ЭЪЛОНИ ЧОРАБИНИҲО БАРОИ 25 МАРТ
- Дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии заргарӣ ва Намоишгоҳи Тоҷикистон таҳти унвони «Дар саргаҳи хазинаи Амударё» баргузор мегардад, ки он дирӯз оғоз гардида, то 26-уми март идома меёбад.
Форум зиёда аз 250 ширкати заргарӣ, устоён ва тарроҳони заргариро аз Тоҷикистон, инчунин аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон, Ҳиндустон, Эрон, Чин, АМА, Покистон, Русия, Туркия, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Шарқи Наздик муттаҳид месозад. Форум дар меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe ва намоишгоҳ – дар Маркази намоишии Душанбе баргузор мегарданд.
Ҳадафи Форуми заргарӣ муттаҳид намудани устодону дизайнерҳо, истеҳсолкунандагон, сармоягузорон ва коршиносони ватанию хориҷӣ мебошад.
- Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон то 6 апрел намоишгоҳи «Аз Наврӯз то Наврӯз», ки ба ҷашни Наврӯз бахшида шудааст, идома меёбад. Дар намоишгоҳ намунаҳои нави экспонатҳои дорои аҳамияти таърихиву фарҳангӣ, ки дар давоми як соли охир – аз Наврӯзи 2024 то Наврӯзи 2025 ҷамъоварӣ шудаанд, ба намоиш гузошта шудаанд.
- Дар Театри давлатии драмаи русии ба номи В. Маяковский рӯзи 25 март соати 16:00 намоишномаи мазҳакавии «Панҷ зани Хоҷа Насриддин» бар пояи асари И. Содиқов дар таҳияи арбоби шоистаи санъати Ӯзбекистон Олимҷон Салимов ба саҳна гузошта мешавад. Нархи чипта 25 сомонӣ аст.
- Дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд мусобиқоти варзиши сайёҳӣ идома доранд, ки дар онҳо даҳҳо намоянда аз Ӯзбекистон, Қирғизистон, Эрон ва дигар кишварҳо иштирок мекунанд.
- Дар шаҳри Истаравшан мусобиқаи гӯштин баргузор мегардад, ки дар он варзишгарон аз Ӯзбекистон, Қирғизистон, Эрон ва Русия ширкат доранд.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 25 МАРТ
Соли 1930 – Корхонаи пахтатозакунии Қӯрғонтеппа ба фаъолият оғоз кард.
Соли 1930 – Шумораи аввалини рӯзномаи “Роҳи колхозчӣ” (ҳоло “Ҳақиқати Суғд”) ба нашр расид.
Соли 2009 – Президенти Тоҷикистон Қонуни ҶТ “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”-ро имзо кард.
Соли 2013 – Дар Душанбе ду духтари ноболиғ – хоҳарон Араловҳо гум шуданд, ки бо вуҷуди ҷустуҷӯҳои зиёде ҳанӯз пайдо нашуданд.
Соли 2016 – Дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд дар Боғи ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бинои нави Кохи нави фарҳанг ба истифода дода шуд.
Соли 2019 – Осорхонаи асбобҳои мусиқии ба номи Гурминҷ Завқибеков барандаи ҷоизаи навтаъсиси Оқохон дар умури мусиқӣ гардид.
Соли 2020 – Бо супориши Эмомалӣ Раҳмон ситоди нав барои тақвияти чорабиниҳои зиддиэпидемикӣ таъсис дода шуд, ки роҳбарии онро Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба уҳда дошт.
Соли 2021 – Роҳбари КДАМ Қирғизистон изҳор дошт, ки Қирғизистон ба Тоҷикистон ивази Ворухро бо қитъаи дигари замин пешниҳод кардааст.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1923 – Мавлуди Алиаскар Ҳилолиён, рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик.
Фаъолияти адабиаш соли 1942 оғоз ёфта, нахустин асари калонҳаҷмаш повести «Ёддоштҳои як гурусна» (1945) мебошад. Аввалин маҷмўаи очеркҳояш «Аз Масчоҳи кўҳна ба нав” (1961, бо Ҳоҷӣ Содиқ) ба мавзўи аз худ кардани дашти Дилварзин, аз кўҳистони Масчоҳ ба водӣ кўчидани мардуми ин диёр оид аст.
Маҷмўаи ҳикояҳояш ба номи «Нозанин» (1964) ба табъ расидааст. Ҳилолиён Аскар ҳамроҳи Аминҷон Шукўҳӣ ҳикояи «Шаҳло»-ро (1964) навишт. Дертар ин асар баъди таҳриру такмил бо номи «Шаҳло ва Шифо» (1968) нашр шуд.
Асарҳои Ҳилолиён Аскар дар асоси маводи воқеии зиндагӣ, ҳуҷҷатҳои таърихӣ эҷод шуданд ва аксар симоҳо прототип доранд. Повести «Имзои шахсӣ» (1967, бо А. Шукўҳӣ), аз ҳаёт ва фаъолияти яке аз сарварони ҳаракати колхозӣ Саидхоҷа Ўрунхоҷаев (1901-67) ҳикоят мекунад. Дертар дар ин замина романи ҳуҷҷатии «Печутоби роҳҳо» (қ.1. 1977; қ.2. 1981) ба миён омад.
Соли 1989 дар маҷмўаи «Садои Шарқ» романаш «Ашки сари мижгон» чоп шуд.
Ӯ соли 1994 аз олам даргузаштааст.
Соли 1945 – Мавлуди Меҳмон Бахтӣ, нависанда, шоир ва драманависи тоҷик.

Меҳмон Бахтӣ аз насли дувуми шоирону адибони шӯравии тоҷик буд. Ӯ хатмкардаи риштаи забону адабиёти Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон буд. Солҳои зиёде дар телевизиони Тоҷикистон, “Тоҷиктелефилм” ва Театри Лоҳутӣ кор карда, муаллифи филмнома ва намоишномаҳои зиёде мебошад.
Меҳмон Бахтӣ пас аз Аскар Ҳаким дар соли 2003 раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шуд, ки то соли 2015 ин масъулиятро ба дӯш дошт. Солҳои 1995-2000 вакили порлумон ва аз соли 2005 то 2010 узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон низ буд.
Қиссаҳои “Оҳи сабук”, “Хубон”, “Се соати даҳшатбор”, китоби шеърҳои “Пайғоми баҳор”, “Хаёли ширин” ва маҷмӯаи намоишномаҳои “Эҳ, ҷавонӣ, ҷавонӣ…”, “Оҳанги хаёл”-ро навиштааст.
Намоишномаҳои “Фирдавсӣ”, “Шоҳ Исмоили Сомонӣ” ва “Тилисми Сайҳун” (“Нангбардори Хуҷанд”) низ ҳосили заҳматҳои ӯст. Соли 1988 ҷоизаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва соли 2014 медали адабии байнулмилалии ба номи Михаил Достоевскийро гирифтааст.
Меҳмон Бахтӣ 19 майи соли 2022 дар синни 81-солагӣ аз олам даргузашт.
Соли 1947-Мавлуди Худойқул Ҳамроқулов, яке аз бунёдгузорони мақомоти гумруки Тоҷикистон.
Ҳамчун афсари Кумитаи бехатарии давлатии (КБД) назди Шурои Вазирони ҶСШ Тоҷикистон, корманди ваколатдори РКБД-и вилояти вақти Кӯлоб дар ноҳияи Ленинград (Муъминобод), ёрдамчии сардор, муовини сардори РКБД дар вилояти Кӯлоб, муовини сардори РКБД дар вилояти вақти Қӯрғонтеппа, ёрдамчии сардори РКБД дар вилояти Хатлон, сардори Сарраёсати назорати гумрукии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи давлатии гумруки ҷумҳурӣ, муовини вазири амнияти ҷумҳурӣ, мудири шуъба оид ба таъминоти асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси шаҳри Душанбе фаъолият намудаст.
Ӯ рӯзи 6 августи соли 2024 даргузашт.
Соли 1950 – Зодрӯзи Норинисо Алимуҳаммедова, шоири тоҷик.

