Байни Хадамотҳои гумруки Тоҷикистон ва Русия созишнома дар бораи ташкили тартиби содакардашудаи анҷом додани амалиёти гумрукӣ ҳангоми интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт байни Тоҷикистон ва Русия ("Долони содакардашудаи гумрукӣ”) ба имзо расонида шуд.

Тавре ки дафтари матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон хабар медиҳад, созишномаи мазкур аз ҷониби сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Хуршед Каримзода ва роҳбари Хадамоти федералии гумруки Русия Валерий Пикалев имзо шуд.

"Созишнома барои шахсоне, китибқи қонунгузории ҷонибҳо ба категорияи сатҳи пасти хатари фаъолияти иқтисодӣ шомиланд, аз ҷумла УЭО (оператори ваколатдори иқтисодӣ) шароити мусоиди тиҷорат фароҳам оварда, ҷараёни интиқоли молу маҳсулот миёни ду кишварро хеле суръат мебахшад", — гуфта мешавад дар хабарномаи кӯтоҳ.

Зикр кардан бамаврид аст, ки ниҳоди оператори ваколатдори иқтисодӣ, ки дар хабарнома ба он ишора мешавад, дар Кодекси гумруки Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО, ЕАЭС) қонунӣ эътироф шудааст.

Оператори ваколатдори иқтисодӣ — шахси ҳуқуқиест, ки дар системаи фаъолияти иқтисоди хориҷӣ мақоми махсусро ба даст оварда, ба истифодаи тартиботи махсуси соддашуда ҳангоми барасмиятдарории гумрукии бор дар қаламрави давлатҳои ИИАО ҳуқуқ дорад. Афзалиятҳои доштани чунин мақом дар кам будани муҳлати додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва тартиби бартаридоштаи дастрасӣ ба онҳо, имкони аломатгузорӣ пас аз воридоти мол ва ихтисори рӯйхати расмиёт (тартибот) барои арзёбии мутобиқат ифода меёбад.

Дар мақомоти гумрукии Русия таъкид мекунанд, ки "барои рушди ниҳоди Оператори ваколатдори иқтисодӣ, васеъ намудани ҷуғрофиёи эътирофи мутақобилаи он аҳаммияти хос дорад. Аллакай бо Чин, Ҳиндустон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон созишномаҳо ба имзо расидаанд. Ҳамчунин бо Африқои Ҷанубӣ, Туркия, Туркманистон, Бразилия, Муғулистон, Озарбойҷон ва Куба фаъолона гуфтушунидҳо идома доранд".

Бо Тоҷикистон чунин санад моҳи ноябри соли 2023 имзо шуда, моҳи апрели ҳамин сол ҷонибҳо тартиби табодули иттилоот дар бораи операторони ваколатдори иқтисодиро тасдиқ карданд.

Бархе аз коршиносони тоҷик аз эҳтимол дур намедонанд, ки ҷорисозии низомҳои нави гумрукӣ миёни Тоҷикистон ва Русия, метавонад қадами аввалин дар роҳи пайвастани эҳтимолии Тоҷикистон ба ИИАО бошад.

Ба ақидаи чунин мутахассисон, соддагардонии амалиёти гумрукӣ ҳамчун як навъ санҷиши сатҳи хавфи эҳтимолӣ аз ҳамгироии Тоҷикистон ба ИИАО баррасӣ мегардад.

Қобили зикр аст, ки мақомоти Тоҷикистон тайи тақрибан 10 сол масъалаи мувофиқи мақсад будани пайвастан ба ин Иттиҳодро баррасӣ мекунанд.

"Долони соддашудаи гумрукӣ" чӣ медиҳад?

Дар матни созишнома пеш аз ҳама, мубодилаи доимии иттилооти пешакӣ байни Тоҷикистон ва Русия дар бораи молу воситаҳои нақлиёти интиқолшаванда ва иштирокчиёни фаъолияти иқтисоди хориҷӣ зикр шудааст, ки нисбат ба онҳо "Долони соддашудаи гумрукӣ" истифода мешавад.

Дар доираи созишнома, тарафҳо ба афзалиятҳои зерин соҳиб мешаванд:

- афзалият дар ҷойҳои анҷоми расмиёти гумрукӣ нисбат ба шахсоне, ки дар «Долони соддашудаи гумрукӣ» иштирок намекунанд ва расмиёти гумрукиро дар Русия ва Тоҷикистон мегузаронанд;

- тезонидани анҷом додани расмиёти гумрукӣ;

- кам кардани шаклу дараҷаи баргузории назорати гумрукии молҳо дар асоси таҳлили иттилоот дар бораи молҳо ва воситаҳои нақлиёт дар доираи низоми идоракунии хавфҳо.

"Долон" дар ҳолати мавҷуд будани иттилооти пешакӣ нисбат ба молҳои содиротӣ татбиқ мешавад.

Тарафҳо рӯйхати шахсоне, ки хоҳиши иштирок дар "Долони соддашудаи гумрукӣ"-ро доранд, таҳия ва мунтазам нав мекунанд.

Кадом молу маҳсулот ба "долон" дохил мешаванд?

Ба созишнома рӯйхати молу маҳсулоте, ки метавонанд расмиёти гумрукро бо тартиби соддашуда гузаранд, замима шудааст. Ба ин гурӯҳҳо молҳои зерин дохил мешаванд:

- сабзавот;

- меваҳо ва чормағзҳо;

- пӯсти меваҳои ситрусӣ ё пӯсти харбузаҳо;

- арахиси бирённашуда ё ба тарзи дигар тайёрнашуда, бо пӯст ё бе пӯст, майдашуда ё пурра;

- маҳсулоти коркарди сабзавот, меваҳо, чормағзҳо ё қисматҳои дигари растаниҳо;

- маҳсулоти гуногуни хӯрокворӣ.

Шарики асосии тиҷоратӣ

Дар тӯли зиёда аз бист сол Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Тибқи маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ гардиши мол байни ду кишвар аз 1,4 млрд доллар зиёд шуда, зиёда аз 22% аз ҳаҷми умумии гардишимоли  хориҷии ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Ҳаҷми тиҷорати дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русия нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 ба андозаи 18,4% зиёд шудааст.

Ҳиссаи воридоти молу маҳсулоти Русия ба Тоҷикистон дар ҳаҷми умумии тиҷорати дуҷониба тақрибан 95%-ро ташкил медиҳад.

Илова бар маҳсулоти нафтӣ, аз Русия ба Тоҷикистон маъмулан хӯрокворӣ, маҳсулоти кимиёвӣ, чӯб ва маснуот аз он, металлҳои сиёҳ, маҳсулоти мошину техникӣ ва дигар молҳо интиқол дода мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.