиё чунин маблағ дорад:

- ҷои аввал 25 ҳазор сомонӣ;

- ҷои дуюм 20 ҳазор сомонӣ;

- ҷои сеюм 15 ҳазор сомонӣ.

Ин ҷоизаи президент ба варзишгароне дода мешавад, ки дар чемпионати ҷаҳон миёни ҳадди ақал 70 кишвар ва дар чемпионати Осиё миёни ҳадди ақал 30 кишвар ҷоиза ба даст оранд.

Ба ҷоиза инчунин варзишгароне, ки ғолибон ва ҷоизадорони чемпионатҳои ҷавонон ва наврасон мебошанд, ҳуқуқ доранд. Онҳо 25% маблағеро мегиранд, ки тибқи низомнома барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои бузурги миёни калонсолон пешбинӣ шудааст.

Мураббиёни варзишгарони муваффақ низ мукофотпулӣ мегиранд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2024 варзишгарони тоҷик ба хазинаи варзишии Тоҷикистон 448 медал ворид карданд. Аз ҷумла, 134 медали тилло, 108 нуқра ва 206 медали биринҷӣ ворид гардид, ки нисбат ба соли 2023-юм 87 медал (13 тилло, 22 нуқра ва 52 биринҷӣ) зиёд мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.