Китоби нахустини ӯ соли 1980 бо номи «Дунёи умед” аз чоп баромада, аз паси он соли 1983 «Оҳангҳои соҳил”-ро ба бор овард. «Гаҳвораи меҳр”, «Садоқат”, «Сию се ғазал”, «Ҳазору сад сатр” бахшида ба ҳазору сад солагии давлати Сомониён, «Ошёни меҳр”, «Лаҳзаи дидор”, «Дарёи муҳаббат” ва «Меҳвари андеша”-чунинанд номгӯи нопурраи маҷмӯаҳои шоира Норинисо. Соли 2013 ашъори мунтахаби ӯ зери унвони «Дар зери чархи гардун…” нашр гардид.
Норинисои Алимуҳаммад соли 2018 дар синни 68 аз олам чашм пӯшид.
Соли 1950 – Мавлуди Шералӣ Мӯсо, Нависандаи халқии Тоҷикистон.

Шералӣ Мӯсо соли 1973 Институти политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандиси мошинсоз хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатии ӯ дар заводи “Тоҷикгидроагрегат” оғоз шуда, баъдан дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ фаъолият намудааст. Саҳми ӯро дар рушди саноат, аз ҷумла сохтмони НБО “Роғун” низ назаррас медонанд.
Дар баробари фаъолияти касбӣ, Шералӣ Мӯсоев ба адабиёт рӯ оварда, бо асарҳои иҷтимоӣ ва ҳаҷвиаш шинохта шуд.
Ӯ муаллифи беш аз 15 китоб, аз ҷумла “Қадр ва ҷазо” (1990), “Девонагии ихтиёрӣ” (1989) ва “Осоиш” (2003) мебошад. Зиёда аз 250 ҳикояи ҳаҷвиаш низ ба табъ расидаанд. Соли 2020 ӯ бо унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон сарфароз гардид.
Соли 1952 – Зодрӯзи Неъматҷон Файзуллоев, адабиётшинос ва мунаққиди тоҷик.
Соли 1954 - Зодрӯзи Шаҳобиддини Ҳақназар, рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик.
Соли 1956 – Мавлуди Хайрулло Асоев (Асозода), собиқ вазири нақлиёти Тоҷикистон.

Хайрулло Асоев соли 1978 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ хатм намуда, соли 1988 таҳсилро дар Мактаби олии ҳизбии Тошкент бо ихтисоси ташкилотчии ҳизбӣ идома дод.
Фаъолияти касбиашро ҳамчун усто дар Раёсати сохтмони “Роғунгэсстрой” оғоз намуда, то соли 1990 дар вазифаҳои саркор, саркори калон ва котиби кумитаи ҳизбии сохтмон фаъолият кардааст.
Солҳои 1990-2004 дар вазифаҳои муҳандисию роҳбарикунанда дар ҳамин идора кор кард. Аз соли 2009 муовини якум буд ва соли 2010 Директори генералии ҶСК “Роғунгэсстрой” таъйин шуд.
Соли 2013 вазири нақлиёти кишвар таъйин гардид ва то соли 2015 дар ин мансаб кор кард. Ҳамзамон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб шуд. Як давра, аз соли 2015 то 2020 вакили парлумон ҳам буд.
Соли 1965 – Мавлуди Ориёфар Толиби Сангинзода, рӯзноманигор, нависанда, яке аз муассисони нашриёти “Авасто”.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз Рӯзи байналмилалии ёдбуди қурбониёни ғуломдорӣ ва савдои трансатлантикии ғуломон мебошад. Ҳадафи ин рӯз нигоҳ доштани хотираи савдои инсонҳо ва ғуломдорӣ дар байни наслҳо ва фаҳмондани сабабу оқибатҳои он аст.

