Дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе ва “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб дар аввалин бозиҳои даври баргашти марҳилаи гурӯҳии Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё аз рақибонашон шикаст хӯрда, имкони баромадан аз гурӯҳро аз даст доданд.
Шогирдони Игор Черевченко рӯзи 5-уми ноябр дар бозии чоруми марҳилаи гурӯҳии мусобиқа дар Урдун бо “Ал-Ваҳда” вохӯрӣ анҷом доданд. Ин бозӣ бо натиҷаи 1 бар 0 бо пирӯзии дастаи мизбон поён ёфт ва баъди ин нокомӣ “Истиқлол” пурра имкони баромадан аз гурӯҳро аз даст дод.
“Истиқлол” дар гурӯҳи “С”-и Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 ҳамроҳ бо дастаҳои “Сипоҳон”-и Эрон, “Ал-Ваҳда”-и Урдун ва “Шарҷа”-и Аморати Муттаҳидаи Араб қарор дошт. Дар чор бозии худ ин даста ягон имтиёз ба даст оварда натавонист ва ҳама бозиҳоро бохт.
Дар бозии навбатии худ “Истиқлол” рӯзи 26-уми ноябр дар сафар бо “Шарҷа”-и Аморати Муттаҳидаи Араб, ки дар ин давр аз “Сипоҳон”-и Эрон бо ҳисоби 3 бар 1 мағлуб шуд, рақобат хоҳад кард.
Гурӯҳи “С”
“Ал-Ваҳда”-и Урдун - 10 хол;
“Шарҷа”-и Аморати Муттаҳидаи Араб - 7 хол;
“Сипоҳон”-и Эрон - 6 хол;
“Истиқлол”-и Тоҷикистон - 0 хол;
Ҳамчунин, дастаи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб ҳам дар аввалин рақобати даври баргашти марҳилаи гурӯҳии сатҳи дуюми Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар гурӯҳи “А” аз рақиби “Трактор”-и Табрез шикаст хӯрд. Ин бозӣ шоми 6-уми ноябр дар Эрон баргузор шуд ва бо натиҷаи бузурги 7 бар 0 ба нафъи табрезиҳо поён ёфт.
Баъди ин бохти бузург “Равшан” низ имкони баромадан ба марҳилаи баъдии Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиёро бидуни ба даст овардани имтиёзе пурра аз даст дод.
Ёдрас мешавем, ки “Равшан” дар бозии якуми худ дар Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё, ки рӯзи 18-уми сентябр дар меҳмонӣ бо тими “Моҳун Баган”-и Ҳиндустон баргузор гардида, бо натиҷаи 0:0 тамом шуда буд, як имтиёз ба даст овард. Аммо баъдан имтиёзи “Равшан” бекор шуд, зеро бошгоҳи футболи “Моҳун Баган”-и Ҳиндустон аз парвоз ба Эрон барои бозӣ бо “Трактор” худдорӣ кард ва аз Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё берун карда шуд.
Дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқа бошад, “Равшан” рӯзи 2-юми октябр дар Душанбе аз тими “Ал-Вакра”-и Қатар бо ҳисоби 0:1 ноком шуд.
“Равшан” бозии охирини худро дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқа рӯзи 5-уми декабр бо “Ал-Вақра”-и Қатар дар сафар анҷом хоҳад дод.
Гурӯҳи “А”
“Трактор”-и Эрон - 9 хол;
“Ал-Вақра”-и Қатар - 3 хол;
“Равшан”-и Тоҷикистон – 0 хол.
“Моҳун Баган”-и Ҳиндустон бо сабаби худдорӣ аз парвоз ба Эрон ва бозӣ бо “Трактор” аз идомаи иштирок дар мусобиқот маҳрум гардид.
Бояд гуфт, ки бар асоси натоиҷи марҳилаи гурӯҳии Лигаи дуюми қаҳрамонҳои КФО-2024/25 ду тими беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба даври баъдӣ роҳ меёбанд.
Ҳарифон дар даврҳои баъдӣ мувофиқи ҷойи ишғолкардаашон дар гурӯҳҳо (1 ва 2-юм) муайян карда мешаванд, яъне дастаи 1-уми як гурӯҳ бо дастаи 2-юми гурӯҳи дигар бозӣ мекунад. Шурӯъ аз даври чаҳорякниҳоӣ рақибон тариқи қуръапартойӣ муайян карда мешаванд.
Имсол мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 бо ширкати 32 даста доир мегардад. Дастаҳо ба ду минтақа – Шарқ ва Ғарб тақсим шудаанд. Ҳар як минтақа аз 16 даста иборат аст.
Дастаҳои “Истиқлол” ва Равшан” ба минтақаи Ғарб дохиланд. Дастаҳои ғолиби минтақаҳо ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки соли оянда дар Лигаи асосии қаҳрамонҳои Осиё иштирок кунанд.
Ду дастаи Тоҷикистон сарфи назар аз роҳхат нагирифтан ба марҳилаҳои финалӣ барои иштирок дар даври гурӯҳии мусобиқа 300 ҳазор долларӣ ба даст меоранд.
Даъвати Хадамоти алоқа: Меҳмононро бо интернети суръаташ на кам аз 100 мбит/с таъмин кунед!
Қатъи фаъолияти маркази дилхушии “Париж” ва оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати роҳбараш
Барои ҳозир нашудан ба комиссариати ҳарбӣ аз шаҳрвандии Русия маҳрум карданд. Чӣ бояд кард?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “ Машварат бо душмани хирадманд"
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи обуҳаво барои 10 декабри соли 2024
Дарёфти ҷасади боз 6 узви як оила дар Конибодом. Гумонбарон номаълум, мақомот хомӯш
Рақибони Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 маълум шуданд. Бозиҳо кай баргузор мешаванд?
Дастпарвари "Ал-Қоида". Абумуҳаммад Ҷулонӣ, шахсе, ки ҳукумати Башор Асадро сарнагун кард, кист?
Таҳсил дар хориҷа. Барномаҳои дастрас барои хонандагону донишҷӯёни тоҷик
Вазорати фарҳанг беҳтарин асарҳои рассомони тоҷикро харидааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста