Маъракаи ҷамъоварии пахта дар Тоҷикистон метавонад то нимаи моҳи декабр тӯл кашад. Коҳиши ҳаҷми истеҳсол дар навбати худ, ба рушди саноати нассоҷӣ ва истеҳсоли равғани пахта таъсири манфӣ мерасонад.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, то 22 октябри соли 2024 дар ҷумҳурӣ ҳудуди 164 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст. Майдони кишти пунбадона 174 ҳазору 979 гектарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 8 ҳазору 635 гектар зиёдтар аст.

Сардори Раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Бахтиёр Назаров дар робита ба ин масъала ба газетаи “Ҷумҳурият” изҳори назар кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон дар ҷумҳурӣ ҳамарӯза беш аз 4000 тонна пахта ҷамъоварӣ шуда, чинакчиён ба ҳар килои он 1,5-2 сомонӣ мегиранд.

Тибқи маълумоти ахири Вазорати кишоварзӣ, аз аввали мавсим кишоварзони вилояти Суғд зиёда аз 52 ҳазор тонна, вилояти Хатлон - ҳудуди 110 ҳазор тонна ва Ноҳияҳои тобеи марказ - 1,2 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ кардаанд.

Аз иҷрои нақшаи ҷамъоварии пахта аввалин шуда кишоварзони шаҳри Левакант мужда расониданд.

Интизор меравад, ки ояндаи наздик шаҳру ноҳияҳои пахтакори дигар, аз ҷумла Конибодом, Дӯстӣ, Бобоҷон Fафуров, Спитамен, Кӯшониён, Шаҳритус, Вахш ва Ҷайҳун аз иҷрои дурнамои ҷамъоварии пахта хабар диҳанд.

Дар ҳамин ҳол, зикр мекунад Бахтиёр Назаров, мутаассифона, имрӯзҳо ҷамъоварии пахта дар шаҳрҳои Кӯлоб, Ваҳдат, Турсунзода, ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Восеъ, Фархор, Панҷ, Ҷалолиддини Балхӣ, Носири Хусрав, Зафаробод, Мастчоҳ, Ашт ва Шаҳринав ба талаботи рӯз ҷавобгӯ набуда, боиси нигаронӣ ва ташвиши масъулони соҳа аст.

Ба ақидаи мутахассис, яке аз омилҳои асосии ҳолати пасти ҷамъоварии ҳосили пахта дар шаҳру ноҳияҳои зикршуда он аст, ки соли равон бо сабаби бориши зиёди борон муҳлати кишти пунбадона дертар оғоз шуда, инчунин, имсол мавсими пахтачинӣ назар ба соли гузашта қариб 20 рӯз дер оғоз ёфт ва ба 17-уми сентябр рост омад.

Аз эҳтимол дур нест, ки имсол мавсими ҷамъоварии пахта метавонад то нимаи моҳи декабр идома ёфта, ҳаҷми истеҳсол аз нақшаи пешбиншуда камтар шавад.

Чунин ҳолат метавонад ба фаъолияти корхонаҳои нассоҷӣ ва истеҳсоли равған таъсири манфӣ расонад.

Ҷамъоварии пахта дар Тоҷикистон, соли 2024
Сурат аз "Вечерка"

Истеҳсол ҳаст, лекин коркард намекунем

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир чанде пеш дар мусоҳиба ба маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” аз ҳаҷми ками коркарди пахта дар кишвар изҳори таассуф кард.

Вазир изҳор доштааст, ки мутаассифона, то имрӯз танҳо 20-25 фоизи пахтаи мо дар дохил коркард мешавад. Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта аз ҳисоби содироти ришта ва маҳсулоти тайёр Тоҷикистон 302 млн доллар даромад гирифт.

“Ҳоло сохтмони корхонаи калонтарини коркарди пахта дар Кӯлоб дар якҷоягӣ бо сармоягузорони хориҷӣ идома дорад. Он 130 ҳазор тонна пахтаро коркард ва 42 ҳазор тонна ришта истеҳсол менамояд.

Лоиҳа 360 млн доллар арзиш дошта, 11 ҳазор ҷойи корӣ ба вуҷуд меорад. Дар нақша сохтмони 6 чунин корхонаи калонро дар шаҳру ноҳияҳо дорем, ки барои коркарди пахта иқдоми муҳим хоҳад буд”, - гуфтааст Шералӣ Кабир.

Ҳамчунин вазир хабар додааст, ки дар Тоҷикистон 72 корхонаи истеҳсоли равғани растанӣ мавҷуд аст.

Иқтидори истеҳсолиашон қариб 100 ҳазор тонна маҳсулот мебошад. Талаботи бозори кишвар ба равған 136 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

“Вале корхонаҳо куҳнаанд. Пешвои миллат дастур доданд, ки 4 корхона бозсозӣ шавад. Баъзеҳо фикр доранд, ки чун мо пахта дорем, барои истеҳсоли равған мушкиле нест, - гуфтааст Шералӣ Кабир. - Дар асл аз ашёи хом мушкил дорем. Барои ҳосил кардани 100 ҳазор тонна равғани рустанӣ 833 ҳазор тонна зироатҳои равғандиҳанда масраф мешаванд. Дар Тоҷикистон 192 ҳазор тонна ашёи хом дорем. Яъне қариб чор маротиба намерасад”.

Дар натиҷа, ба қавли ӯ, ҳамасола барои хариди равғани рустанӣ аз Қазоқистон, Украина ва Русия ҳудуди 100 млн доллар сарф мешавад.

Ба гуфтаи Шералӣ Кабир, дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли 2023 дар зарфи 6 моҳи соли 2024 воридоти равғани рустанӣ 7% коҳиш ёфтааст. Ӯ изҳори итминон кардааст, ки корхонаҳои саноатӣ  ба фаъолият сар кардаанд ва ин масъала ҳалли мусбат меёбад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.