25 март инчунин Рӯзи байналмилалии ҳамраъйӣ бо кормандони боздоштшуда ва бедаракшуда мебошад.
Ин сана ба хотираи нопадидшавии рӯзноманигори СММ Алек Коллетт бахшида шудааст, ки соли 1985 дар Ховари Миёна рабуда шуд. Соли 2009 боқимондаҳои ӯ дар дараи Бекааи Лубнон ёфт шуданд.

Имрӯз ҳамчунин Рӯзи кинои варзишӣ ҷашн гирифта мешавад.
25 марти соли 1896 Бад Гринспени амрикоӣ мусобиқаҳои Бозиҳои аввалини олимпиро ба навор гирифт. Соли 2002 ин рӯзро коргардони гурҷӣ Александр Жгенти ҳамчун Рӯзи кинои варзишӣ пешниҳод кард ва он аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ пазируфта шуд.

25 марти соли 1997 хазинаи маъруфи баҳрӣ дар соҳили Эквадор пайдо шуд.
Кашшофони ганҷҳо галеони испании “La Capitana”-ро, ки соли 1654 бо бори зиёди тилло ва нуқраи ғоратшуда ғарқ шуда буд, пайдо карданд. Бо вуҷуди кашфи тақрибан 20,000 тангаи нуқра, мутахассисон бовар доранд, ки ганҷҳои асосӣ ҳанӯз дар қаъри уқёнус боқӣ мондаанд.

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 25 МАРТИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, баъзан бориши борон дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 9+14º гарм, рӯзона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7º гарм, рӯзона 10+15º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, баъзан ҳолатҳо борон борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 11+16º гарм, рӯзона 18+23º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 7+12º гарм, рӯзона 9+14º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, бориши борон дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 6+11º гарм, рӯзона 9+14º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6º, дар баъзе ноҳияҳо то 2+4º гарм, рӯзона 5+10º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 1+6º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 8+10º гарм, рӯзона 11+16º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 21+23º гарм, дар шарқи вилоят шабона 7-12º сард, дар баъзе минтақаҳо то 28-30º сард, рӯзона 1+6º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, бориши борон дар назар аст. Ҳарорат: шабона 9+11º гарм, рӯзона 12+14º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Ҳарорат: шабона 12+14º гарм, рӯзона 16+18º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Ҳарорат: шабона 13+15º гарм, рӯзона 21+23º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: шабона 4+6º гарм, рӯзона 11+13º гарм.
“Инсон бояд худро шиносад ва бо худаш рост бошад”. Аз рӯзгор ва корномаи нависандаи асарҳои пурмоҷаро Зариф Ғулом
Имкониятҳо зиёданд. Боз шудани сарҳад бо Қирғизистон ба иқтисоди Тоҷикистон чӣ фоида меорад?
Муҳаммад Алимаҳмадзода: Нерӯи барқ гарон шуд – нерӯдиҳии электромобилҳо низ гарон мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2025
Моҳи бахшиши гуноҳҳо. Далелҳои ҷолиб дар бораи моҳи шарифи Рамазон
Шаби 26 - 27-уми март “Шаби қадр” аст
Садҳо овозхону ҳунарпеша аз Ӯзбекистону Қирғизистон дар ҷашни асосии Наврӯзи Тоҷикистон ширкат мекунанд
Таъсиси “Фонди тақсими фоида” аз фурӯши нерӯи барқи “Роғун”
Мақомоти Тоҷикистон бори дигар аз муҳоҷирон хостанд, ҳузурашон дар Русияро қонунӣ гардонанд ва пеш аз сафар аз санҷиш гузаранд
Кӯдакони муҳоҷирони тоҷик чӣ гуна ба мактабҳои Русия қабул карда мешаванд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста