Дар Тоҷикистон мавсими ҷамъоварии пахта дар авҷ аст. Ширкатҳои харидор барои ҳар кило пахта 6-7 сомонӣ пешниҳод мекунанд, вале ин нарх деҳқононро қонеъ намекунад. Онҳо барои парвариши 1 кило пахта ҳадди ақалл 5-6 сомонӣ харҷ кардаанд. Деҳқонон ба пахтачинон барои ҳар кило пахта 1 сомонӣ пардохт мекунанд, аммо коргарон бо ин музд розӣ нестанд ва 2 сомонӣ талаб мекунанд. Дар натиҷа ба ҷои фоида фермерони пахтакор бо хисорот рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Нақша иҷро мешавад

Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, то 4-уми октябр тақрибан 102 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст. Имсол дар Тоҷикистон дар 174 ҳазору  979 гектар замин пунбадона кишт шудааст. Пешгӯӣ мешавад, ки имсол бо назардошти ҳосилнокии 20-21 сентнер аз 1 гектар 362 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ мешавад. Вале дар амал деҳқонон метавонанд бештар ҷамъоварӣ кунанд: агар ҳосилнокӣ ба 25 сентнер расад, миқдори умумии ҳосили пахта метавонад аз 430 ҳазор тонна бештар шавад.

Вазорати рушди иқтисод имсол содироти 88,9 ҳазор тонна пахтаро ба маблағи 162 млн доллар (1 тонна - каме бештар аз 1,8 ҳазор доллар) пешбинӣ карда буд. Лекин айни замон нархи пахта дар бозори ҷаҳонӣ дар муқоиса бо соли гузашта 15% коҳиш ёфта, то 1600 доллар барои як тонна шудааст.

Агар ба назар гирем, ки аз 3 кило пахта 1 кило нахи пахта ҳосил мешавад, пас нархи 1 тонна пахта вобаста ба навъ дар доираи 530-650 доллар (5600-6900 сомонӣ) қарор мегирад.

Пахтачинон аз нарх розӣ нестанд

Рӯзҳои гарм барои ҷамъоварии пахтаи босифат мусоид аст, зеро пас аз рӯзҳои боронӣ сифат паст шуда, мутаносибан нархҳо низ поин мераванд.

Аз ин рӯ, ҷамъоварии саривақтии пахта хеле муҳим мебошад. Барои ин истеҳсолкунандагон – кооперативҳо ва хоҷагиҳои деҳқониву фермерӣ (ХДФ) – коргарони мавсимӣ, яъне пахтачинонро ба кор ҷалб мекунанд.

Дар Тоҷикистон, дар муқоиса бо солҳои пеш, дигар мардумро маҷбур намекунанд, ки ба деҳқонон дар ҷамъоварии ҳосил ёрӣ расонанд. Агар барои ҷамъоварии 1 кило пахта нархи арзанда пешниҳод ва музд саривақт пардохт шавад, мардум худашон ба саҳро мебароянд. Бо вуҷуди ин, дар ҷамъоварии пахта начандон пули зиёд кор кардан мумкин аст.

Аз субҳ то шом агар заҳмати зиёд кашед ва дар саҳро пахта бисёр бошад, коргар метавонад 80-100 кило пахта чинад ва ҳамин қадар сомонӣ ба даст орад. Дар дигар корҳои мавсимӣ, масалан дар сохтмону таъмир ё ҷамъоварии дигар зироатҳо дар як рӯз метавон то 200 сомонӣ кор кард.

Дар кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон, аз 9-уми октябр барои ҷамъоварии дастии 1 кило пахта 2500 сӯм (тақрибан $0,2 ё 2,1 сомонӣ) пардохт мекунанд. Аз ин маблағ 2000 сӯм аз ҷониби давлат ҳамчун кумакпулӣ барои ҳавасмандсозии кори пахтачинон ҷудо карда шуда, боқимонда 500 сӯм аз ҳисоби кластерҳои пахтакорон пардохт мешавад.
Сурат аз CABAR.asia

Норозигии фермерон аз нархҳои хариди пахта

Даромади фермерон (деҳқонон) ба ҳеҷ ваҷҳ ба интизориҳояшон мувофиқат намекунад. Шикоятҳо дар ҳар ҷо, аз ҷумла дар шабакаҳои иҷтимоӣ, садо медиҳанд. Яке аз деҳқонон хароҷоти худро чунин баршумурд:

«1 кило тухми пахта (пунбадона) – 10 сомонӣ, як халтаи селитра дар мавсим то 350 сомонӣ мерасад, нархи сӯзишвории дизелӣ зиёда аз 12 сомонӣ барои як литр аст. Илова бар ин, бояд барои хизматрасонии техника, пахтачинон ва об маблағ пардохт шавад».

Дар гурӯҳҳои интернетӣ корбарон дар бораи нархи пахта саволҳо медиҳанд. Баъзе хушбинҳо умедворанд, ки дар охири сол нархи пахта боло меравад. Аммо мушоҳидаҳои бисёрсола нишон медиҳанд, ки маҳз дар мавсими ҷамъоварии пахта нархи он поин меравад.

Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон аз содироти нахи пахта фоидаи хуб ба даст меорад. Тибқи маълумоти Хадамоти гумрук, дар тӯли 8 моҳи соли 2024 содироти нахи пахта аз 77 ҳазор тонна зиёдтар шуда, даромад зиёда аз 144 млн долларро ташкил дод.

Бо ин вуҷуд, ин ба даромади кишоварзон — истеҳсолкунандагони «тиллои сафед» ҳеҷ таъсире надорад.

Сурат: Asia-Plus

Парвариши пахта дар ҳар қитъаи замин фоидаовар нест

Аммо мақомот бар ин боваранд, ки баръакс аст. Ба ақидаи онҳо, як гектар пахта нисбат ба дигар зироатҳои кишоварзӣ ҷойҳои кори бештар эҷод мекунад ва ҳамчунин барои буҷети давлат асъори бештар меорад. Аз ин рӯ, онҳо деҳқононро маҷбур мекунанд, ки ҳатто дар заминҳои хурд пахта кишт кунанд.

Ҳанӯз соли гузашта фермер Бахтиёр Ҳаитбоев дар бораи самаранок набудани чунин истеҳсолот изҳори назар карда буд.

«Пахта зироати фоидаовар аст, аммо он дар заминҳои калон самаранок аст, камаш 20 гектар. Аммо аксари хоҷагиҳои деҳқониву фермерӣ танҳо аз 2 то 5 гектар замин доранд», - шарҳ дода буд ӯ.

Чуноне ки мутахассисон пешниҳод мекунанд, роҳи ҳалли ин мушкилот метавонад дар он бошад, ки корхонаҳои коркарди пахта мустақиман аз деҳқонон ашёи хомро бо нархҳои мувофиқ бидуни миёнаравҳо харидорӣ кунанд.

Аммо айни замон деҳқонон маҷбуранд «тиллои сафед»-и ҷамъовардаи худро бо нархҳое, ки харидорон муайян мекунанд, фурӯшанд, зеро шароити нигоҳдорӣ надоранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.